Сафарҳои Пешвои миллат ҳамеша бо ҳадафи созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии Ватани ҷоноҷонамон равона шуда, сермаҳсулу пур аз дастовардҳоянд. Ин сафарҳо ҷиҳати табодули таҷриба, сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт мувоҷеҳ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон тайи 27 соли роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди он гардидаанд, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории бемайлон ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндаги шарафмандонаи сокинони муазами кишвар дар ҳоли ташаккул қарор дорад.
Сафари навбати Пешвои миллат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар шароите сурат гирифта истодааст, ки халқи азизамон ҷиҳати тадбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони бо суръати кишвар тамоми имконоти хешро сафарбар намуда, онро дар ҳоли амаликунонӣ қарор доранд. Мусалам аст, ки дар ҷаҳони имрӯз саноат асоси истеҳсолоти ҳар кишварро ташкил карда, нишондиҳандаҳои пешрафти саноат дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои иқтисоди кишварҳоро ташкил медиҳад, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ду омили асоси; яке сармоягузорӣ ва дигаре ворид намудани технологияи навин мебошад, ки тавонад корхонаҳои саноатии кишварро дар баробари корхонаҳои дигари ҳамсон ба рақобатпазирӣ тобовар намоянд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ва муаррифӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои дастнахурдаи кишвар, махсусан дар зимни сафарҳои кории Пешвои миллат шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафари навбатии ба вуқуъ пайваста, ки дар кишварҳои Швейтсария ва Фаронса сурат гирифт дар баробари мулоқот бо лидерҳои сиёсии ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом доданд ва имкониятҳои кишварро муарифӣ намуданд. Зимни муарифӣ раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бевосита ба самтҳои саноатикунони кишвар сармоягузорӣ ба ин бахш ва ба навъҳои гуногуни сайёҳӣ, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Албатта ҳар сафар бо бастани шартномаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа сурат мегирад, ки натиҷаҳои онҳо пас аз гузашти вақт барои пешрафти кишвар самараи нек ба бор хоҳанд овард. Сафари навбати Президенти кишвар, ки ба давлатҳои Аврупоӣ нигаронида шудааст, метавонад дар ояндаи наздик барои кишварамон паёмадҳои некеро дошта бошад, зеро кишварҳои Арупои аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба гуруҳи давлатҳои пешқадам ва таъсиргузори сайёра ба ҳисоб рафта, дар тасмимгириҳои муҳими ҷаҳони даст доранд.
Аммо ин сафар барои наҳзатиҳои террористи хиёнатпеша, ки ҳамеша аъмолашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, ин дафъа низ хиёнатгарона ва нотавонбинона буд. Ин гуруҳи беҳувияти худбохта, ки муддати мадидест дар Аврупо ҳуқуқи башару озодиҳои инсонро шиор табдил додаанд ва аслан моҳияти онро аслан дарк намекунанд, хостаанд дар Фаронса беобурӯиву пурпӯстии хешро “даъвогар” ва “озодманиш” нишон диҳанд. Вале воқеият на ба он тарзе, ки онҳо мехостанд сурат гирифт. Аҷиб ин аст, ки ин террористони ҷиноятпеша, ки бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, бо беруии тамом худро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бо бечоранолӣ, мазлум нишон додан гӯё мехостанд, додхоҳии хешро изҳор намоянд, вале чун дар тамоми амалкардҳояшон хусусиятҳои ифротгароиашон бармало ҳаст ва онро наметавонанд идора намоянд, боз ҳам дар Фаронса даст ба ифроткорӣ заданд ва хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолиф ва муғойири тамоми меъёрҳо буд пешгирӣ намуданд ва онҳоро боздошт карданд. Худи ҳамин амал бозгӯкунандаи он аст, ки нафароне, ки мактабҳои экстремистиву террористиро гузаштаанд, ҳеҷ гоҳ таҳаммулпазир ва солим муносибат карда наметавонанд. Онҳо агарчи дар як ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор ба сар мебаранд, вале афкору ақоид ва амалкардҳояшон ҳамеша аз он андешаи ифротиву инсонбадбиниашон сурат мегирад. Мутмаинем, дар сурати одитарин фурсат барояшон пайдошудан дубора бо ришу ҷелакҳои террористи барои диндор кардани мардумони Аврупо бо шеваҳои хашини инсонбадбини шуруъ хоҳанд кард. Зеро андешаи ифротию хашини ин гуруҳро бо ҳеҷ чиз пушонида намешавад. Сад накунӣ, ки террорист террорист боқӣ мемонад.
Эҳсони Илҳом