Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Давлатмадорӣ ва ойини раҳбарӣ ( дар ҳошияи таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ) » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » Давлатмадорӣ ва ойини раҳбарӣ ( дар ҳошияи таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон )
Информация к новости
  • Просмотров: 620
  • Автор: admin
  • Дата: 15-11-2019, 17:02
15-11-2019, 17:02

Давлатмадорӣ ва ойини раҳбарӣ ( дар ҳошияи таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон )

Бахш: Хабар

      Агар ба таърихчаи давлатдории тоҷикон дар замони муосир, махсусан, замони даргириҳои бемаънии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як каме мурур кунем, хоҳем дарёфт, ки чӣ мушкилоте домангири давлатмардони вақт будааст ва онҳо дар қиболи чӣ мушкилоте истод шудаанд. Имрӯз бар асоси шунидаю мутолеот сари масоили бунёди давлат ва роҳандозии сиёсати муваффақона дар қаламрави ҷумҳурӣ суҳбату фазлфурӯшӣ кардан ва зиёда аз ин, чанд саҳифаеро сиёҳ намудан бисёр осон аст. Вале ба назар гирифтани шароит ва ҳассосияти замон бисёр муҳим аст. Ба ин манзур дар он замони ҳассос, яъне ибтидои солҳои навадум ба эътидол овардани вазъи баамаломада, ба оромии сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ расондани мардум ва ба ҳам овардани онҳо ҷуръату ҷасорати фавқулодаро тақозо мекард. Азбаски дастгоҳҳои давлатӣ ва сохтори сиёсии кишвар дар он замон ба гирдоби мушкилоти дохилӣ ғӯтавар ва фалаҷ шуда буданд, имкони бозсозӣ ва таҷдиди мудирияти давлатӣ ба сифр баробар гардид. Ба болои ин мусибат, аз фурсат истифода бурда, таҳиягарони бозиҳои сиёсӣ дар минтақаҳои ҳассоси кишвар тухми ихтилофоти динӣ - мазҳабӣ коштанд, ки бар асари он ҷанги шаҳрвандӣ доман густурд. Дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ  16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ баргузор шуд ва Ҳукумати қонунӣ рӯйи кор омад. Барои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ Ҳукумати конститутсионӣ саъю талош намуд ва аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд.

         Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, ноҷурию дарҳамбарҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хашини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрўз ҳам, бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт сол  хобу хаёли мардуми қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо олами руъёи халқро таҳдид мекунад. Дар чунин вазъи фоҷеабор, ки ҳатто аз бародар ҳам таваққўъ ва умедворӣ доштан ѓайриимкон шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории ватанӣ ворид гардид  ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт.

         Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад. Дар шароити мудҳиш ва ваҳшатзои давр ба сари кор омадан ва ба таври  таъҷилӣ сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоияти вижаро тақозо менамуд. Гузашта аз ин, ҳангоми баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ аз назари синнусолӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз чиҳилсола буд ва қатъи назар аз он ки ба сиёсати бузург ворид нагардида, дар ҳавзаи сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҷрибаи андак дошт, на танҳо наҳаросид, балки бо шўру шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ пазируфта шуда, аз рўзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдону имони яқин, фазои муносиби зистӣ ва муҳити бози сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт. Аз ин лиҳоз, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рўҳи қавии миллӣ, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт. Бар мабнои сифоти ҳасанаи шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофоат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат, Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди  башарӣ -- сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумиро дар минтақа фароҳам овард.

