Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 3
Информация к новости
  • Просмотров: 2141
  • Автор: admin
  • Дата: 23-12-2023, 12:59
23-12-2023, 12:59

МО ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Категория: Хабар

Ман Чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои  бонуфузи байналмимилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон 

 

Дар партави ин суханони бомантиқ ва ошкору равшан ҷавонони даврони истиқлол бояд бедор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро устувор намуд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2824
  • Автор: admin
  • Дата: 22-12-2023, 20:27
22-12-2023, 20:27

БА ХОИНОН НАБОЯД КАРД БОВАР!

Категория: Маълумот, Хабар

Душманону нотавонбинони миллати мо дар қолабҳои шахсиву гурӯҳӣ ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли “хамелеон” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2741
  • Автор: admin
  • Дата: 30-11-2023, 23:02
30-11-2023, 23:02

ТТЭ ҲНИ АЗ ТОЛИБОН ҲЕҶ ФАРҚЕ НАДОРАД!

Категория: Маълумот

Дар ҷомеаи муосир ҳизбу ҳаракат ва созмону ташкилотҳоро аз рӯи ташаккул ва моҳият ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим менамоянд. Агар аз рӯи принсипи шакли умумии ташаккул ва манбаъҳои ташаккули ҳизбу созмонҳо таваҷҷуҳ намоем маълум мегардад, ки манбаъҳои онҳо дохилӣ (мардумӣ) ва хориҷӣ мебошад. Яъне, ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки аз дохили мардум ташаккул ёфта манфимтҳои қисми зиёди мардумро ҳимоя ва фаро мегиранд. Қисми дигари созмону ҳизбҳо аз ҷониби гуруҳҳои беруна ва қудратҳои хориҷӣ дар дохили ин ё он мамлакат шакл мегиранд, ки онҳо сирф барномаву ҳадафҳои сарпарастҳояшонро ҳимоя мекунанд. Барои чунин ҳизбу созмонҳо манфиатҳои қисме аз аҳолӣ як тараф истад, манфимтҳои миллӣ аҳамияте надорад. Агар ба ташаккул ва тарзи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва Толибон назар афканем пай бурдан хеле осон аст, ки онҳо ҳарду ҳам заминаи ташаккули хориҷиро дороянд. Яъне, ин ду созмон аз ҷониби манбаъҳои хориҷӣ шакл гирифтаанд, на аз ҷониби мардум. Масалан, таърихи ТТЭ ҲНИ худ собит менамояд, ки ин ҳизб дар охири солҳои 70 ва аввали солҳои 80-и асри гузашта, аз ҷониби охундҳои эронӣ ташкил гардидааст. Сабаби аслии бавуҷуд овардани чунин ҳизб дар он буд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ҷангу низоъҳои динӣ шакл гиранд. Албатта, пасон ҳама шоҳид буданд, ки ин ҳизби террористӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро бавуҷуд овард. Ва дар баробари ин садҳо хиёнати дигарро ба мардуми тоҷик раво дид. Ҳаракати террористии Толибон бошад, аз манбаъҳои хориҷӣ шакл гирифтааст. Яъне ин ҳаракат низ аз ҷониби неруҳои Покистон ҳанӯз дар охири солҳои 70-ум ба саҳнаи Афғонистон ворид гардида, ҷангу низоъҳоро афзоиш дод. Ва то имрӯз барои ҷомеаи афғон ва минтақа хатару таҳдид ворид намуда истодааст. Ҳамин тавр, аз лиҳози шаклгирӣ ҳар дуи ин ташкилот якранг ва ҳеҷ тафовуте надоранд. Маврид ба таъкид аст, ки аз нигоҳи идеологӣ низ ҳар дуи ин ташкилот аз ҳамдигар тафовуте надоранд. Исломи радикал, нигоҳи манфӣ ба ҷомеа, тундгароӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқҳои инсон ва бозгашт ба давраи феодалӣ меҳвари идеологияи онҳоро ташкил менамояд. Бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ дар таҷрибаи фаъолияти худ бо номи дин ҳазорҳо одамони бегуноҳро қатл ва ҳазорҳои дигарро зинда ба зинда зери хок намудааст. Инчунин бо номи дин садҳо биноҳои таърихиву манзилҳои фарҳангиро харобу валангор намудааст. Албатта, чунин амал ва кирдорҳо ба асли дин ҳеҷ рабе надорад. Таҳлилҳо борҳо исбот намудаанд, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ динро дар фаъолияти худ ҳамчун васила истифода намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ месозанд. ТТЭ ҲНИ низ аз ҷумлаи чунин ҳизбҳои ифротиву террористӣ аст. Воқеиятҳои имрӯз нишон медиҳанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо бо Толибон дат як саф мардуми ранҷдидаи Афғонистонро ба гирдоби балои азиме кашидаанд. Аз даҳшат фаъолияти онҳо садҳо одамон фирорӣ гардидаву қисме аз онҳо аз тарс ба ҳалокат расидаанд. Бояд қайд намуд, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Зеро ҷомеаи башарӣ ва ақли солими инсоният ин навъ идеологияи баду носолимро қабул надорад. Башарият муборизаи худро дар баробари чунин бадиҳои замона мисли ТТЭ ҲНИ ва Толибон ҳамоно идома медиҳад, то онҳоро пурра нобуд созад. Боварӣ комил ҳаст, ки дар ояндаи наздик ҷаҳон аз идеологияи террористӣ пок хоҳад шуд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2409
  • Автор: admin
  • Дата: 21-11-2023, 12:49
21-11-2023, 12:49

