Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 10
Информация к новости
  • Просмотров: 3935
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:34
29-03-2023, 06:34

Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир

Категория: Хабар

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид. 

Информация к новости
  • Просмотров: 4046
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:26
29-03-2023, 06:26

ТЕРРОРИЗМ ВА ГУРӮҲОИ ИФРОТӢ

Категория: Хабар

     Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро фарогири менамояд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати тозаистиқлол, ки 31-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.

Тоҷикистони маҳбуби мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки мушкилии зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ Ба ин хотир кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Информация к новости
  • Просмотров: 4189
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:13
29-03-2023, 06:13

ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР

Категория: Маълумот

ВОКУНИШ: Терроризму экстремизм ин номҳоеанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷҳ овардааст ва ҳамчун вабои аср ба омили хушунату ваҳшат таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра гаштааст. Амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад.

Информация к новости
  • Просмотров: 3944
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 04:12
29-03-2023, 04:12

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА МУҲИМИЯТИ ОН

Категория: Маълумот

Дар шароити кунунӣ тамоми кишварҳои қишри сайëра дар миёни муборизаҳои иттилоотӣ қарор дошта маҳз таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфта, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он алоқамандии зич пайдо кардааст. Албата Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир, ки дорои истиқлолияти сиёсии хеш аст, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз аз лаҳзаи бо суръат рушд намудани техникаву технология ва шабакаҳои ҷаҳонии интернет кишварҳои ҷаҳон миёни бархурдҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд, ки ба фазои сулҳу осоиштаи онҳо таҳдидовар мебошад. Яқинан бояд гуфт, ки бо пайдо шудани интернет имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷангҳои лафзию иттилоотӣ бештар гардида, бархурду низоъҳои сиёсиву давлатиро байни кишварҳои осоишта ба бор овардааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар шароити мутақобилан ба кишвари сулҳу осоишта ва соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд табдил ёфта, дорои арзишҳои миллию давлатӣ, ва ваҳдатсолориву сарнавиштсоз мебошад. Ҳукумати кишвар дар роҳандозӣ бо сиёсати сарнавиштсози "Дарҳои боз" равобиту ҳамкориҳои густурдаи худро бо кишварҳои ҳамдӯст ва ҳампаймони худ мустаҳкам намуда, пояи Истиқлолият ва сулҳу суботи худро устувор намудааст. Ба ҳамин мақсад дар шароити ҷаҳонишавии геопалитикӣ, бархурди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ кишвари Тоҷикистон дар миёни ҷангҳои иттилоотӣ қарор дошта, таъмин ва устувор намудани амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Албата ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз фазои амнияти иттилоотӣ мо дар миёни муборизаҳои шадиди мухолифон ва хоинони миллат қарор дорад. Имрӯз бадкорон ва хиёнаткорони давлату миллат бо истифода аз шабакаҳои ҷаҳонии интернет ба фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ва манфиатҳои миллию давлатии мо таҳдиду хатар эҷод намуда истодаанд. Дар шароити кунунӣ таҳдидҳои суръатноки мухолифини ҳукумат, ки бо истифода аз пуштибониҳои хоҷагони хориҷияшон муборизаҳои домандор ва иғвоангезонаи худро барои ноором намудани фазои сулҳу суботи кишвари мо роҳандозӣ менамоянд таъмин ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ барои кишвари мо муҳим ва саривақтӣ аст. Мо бояд дар баробари муборизаҳои мақсадноки онҳо истодагарӣ намуда пеш аз ҳама манфиатҳои миллии кишвари худро ҳифз намоем. Вазифаи мову шумо пеш аз ҳама холи намондани фазои иттилоотӣ мебошад. Мо бояд ба ҳар як сухану гуфтори бадкорону хиёнаткорони ватан ҷавоби муносиб ва бо факту далел дошта бошем. Ҳоло замони хомӯшиву бетарафӣ нест, балки бо як ғурур ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва манфиатҳои миллию давлатӣ дар як саргаҳ қарор дошта бошем. 

