Дурўғпардозони расонаи масъалаҳои дигарро як сў гузошта, ба масъалаи ақаллиятҳои мусулмони Чин рў оварда, аз ҳангома сохтани он барои худ имиҷ сохтан мехоҳанд. Касб кардани ин гуна имиҷро аз ҳама зиёд кӯри Юнус орзу дорад.
Воқеан, дар ҷаҳони пур аз таззод ва бархўрди арзишҳои диниву фарҳанги кам халқияту давлатҳое ҳастанд, ки аз ин равандҳо барканор бошанд. Яке аз ин кишварҳо давлати ба мо дўсту ҳамсоя Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад. Аксарияти аҳолии ин кишвар пайравони мазҳаби буддои мебошанд. Солҳои охир барои танзими расму ойини мардуми минтақаи Синзян, ки аксаран, пайрави дини ислом ҳастанд, мақомоти ин кишвар корҳои назаррас ба сомон расониданд. Агар аз дидгоҳи стретегияи давлатии ин кишвар баҳо диҳем, маълум мегардад, ки мардуми ин минтақа бештар майл ба нифоқ доранд. Ин ба он маъност, ки ин гӯруҳҳо барои даст ёфтан ба аҳдофи сиёсии худ, аз дини ислом суйистифода мекунанд. Ба ибораи дигар, мазҳаб барои мардуми ин минтақа василаи хубест барои амлисозии нақшаҳои сиёси .
«Боздошти мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои ҷамъи бо маҳкумияти густурдаи ҷаҳони рў ба рў шуд» - навиштани мубаллиғи исломи сиёси кӯр, як ҳангомае беш нест, чунки дар ҳама кишварҳои олам аз фарҳанги исломи барои ҳадафҳои милли фаровон истифода мекунанд. Ба ном «сарварон»-и ақаллияти мусулмонии ҳуи , ки соли 2017 масҷиди калони Вейжуро навсози карданд ва кўшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила танишро дар муносиботи давлат ва ин тоифаи мусулмони ташдид созанд. Ин, албатта, кори хуб ва созанда аст. Аммо, аз ҷониби дигар, сохтани масҷид, ки боиси ба вуҷуд омадани ихтилофу бадбини нисбат ба дигар мазҳабу динҳо мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ, созгори ҷамъияти дуняви набуд ва дар оянда низ нахоҳад шуд.