МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98
Категория: Javonon
МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Категория: Javonon
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /НИАТ «Ховар»/. Отделом Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в городе Вахдат по обвинению в причастности к экстремистской организации «Салафия», деятельность которой запрещена в Таджикистане, задержаны граждане Обидов Абдулхак Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наджбуддинович, Махмадуллоев Абдулло Мухаммадбекович, Турков Азиз Тоджиддинович и Табаров Ахмадходжа Абдусатторович, жители города Вахдат и района Рудаки. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Отделении общественных связей Отдела Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в городе Вахдат.
В отношении задержанных возбуждено уголовное дело, ведётся предварительное расследование.
Категория: Маълумот
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /НИАТ «Ховар»/. Отделом Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в городе Вахдат по обвинению в причастности к экстремистской организации «Салафия», деятельность которой запрещена в Таджикистане, задержаны граждане Обидов Абдулхак Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наджбуддинович, Махмадуллоев Абдулло Мухаммадбекович, Турков Азиз Тоджиддинович и Табаров Ахмадходжа Абдусатторович, жители города Вахдат и района Рудаки. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Отделении общественных связей Отдела Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в городе Вахдат.
В отношении задержанных возбуждено уголовное дело, ведётся предварительное расследование.
Категория: Хабар
ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Категория: Маълумот
Таҷрибаи таърихӣ ва сиёсии кишварҳои олам нишон медиҳад, ки терроризму экстремизм, яъне ба таври зӯроварӣ сарнагун сохтани арзишҳои дунявӣ мебошад. Таҷрибаи талхи ин равияи номатлубро дар саргаҳи истиқлолияти кишвар мо дидем. Хоинони миллат зери парчами радикализми динӣ ба майдони сиёсат ворид гардиданд ва имрӯз онро ба терроризму экстремизм табдил доданд.
Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз солҳои аввали роҳбарии худ, ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки ба падидаи номатлуб аз ҳамин мавқеъ баҳо диҳанду муносибат намоянд. Зеро, радикализми динӣ, терроризму экстремизм аз чорчӯбаи кишварҳо баромада, тамоюли байналмилалӣ гирифтааст.
Пайравони радикализми динӣ, терроризму экстремизм, пеш аз ҳама, аз холигии идеологӣ, заифию бесарусомонӣ дар низоми давлатдорӣ истифода мебаранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами худ дар тӯли солҳои истиқлолияти миллӣ суннатҳои меросии таърихии хешро ҳифз намуда, дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои хоси таърихӣ ва афзалиятҳои онро тақвият бахшид. Маҳз ҳамин гуна афзалиятҳо дар шароити муосир ба мо имкон дод, ки радикализми динӣ, терроризму экстремизмро решакан намоем. Ва имрӯз пайравони ин падидаҳои номатлуб хориҷ аз кишвар бо истифодаи аз киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мехоҳанд суботи ҷомеаро ноором созанд.
Аммо, хоинони миллат фаромӯш намудаанд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Категория: Маълумот
Мусаллам аст, ки таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро дорад. Рӯз ба рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳои дигар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки бо ибрози он ки «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», касе беҳтар аз Пешвои миллат “шахсият”-и террористро бозгӯйӣ ва мусулмононро ҳимоят накардааст.
Категория: Маълумот
Намоиши телевизионии қисматҳои алоҳидаи филми мустанади “Хиёнат” моро бо саҳифаҳои на он қадар дури таърихи кишвар - бадбахтиҳои дар оғози Истиқлолияти давлатӣ ба сари миллату давлат омада, манфиатҷӯии роҳбарони ТТЭ ҲНИ бори дигар шинос намуд. Қисмати 7 - уми филми мазкур бо номи “Бешарафӣ” ба саҳифаҳои торики зиндагиномаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зидди давлату миллати хеш ҳар гуна туҳмату таҳқирҳои бофтаву сохтаро паҳн менамояд, бахшида шудааст.
Филм бо далелҳои раднопазир ва дар асоси мулоҳизаи мутахассисон таҳия шуда, дар он суханони шоҳидони зинда сабт гардидааст. Суоле ба миён меояд, ки як шаҳрванд чаро ин қадар давлату сарзамини аҷдодии худро бад мебинад ва кадом омилҳо барои то ба ин сатҳ тундраву нотавонбин шудани ӯ мусоидат кардаанд? Ба ин саволҳо мо баъди тамошои филм ҷавоби мушаххас пайдо намудем. Муҳаммадиқболи Садриддин ба ғайр аз ифротӣ буданаш, бо истифода аз сухандониву сухансозиҳое, ки гӯё мусалмони том буданашро нишон медиҳад, мардумфиребӣ намуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, касоне, ки ӯро мешинохтанду ба ӯ бовар мекарданд, пули зиёд (зиёда аз 120 ҳазор доллар) ситондааст. Ӯ ҳоло бо ин маблағҳо шиками худро дар хориҷа сер мекунаду шаҳрвандони фиребхӯрда ангушти ҳасрат мегазанд.