ДИН ҲАМЧУН ВАСИЛАИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СИЁСӢ

Категория: Хабар

Ҳар лаҳза фаъолияти пасипардагии ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ таҳдиду хатарҳои воқеиро ба ҳар як фарди сулҳҷӯ ва осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоранд. Зуҳури падидаи мазкур ҳанӯз аз замонҳои қадим маншаъ гирифта, сабаби пайдоишаш манфиатҳои қавмӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ ва ғайра мебошад. Асоси ин манфиатҳоро талаботи иқтисодӣ ташкил медиҳад. Алорағми манфиатҳо, ки мақсадаш ҷамъ кардани сарват ва пулу мол аз ҷонибест, чӣ қадар хуни халқи бечора рехта мешавад. Муҳаққиқон беҳуда нагуфтаанд, ки ҷангро сиёсиён ва манфиатҷӯён оғоз мекунанд, вале халқи бечора қурбон мегардад. Воқеан, ҳамин тавр аст, вагарна барои манфиати касоне, ки худ аз ҷангу куштор ва майдони муноқиша фарсохҳо дуранд, вале амалиёти ҷангро аз дуриҳо назорат ва идора мекунанд.

Бозингарони аслии саҳнаҳои геополитикӣ бағоят хушзеҳн, ҳушёр ва андешаманд буда, аз лиҳози стратегӣ, пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд, барнома месозанд ва ба амалисозии он мепардозанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатеро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ азбар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан идора кунанд. Онҳо қаноатманд мешаванд, замоне ки бо халқҳои “каммаърифат”, ба ибораи дигар “содалавҳ” дучор меоянд, зеро “вақте халқ тираақл аст, идора карданаш осон мебошад”.

Дар иртибот ба ин, терроризм ва экстремизм дар кишварҳое густариш меёбанд, ки мардумони онҳо аз лиҳози фарҳангу маърифат ва умуман дониш, қафо мондаанд, зеро яке аз василаҳои муфид каммасраф ва ниҳоят осонӣ татбиқи ин барномаҳо истифодаи мақсадноки зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шароити муосир падидаҳои мазкур ҳамчун афзори геополитикӣ мавриди истифодаи кишварҳои манфиатҷӯ қарор дошта, таҳдиду хатарҳои онҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ миқёсан афзуда истодааст. Терроризм дараҷаи амалии зоҳиршавии экстремизм буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, мавҷудияти давлату миллатҳо ва ниҳоятан аз байн бурдани низоми амнияти миллию минтақавиро ҳадафи хеш қарор медиҳад.

Информация к новости
  • Просмотров: 4158
  • Автор: admin
  • Дата: 16-11-2023, 20:34
16-11-2023, 20:34

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Хабар

    Ба ҳамагон маълум аст, ки аз соли 2016 инҷониб ҳамасола 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар саросари кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. 

    Имрӯз дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба ин рӯзи фархунда чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардид. 

Нахуст дар деҳаи Дулонамайдони Ҷамоати деҳоти Балҷувон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо иштироки раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд. 

    Қайд намудан ба маврид аст, ки бинои муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмонҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва пудратчии иншоот ҶДММ «Мақсуд» мебошад. Бинои муассиса аз 2 ошёна, 9 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 утоқи корӣ, ҳамзамон буғхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои таҳсили 220 хонанда дар 1 баст пешбинӣ гардидааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 35 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Зимни корҳои сохтмонӣ ба сатҳу сифати корҳо диққати аввалиндараҷа дода шуда, бино бо тарҳу намои хос бунёд гардидааст, ки ба ҳусни деҳа намои нав зам менамояд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2554
  • Автор: admin
  • Дата: 5-11-2023, 06:50
5-11-2023, 06:50

ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Хабар

    Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. 

     Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бо сухани табрикотӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ баромад намуданд. Зикр карданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, нақши барҷастаи таърихӣ дорад, ки он 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. 

      Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафаров Бахтиёр суханронӣ намуда, тамоми мардуми ноҳияро бахшида ба ин санаи таърихӣ шодбош гуфтанд. 

