Ҳарчанд дар нимсолаи аввали соли равон шумораи ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар коҳиш ёфта бошад ҳам, мусодираи ин маводи марговар дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёд шудааст. Агар дар шаш моҳ 384 ҷиноят (446 ҷиноят дар шашмоҳаи аввали 2021) сабт гардида бошад, вале 2 тоннаю 578 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 882 килограмм бештар мебошад.
Ин далелҳоро Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон тасдиқ намуда, афзоиши мусодираи маводи мухаддирро ба қочоқи он аз Афғонистон рабт дод. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳокимияти ҳаракати “Толибон” ба Афғонистон воридоти зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон пешгирӣ гардидааст, ки соли 2020 ин нишондод 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод. Гузашта аз ин, дар шаш моҳи соли равон 14 қочоқбари хориҷӣ дастгир шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон мебошад. Ин дар ҳолест, ки “Толибон” баъд аз ғасби ҳокимият бо судури як фармон кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро мамнуъ эълон намуданд. Вале, мо акси ҳол ва вазъи бисёр нигаронкунандаро мебинем.