 М.Аминзода

Информация к новости
  • Просмотров: 3918
  • Автор: admin
  • Дата: 28-03-2023, 22:58
28-03-2023, 22:58

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР ЯГОН ДАВРУ ЗАМОН БА ҒАРАЗҲОИ НОПОКИ ХУД НАМЕРАСАНД!

Категория: Хабар

Ба Кабириву “кабириҳо” гуфтанием:

 

–  худобехабарони ватангадо, бас аст тафриқандозӣ!

 

–  Кабирии модарбахато, бас аст хунрезӣ!

 

– золиму хунхор, разилу беимон бас аст ятим мондани фарзандон, беваву бесарпаноҳ гузоштани модарон, доғи фарзанд дидани падару модарон!

 

– беимони хайвонсифат ба ғайр аз Ту ва косалесонат кадом инсони солимфикр барои зиндагии хушбахтонаи мардум монеъ мешавад?

 

– ин ҳамон ту барин ватанфурушони беимону лаин, ки ҳоло ҳам чашмашон дар хоб асту ин зиндагии осудаву ободро дида наметавонанд!

 

– ин хамон ту барин хоинони ватан, ки мансабу курсиҳои роҳбари давлат бовар кардаро туфайли аъмоли ношоиставу хиёнат ба Ватан аз даст додаву дар аламанд!

 

– фаромуш насозед, ки ба хотири осоиштагӣ Пешвои миллат замоне 30 дарсади вазифаҳои калидии ҳукуматро ба ихтиёри нерӯҳои мухолифин вогузор намуданд, аммо ту ва ту барин беимонон хиёнат ба Ватан кардед!

 

– имрӯз ту! Кабирии беимону хунхору золим ва ватанфурӯш ҳар минбаро бо пуштибонии хоҷагонат ба манфиати худу зиёни миллат истифода мекунӣ!

 

– ҳаминро бидон Кабирии ҳайвонсиришт! Ҳақиқат барои халқ ошкор аст, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳи сохтаву дурӯғин нест.

 

– Бо ин гуфтаҳои бемантиқат ошкоро баён намуди, ки туву ҳаммаслаконат хиёнаткор  ҳастед, на чизи дигар!

Информация к новости
  • Просмотров: 4015
  • Автор: admin
  • Дата: 28-03-2023, 19:42
28-03-2023, 19:42

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД!

Категория: Хабар

ВОКУНИШ: Дар фазои соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастоварҳои бузурги дохилию хориҷи ноил шуда истодааст. Яке аз дастовардҳои хориҷии кишварамон дар замони соҳибистиқлоли ин пешниҳоди ташаббусҳо дар арсаи байналмиллалӣ мебошад, ки нуфузу эътибори ин кишвари биҳиштосоямонро боз ҳам баландтар намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати ташаббускор дар байни ҷаҳониён муаррифи намудааст.

Яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ин аст, ки  санаи 14-уми декабри соли 2022, дар бобати ҳифзи ҷаҳонии пиряхҳо, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, дар Иҷлосияи 77-уми Қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “2025-соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки ин ташаббусҳо ва пешравиҳои миллати тоҷикро баъзе аз бадхоҳон дидан намехоҳанд.

Ҳангоме, ки сухан дар бораи бадхоҳони миллат меравад, бо бовари гуфта метавонем, ки пеши назар роҳбари бадхоҳон, душманон, хоинон, ватанфурушон, зархаридон, нохалафон, иғвогарон ва ҳоказоҳо М. Кабирӣ меояд, чунки хурду бузурги ин сарзамин аз ҳамаи кирдорҳои ин хоини миллат огоҳӣ доранд. Ин ахшоси палид бо истифода аз он фурсате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Подшоҳии Нидерландия раисикунандаи Конфронси об мебошанд, як тӯда ашхоси ноогоҳро гирд оварда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтогуиро роҳандозӣ карда, сару садо бардоштанд.