      Сипас ба як қатор кормандони касбу кори гуногун, ки дар пешрафту тараққиёти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаҳои раиси ноҳия тақдим карда шуд. 

       Ҳамзамон дар фазои тантанавӣ ба гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Балҷувон идрорпулӣ супорида шуд. 

      Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолу озодӣ, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2519
  • Автор: admin
  • Дата: 1-11-2023, 08:53
1-11-2023, 08:53

УСТУВОРИИ МАФКУРАВӢ ВАСИЛАИ БОЭЪТИМОДИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ

Категория: Хабар

     Экстремизму терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлубу харобиовар имрӯзҳо кулли инсониятро ба ташвиш овардааст. Ин хатари ҷиддӣ ба суботу амнияти кишварҳо буда, ташкили муқовимати устувор бар зидди он яке аз роҳҳои пешгирии пайёмадҳои харобиовари зуҳуроти зикргардида мебошад. Амали мазкур дар шароити муосири рушди ҷаҳонишавӣ ва вусъати таъсиррасониҳои гуногун, ки аслан ҳадафмандона мебошанд, мушкил, вале хеле муҳим мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 2470
  • Автор: admin
  • Дата: 31-10-2023, 22:27
31-10-2023, 22:27

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

Категория: Хабар

    Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд.***

 

***Эмомалӣ Раҳмон***

 

Сайёраи Замин борҳо шоҳиди хатару таҳдидҳои табииву сохташуда гардидааст, ки дар натиҷа пеш аз ҳама худи инсонҳо зарари аввалиндараҷаро мушоҳида намудаанд. Ифротгароӣ (эктремизм), тундгароӣ (радикализм) даҳшатафканӣ (терроризм) ва дар шароити имрӯза ҷудоихоҳиву (сепаратизм) бунёдгароӣ (фундаментализм) аз бадтарин ва хатарафзотарин идеяву амал ва маҳсули инсоният аст, ки Сайёраро такон додаву ба худ вабои асрро ном гирифтааст. Саволе ба миён меояд, ки кадом қишри ҷомеа бештар фирефтаи гурӯҳҳои эктремистию террористӣ мегарданд? Чаро ин гурӯҳҳо маҳз аз дини мубини Ислом истифода мекунанд? Бо кадом роҳ метавон мардум, хосатан ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан нигоҳ дошт? Ба саволҳои дар бологузошташуда ва ба миён гузоштани мавзӯйи интихобгардида, танҳо дар асоси таҳлилҳои жарфтару илман асосноккардашуда метавон посух дод.

Информация к новости
  • Просмотров: 2845
  • Автор: admin
  • Дата: 27-10-2023, 08:00
27-10-2023, 08:00

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САРЧАШМАИ АМАЛҲОИ ХАРОБИОВАР

Категория: Маълумот

     Терроризм ва эсктремизм, яке зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомезро ба амниятиумумиҷаҳонӣкасб намудаистодааст. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ боиси ташвишҳо дар ҷомеаи имрӯза гардидааст.***

 

Агар натиҷаи ин амалҳо аз як тараф қурбониҳои зиёди инсонӣ ва ҳамчунин ба оммаи васеи одамон фишори сахти маънавию рӯҳӣ расонидан бошад, аз тарафи дигар несту нобуд сохтани арзишҳои моддию маънавӣ аз дасти гурӯҳҳои терористию экстремистӣ аз омилҳои манфии ин падида мебошад, ки барои бартараф кардани ин зарарҳо сарчашмаи моддию маънавӣ ва солҳои зиёд лозим аст. Вақте, ки сухан дар бораи терроризм ва экстремизм меравад, мо бояд пеш аз ҳама дар бораи худи мафҳуми экстремизмро маълумоти кофӣ дошта бошем. Экстремизм (ифротгароӣ) - ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ кишварҳои дунё таъсир мегузорад. Ба таври дигар гӯем агар аз меъёр баромадани экстремизм (ифротгароӣ) - ба терроризм ки маънояш қатлу куштор аст,оварда мерасонад.

Информация к новости
  • Просмотров: 2997
  • Автор: admin
  • Дата: 20-10-2023, 13:13
20-10-2023, 13:13

ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ СУЛҲУ ДӮСТӢ - БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ВА ТУНДГАРОӢ*

Категория: Маълумот

     Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, мо ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардидем. Бо ҷаҳду талошҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар кишвар барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинон шароити мусоид фароҳам омад.***

 

Ҳарчанд имрӯзҳо мо дар фазои орому осоиша зиндагӣ ва кору фаъолият дорем, вале фармуш набояд кард, ки ҳар лаҳза ин сулҳу суботро ҳаракату созмонҳои террористию экстремистӣ ва нафарони ба миллати мо душману хоин халалдор кардан мехоҳанд. Созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои носолими худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравонаро барои ноором намудани фазои осудаи Ватани мо амалӣ созанд.

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^