Тибқи хабари васоити ахбори умум имрӯз сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо оғоз ёфту наҳзатиҳои гурезаю террорист мисли мурғаки посухта ба аз тарс ба таҳлука афтоданд. Тарс аз он доранд, ки раҳбарияти кишварҳои аврупоӣ вазъияти Тоҷикистонро дуруст фаҳмидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки бо Ҳукумати кишвари мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба манфиати мардумони тоҷику аврупоӣ ривоҷ диҳанд. Наҳзатиҳо сахт аз он метарсанд, ки эҳтимолан баъди ин сафар муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист тағйир меёбад ва онҳоро дастгир мекунанду ба Тоҷикистон месупоранд, то барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Зеро вақтҳои охир, хусусан баъди ҷаласаи САҲА дар Варшава аврупоиҳо ҳам аз террористу ҷинояткор будани ТТЭ ҲНИ огоҳ шуданд ва онҳоро беҳтар шинохтаанд.
Дар шароити ҳозира, ки наҳзатиҳо ниҳоят заифу нотавонанд, албатта ба ғайр аз дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат амали дигаре аз дасташон намеояд. Танҳо бо таҳия ва паҳн кардани мақолаю хабарҳои туҳматомезу таҳқиромез бар зидди Тоҷикистон хоинона мубориза мебаранд. Рӯзҳои охир мавзӯи асосии мақолоти наҳзати дар расонаҳои хабарии ифротиашон маҳз сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо аст. Яке аз чунин мақолаҳои бадхоҳонаи наҳзатӣ зери унвони “Сафари таърихии таърихсӯзи миллат аз Аврупо оғоз ёфт” аст, ки муаллифаш ифротитарини ифротиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.
Ин палидаки наҳзатӣ дар оғози навиштааш масъалаи ба муддати тӯлонӣ фаъолият доштани Раҳбари кишварамонро дар миён меорад ва аз арзёбиҳои кадом як созмони хориҷие дар хусуси мавқеи номуносиб доштани Тоҷикистон дар руйхати онҳо ҳарф мезанад. Аммо ба гуши кари М.Садриддин бори дигар мерасонем, ки Президенти Тоҷикистонро мардуми кишвар интихоб кардааст ва ин ҳуқуқро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Барои мардуми тоҷик муҳим нест, ки кадом созмони шубҳаноке Тоҷикистонро дар кадом мавқеъ ҷой додааст. Муҳим он аст, ки мардуми кишвар Сарвари худро дуруст интихоб кардааст. Сарвареро, ки барои Тоҷикистон сулҳу оромӣ овардааст, миллатро сарҷамъ кардааст ва Ватанро обод мекунад. Тоҷикистонро бо роҳи демократия пеш мебарад.
Мағзи пучи М.Садриддин дарк намекунад, ки ин воқеиятро, яъне Президенти як кишвари озоду демократӣ будани Пешвои миллати тоҷикро аврупоиҳо дарк кардаанд. Онҳо хуб медонанд, ки Сарвари давлати мо танҳо дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистон ҳастанд. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз эътироф кардаанд, ки Сарвари Тоҷикистон ба ин кишвар сулҳу ваҳдат овардааст ва бо тариқи демократӣ раҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин даъват кардаанд ва бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Дигар М. Садриддин ё дигар наҳзатиҳо чи мегуянд, ягон арзише надорад, зеро гуфтаи онҳо ҳарфи террористон аст. Аврупоиҳо бошанд, аз терроризм безоранд. Онҳо бо Ҳукумати қонунӣ ва прогрессивӣ кор мекунанд.
Вобаста ба мақолаи “Вашингтон-пост” ҳам наҳзатиҳо ва хусусан М.Садриддин беҳуда ҳаёҳу мебардоранд. Он ҳамагӣ як мақолаест, ки муаллифаш албатта аз ҳисоби ноогоҳию нодонӣ онро навиштааст. Агар аз вазъияти воқеии Тоҷикистон огоҳ мебуд, ҳаргиз онро таълиф намекард. Ба ҳар ҳол он чизеро тағйир намедиҳад. Ҳамин гуна мақолаҳоро “Вашингтон-пост” нисбат ба раҳбарони кишварҳои дигар ва ҳатто худи президенти ИМА ҳам нашр мекунад. Бо нашри ин мақола ягон зараре ба Тоҷикистон нарасидааст, зеро он хато аст. Бо нашри ин мақола террористони наҳзатӣ ҳам ягон манфиате нагирифтаанд.