Кабирии нохалаф бо мақсадҳои нопоки худ мехост, ки дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ва Пешвои миллати тоҷикро паст занад, аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш расида наметавонад, зеро ҷомеаи ҷаҳони аз амалҳои нохалафона ва иғвоангезонаи ТТЭ ҲНИ хуб огоҳӣ пайдо намудаанд.

Мо ҷавононро имрӯз зарур аст, ки сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ ва истиқлолияти беназиру беҳамтои кишварамонро ҳифз намоему насли наврасро низ дар ҳамин роҳ равона созем.

             Сафаров С.

Информация к новости
  • Просмотров: 4001
  • Автор: admin
  • Дата: 28-03-2023, 19:36
28-03-2023, 19:36

Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо

Категория: Хабар

Имрӯз, 28 март, дар пойтахти мамлакат таҳти унвони  «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад.

Тавре аз Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иттилоъ доданд, конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои мубрам, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмон додани платформа оид ба табодули ахбори илмӣ дар бораи вазъи пиряхҳо ва ҳамзамон кор карда баромадани тадбирҳо оид ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва ғайра муҳокима мегарданд.

Олимон усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ, офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашавандаро баррасӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.

Информация к новости
  • Просмотров: 4437
  • Автор: admin
  • Дата: 20-03-2023, 22:26
20-03-2023, 22:26

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ

Категория: Хабар

 БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

    Ҷашни Наврӯз бузургтарин ва писандидатарин идест, ки он аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст.  Имрӯзҳо ба сарзамини бостонии мо бо нафаси тозаю ҳаётбахш, файзу баракати худ ва назокату таровати хосааш иди миллӣ ва сунатии мо наврӯзи дилафрӯз қадам гузошта истодааст. Нисбати ин иди бузурги аҷдодиамон арзандааст, ки дар ибтидо суханони хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмонро ёдовар шавем, ки гуфтааст: «Аҳамияти иҷтимоию ахлоқии наврӯз хеле бузург аст. Онро танҳо воситаи фароғату истироҳат ё худ шодию сурур пиндоштан раво нест. Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаю бунёдкоронаи халқ, мизони ҳаракти сайёраҳо, вуруди соли нави мардуми ориёинажод мебошад. Аз ин ру, дар ҳамаи давру замон фарорасии наврӯзро ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизори мекашиданд». 

Информация к новости
  • Просмотров: 2609
  • Автор: admin
  • Дата: 17-03-2023, 21:56
17-03-2023, 21:56

ҲЕҶ ЧИЗ БЕ ҲАДДУ ҲУДУД НЕСТ: Озодии баён ҳам сарҳад дорад!

Категория: Маълумот

Озодии баён ё худ озодии матбуот то ҳамон ҷое аст, ки ба амнияти иттилоотии давлат ва манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар хатарҳо эҷод нагарданд. Мутассифона баъзе афрод аз озодии баёну матбуот сӯиистифода намуда ба амалҳое даст мезананд, ки ба амнияти миллӣ хусусан ба тафаккури шаҳрвандони таъсири манфӣ мегузорад. Ин амал дар ҷаҳони имрӯз ба як василаи асосии созмонҳои тахрибкор табдил ёфтааст. Пушида нест, ки имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ (шабакаҳои интерент) ҷангу муборизаҳои иттилоотӣ идома доранд. Воқеиятҳои сиёсӣ дар кишварҳои алоҳида бозгӯи онанд, ки маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои асосии низоъу даргириҳо дар кишварҳои ором гардидаанд. Имрӯз ҳеҷ моҷаро ва ё бархурде нест, ки дар он воситаҳои интерентиву иттилоотӣ истифода нагарданд. Ҳодисаҳои баҳори араб, инқилобҳои ранга, эътирозҳои соли 2020 дар Белорус, ҳодисаҳои аввали январи соли 2022 дар Қазоқистон ҳама ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардидаанд.