        Маълум аст, ки сохтор ва дастгоҳи фалаҷшудаи давлатӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Эмомалӣ Раҳмон мерос монд, на тармим, балки эҳё ва бозтавлидро талаб мекард. Ба таъбири дигар, Роҳбари давлат бояд давлат ва салтанати ба муқтазиёти замон мутобиқро заминагузорӣ мекард ва пешорўйи Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти сангин қарор дошт. Пеш аз ҳама, зеҳни Савари давлатро он замон (воқеан, имрўз ҳам Президенти ҷумҳурӣ амнияти миллӣ ва тафоҳуми мардумиро асоси фаъолияти рўзмарра қарор додааст ва ҳамеша болои ин нукта тамаркуз мекунад) оромиши иҷтимоӣ, субот ва амнияти сиёсӣ ва бар мабнои он, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ аз хоки Афѓонистон банд карда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президентро интихоб ва Конститутсияи миллиро қабул намуд. Раъйи мардум  сўйи мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият гироиш пайдо намуд ва ин роҳи муваффақ то имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамсафар аст.

         Ба сифати ҳадафи стратегӣ қарор додани бозгашти муҳоҷирон ба ватан, оромиши куллиро дар тамоми манотиқи ҳассоси ҷумҳурӣ таъмин намудан, ба сулҳ ва ифоқаи миллӣ расидан ва ниҳоятан, ҳамвор сохтани роҳи ноҳинҷори сиёсию мафкуравӣ миёни шаҳрвандон ва ҳамватанон масири ҳаракати сиёсати мақбули Сарвари давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вусъати тоза бахшид.

       Таъкид кардани  ин нукта зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳо аз тариқи минбарҳои ватанию хориҷӣ бо эҳсоси баланди масъулият ва самимияти вежа перомуни масоили ҳассоси миллӣ ва манофеи давлатӣ суҳбат мекард. Баъзан дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва Шўрои Олии вақт ба кўрдилон, бадхоҳон ва фурсатталабоне, ки дар дохили ҳукумат кор мекарданд ва ошкору ниҳонӣ алайҳи ҳадафҳои ниҳойии Сарвари давлат шўру тавтеа меандохтанд, рўйирост муқобилият мекард. Ҷуръат, ҷасорат, масъулият, шарофат ва инсонияти Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки бо душманони дохилию берунии давлати ҷавони миллӣ рўйирост даргир шавад ва нагузорад, ҳадафҳои миллӣ ва манофеи давлатӣ дар бозиҳои пасипардагии сиёсӣ барҳадар раванд.

        Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ, ки арзиши олии инсонӣ маҳсуб меёбад, дар натиҷаи амалӣ гардидани барнома ва стратегияҳои ин иҷлосияи таърихӣ побарҷо мондааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳора будаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сўйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Аз ин ҷост, ки ба таври бояду шояд шинохтан ва қадр намудани арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ, ки натиҷаи ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози Шўрои Олӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд масири сохтмони давлати миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ таъйин кардааст, вазифаи ҳар фарди солимақли ҷомеа мебошад.

       Албатта, давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори ҳар кас нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ ва ниҳоятан, лидери миллӣ сабзидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо менамояд. Инҷост, ки байти машҳури Хоҷа Ҳофиз пеши назар меояд:

На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад.

     Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозигарони сиёсии минтақавӣ ва берунӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли порагаштан ва нобудӣ қарор дошт, билохира сохтани давлати миллӣ силсилаи иқдомотеанд, ки Эмомалӣ Раҳмон минҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ шурўъ карда, то ба имрўз анҷом дода истодаанд.

         Замоне ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун аз ҳар тараф таҳдид мекунанд,  шахсиятҳои варзидае рўйи кор меоянд, ки миёни омма аз маҳбубияти вежа бархўрдор буда,  бо бархўрдорӣ аз таҷриботи сиёсӣ, давлатдорӣ, фикрӣ, эҷодӣ ва дар маҷмўъ, ҳирфавӣ ва бо мадди назар гирифтани шароит ва вазъи минтақавию ҷаҳонӣ, ҷомеаро дунболи худ бурда, аз таҳдиду хатарот эмин медоранд. Дар чунин вазъи ногувори ташаннуҷи бозиҳои геополитикӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллӣ атрофи раҳбар ва лидери сиёсӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муттаҳид шудан амри зарурӣ ва воқеияти имрӯзӣ ба ҳисоб меравад.

 

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

14 ноябри соли 2019, панҷшанбе, соати 15:20

 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^