М.Садриддин илова бар террористу ифротӣ буданаш одати бисёр бади дуруғнависӣ дорад. Масалан, дар ҳамин мақола ҳам дуруғ менависад, ки гӯё дар конфронсу ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳрҳои Женева ва Варшава ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор гирифта бошад. Аммо ҳама шоҳидем, ки дар он ҷаласаҳои СММ ва САҲА ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванди вазъияти воқеиро баён карда, террористу ифротӣ будани наҳзатиҳоро фош карданд. Баръакс наҳзатиҳо дар он ҷаласа ба вазъияти бад гирифтор шуданд ва тирашон хок хурд. Натиҷаи он ҷаласаҳо буд, ки аврупоиҳо аз мақсадҳои аслии террористони наҳзатӣ ва ҷинояткор буданашон дурусттар огоҳ шуданд ва акнун рафторашон нисбат ба ин табоҳкорон дигар мешавад.
Он нафаронеро, ки М.Садриддин зиндониёни сиёсӣ ном мебарад, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайидов, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров дар асл ҷинояткоронанд ва барои ҳамин дар зиндон қарор доранд. Ҷойи ҷинояткор зиндон аст. Масалан, имрӯз агар М.Садриддин ё Кабирию дигар ҳаммаслакони онҳо ҳам дастгир шаванд, ҳатман равонаи зиндон хоҳанд шуд. Зеро ҷинояту хиёнат содир кардаанд ва аз ин раҳи душманӣ барнамегарданд.
Ин ифротии бешарм кӯшидааст, ки Сарвари давлатро бо раҳбарони собиқи баъзе кишварҳои дигар муқоиса кунад ва бо ин роҳ сиёҳкории худро нисбат ба Тоҷикистон анҷом диҳад. Аммо ин амали аблаҳонаи палидаки наҳзатӣ ҳам гуноҳи нобахшиданист. Зеро Раҳбари Тоҷикистонро бо он хизматҳое ки барои халқу Ватан кардаанд, бо раҳбарони кишварҳои барои М.Садриддин “ошно” муқоиса кардан танҳо як аблаҳист.
М.Садриддин чизҳоеро менависад, ки мисли хобу хаёл аст. Масалан даъвои вай дар бораи Гуфтушуниди Сарвари давлат бо Кабирӣ. Аблаҳтарин инсон ҳам чунин андеша надорад. Кадом Раҳбари давлат бо террорист ва ҷинояткору хиёнаткор гуфтугу мекунад? Террористу ҷинояткорони мисли Кабирӣ ва ғайра бояд дар маҳбас бошанду халос. Раҳбари давлат бо мардуми кишвар сӯҳбат мекунанд, ки меҳнаткашанду дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида Ватанро обод мекунанд.
Баръакси навиштаҳои бемантиқи ин палидаки наҳзатӣ тамоми интихоботҳои замони истиқлолият шаффоф ва озодона буданд. Ҳайтаҳои нозир аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамин давлатҳои аврупоӣ ҳам интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардаанд ва натиҷаҳои онҳоро эътироф намудаанд. Яъне туҳматзанию интихоботҳои дар кишварамон доиршударо мавриди шубҳа қарор доданҳои М.Садриддин аз як ҳарзагуие бештар нест.
Туҳматҳои дигари палидаки наҳзатӣ дар хусуси мавзӯи иқтисоди кишвар низ ягон асосе надоранд. Ҳама шоҳиданд, ки иқтисоду саноати Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Корхонаю иншоотҳои саноатӣ бунёд меёбанд, роҳҳою нақбҳо сохта мешаванд...
Дуруғи навбатии М.Садриддин вобаста ба он аст, ки гуё ТТЭ ҲНИ-ро кишварҳои хориҷӣ террористӣ эътироф накарда бошанд. Дар асл ин гуна нест. Тамоми кишварҳои аъзои ШОС ва ОДКБ, ки сокинонашон қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, ТТЭ ҲНИ-ро террористию ифротӣ эътироф кардаанд ва онро ба рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ ворид кардаанд.
Ба М.Садриддини аблаҳ мефаҳмонем, ки Сарвари давлат ҳаргиз ба меҳмонии шумо нарафтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Фаронса ва раҳбарияти Конфедератсияи Швейтсария ба Аврупо сафар кардаанд. Мутмаинем, ки мулоқотҳою чорабиниҳо зимни ин сафар дар сатҳи олӣ мегузаранд ва натиҷаашон ба фоидаи мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Аврупо хоҳад буд.
Ба М. Садриддин гуфтанием, ки беҳуда зур назанед ва оид ба ин сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо дуруғу туҳмат нанависед. Зеро касе ба ҳарфи шумо гуш намедиҳад. Ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун террористони ҷинояткор медонанд ва маҳкум мекунанд. Навиштаҳоятон мисли хобу хаёл зуд фаромуш мегарданд.
Парвиз Собиров