 

Дар таҷрибаи дилхоҳ давлати ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки давлатҳо ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хатарҳои эҳтимолӣ ва мавҷударо бартараф месозанд. Як назар ба сиёсати байналхалқӣ намудан нишон медиҳад, ки давлатҳо ба хотири таъмини амнияти миллӣ аз ҷумла таъмини амнияти иттилоотиашон ба чи гуна иқдомҳо даст мезананд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2222
  • Автор: admin
  • Дата: 17-03-2023, 09:46
17-03-2023, 09:46

Иқболбии танфурӯшу ватанбезор

Категория: Маълумот

Дар замони муосири ҷаҳонишавии ифротгароӣ ва терроризми динӣ ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омадааст. Ҳоло экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда,  диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. 

Мутаассифона, имрӯз ҳастанд нафароне, ки омодаи зараррасониву зери ниқоби ватандӯстӣ, адолатпарварӣ тавассути сармояи аҷнабиён манфиатҳои худро дар ҳудуди кивари хушманзарамон пиёда карда бошанду ба ин васила номи некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Заҳмату талошҳои ҷоҳталабонаи М.Садриддин айнан аз ҳамин тавр аст. Ин гуна инсонҳо ақидаҳои номатлуби худро пеш гузошта, талош мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯриву гумроҳӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро байни ҷавонони бесаводу гумроҳ паҳн намоянд.

Имрӯз, онҳо тавассути ҳар гуна роҳҳои фитангезии худ, тафаккури миллати куҳанбунёди тоҷикро мехоҳанд заҳролуд намоянд. М.Садриддин бо нашри матолибу наворҳои иғвоангез, таҳқиркунанда, носаҳеҳ, ба таблиғи гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва манфиатхоҳ, ифротиву тахрибкор маъруфтият пайдо намуда, мехоҳад бо ин восита обрӯву нуфӯзи миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллали поён барад.

Дар ҳеҷ маводи номбурда заррае аз риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва билохира касбиву ахлоқии фаъолияти журналистиро нахоҳед диду пайдо кард. Ҳар як маводи сомона бо ҳадаф нашр мешавад. Аз ин рӯ, ҳеҷ хабаре ё маводеро наметавон пайдо кард, ки манофеи ин ё он гурӯҳҳоро ҳимоят накунад. Дар бештари мақолаҳо роҳбарони ин ё он сохторҳову идораҳоро беибо ва носанҷидаву дақиқ нокарда зери танқид қарор медиҳаду бо ҳарфҳои қабеҳу носазо нигошта мешаванд. Ҳар як матлабҳояш аз нуктаи аввал то ҳарфи охир ваҳмангез ва пучу бемаъностанд.

Дар ин ҳангом, метавон як нуқтаро қайд намуд , ки ин Иқболбии ҳамҷинсгаро заррае ҳисси милливу ватандӯстӣ надошта, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки мансабдорон ва давлатмардони тоҷикро дар мақолаву хабарҳояш дар сомнаи ифротиву дурӯғинаш «Ислоҳне.нет» ва баронмаи «Минбари муҳочир» зери танқид қарор диҳад. 

Аз амалҳои ноҷавонмардонаи М.Садриддин кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса фейсбук ба танг омада, ҳамарӯза ӯро санг мезананд ва зери танқиду дашном қарораш додаанд.

Ин сару садоҳо гувоҳи онанд, ки М.Садриддин дигар журналист нест. Ӯ як лӯхтакест, ки дар саҳнаҳои театрӣ аз рӯйи намоишномаҳои эҷодкардаи хоҷагони хориҷиаш мебозаду мерақсад.

Шояд М.Садриддин дигар медонад, ки ба ин миллат лозим нест ва манфиат ҳам расондида наметавонад. Аз ин рӯ, “ҳарчи бодо бод”-ро шиор худ карда, бар сари мафкураи солими мардуми тоҷик бо аспи носолим тозидан мехоҳад. Ба ҳарфҳои ин чилдурӯғи хоин касе бовар надораду ҳамчун инсон ӯро намешиносанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тағрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои нопокашон рӯзгори осоиштаи мардумро халалдор созанд.

Яқуб Шодиён

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^