Категория: Маълумот
Шояд аз унвони ин нигоштаи хоксорона ҳайрон гардидӣ, хонандаи гиромӣ, ки чаро дунболи сароб давидан, вале дар ниҳоят ташна мурдан?! Хеле дарди ҷонкоҳ аст, дар суроғи об роҳи тӯлониро тай кардану дар анҷом об наёфтану аз ташнагӣ мурдан. Бале, ин воқеияти кору зиндагии сардаргуми ба ном «мухолифин» - ест, ки дар хориҷ аз кишвар зери панҷаи хоҷагони худ қарор доранд ва ҳамвора ба Ватану миллату мардуми худ буҳтону туҳмату таҳқирро раво мебинанд.
Ин тоифаи каждумсиришт монанди нафари дар ҷустуҷӯи об саргардонбуда мебошанд, ки дар ниҳоят ташна хоҳанд мурд. Дар ягон давру замон ҳеҷ миллат ва давлате хоинони худро набахшидаасту нахоҳад бахшид. Ин гурӯҳи бадкешу бадкин чунон аз Ватану ватандорӣ сухан меронанд, ки касро дар як навбат тааҷҷуб ва дар ҳолати дигар ханда фаро мегирад. Аз дур истода лофи ватандорӣ задан кори саҳлу сода ва дар айни ҳол аҳмақист. Ба қавли Лоҳутии бузург:
Ҳама лофи ватандорӣ зананд, аммо намедонам,
Ватандорӣ ба гуфтор аст ё кирдор, ё ҳар ду?
Категория: Хабар
Иззат Амон – қаллоби №1-и Тоҷикистон
<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]--><!--[endif]-->Шахси дар акс буда Иззат Амон нест. Ин шахс дар олами Ғарб маъруф буд, бо ному насаби Дэвид Хемптон. Дар рейтингномаи шинохтатарин қаллобони дунё ҷойи панҷумро ишғол мекард. Худро ба атрофиён фарзанди ҳунарманди машҳури Голливуд муаррифӣ намуда, аз шахсони зудбовар маблағҳои калони пулӣ меситонид … ва ғайб мезад.
<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]--><!--[endif]-->Акнун ба нусхаи аслии Иззат Амон бингаред. Монандиро дарёфтед? Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки шабеҳият танҳо дар чеҳра нест. Сирату замирашон ҷумлагӣ як аст.
Мутаассифона, дар таҳияи рейтингномаҳо ҷумҳурии моро нодида мегиранд, вагарна корномаҳои Иззати «мо»-ро дида, аз навиштаи исми Девидҳо шармашон меомад. Тамоми рекордҳои ҷаҳонӣ вобаста ба қаллобон ба номи Иззат бознавис мегаштанд. Бингар ба саргузашти қаллоби рақами 1 - Иззат Амон.
Сафар инсон зиёд меомӯзонад. Ҷойе баду дар маконе нек. Вобаста аз мафкураю хулқу атвор мусофир аз ин ду якеро интихоб мекунад.
Иззат низ аз ҷавонӣ хеле сафарҳо дошт. Зиёд ҳам омӯхт. Аз ҷумла, илмҳои нави политтехнологиро. Ва маҷрои ҳаёташро бо ҳамин роҳ пайваст.
Дар ин ҷода чандин ҳамсафарро иваз кард. Бонавбат фиреб дода. Ҳар куҷое, ки бӯйи маблағи муфт ба машом расид, Иззат Амон ҷо буд: гоҳ дар симои олим, ҷойе чун адвокат, гаҳе чун сиёсатмадор, чанд рӯзе ҳомии ҳифзи ҳуқуқ. Муддате рӯҳонии ҷаррор, моҳе наҳзатии таррор ва соле дунявии шаробхор.
Ҳанӯз замони таҳсил дар Эрон шиораш ин буд: «Ҳамааш дурӯғ аст, ҳам имон ҳам виҷдон ва ҳам шаъну шараф. Он ҷое, ки пул ҳаст ҳамаи инро метавон ба савдо зад». Чунки ба шиа пайвасту аз «илми тақя» бохабар шуд.
Дар Машҳади Эрон мехонду сиғаи наҳзатиҳо гашт. Ончунон ба оғӯши саркардагони ин ҳизби террористӣ гармию нармӣ овард, ки раиси бахши ҷавонони ҲНИ дар хориҷи кишвар интихобаш карданд.
<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]--><!--[endif]-->Онҳоро дар сафарҳои хориҷиашон ҳамроҳӣ мекард.
Соли 2008 Иззат Амон якбора дар Душанбе пайдо шуд. Бо ҷайби пур аз пули покистониҳо ва хеле талош кард, ки мазҳаби «Аҳмадия»-ро дар Тоҷикистон расман ба қайд гузорад. Пешнамози ин мазҳаб дар кишвар гардад. Шахсе, ки бо мазҳаби шиа аҳди вафодорӣ баста буд, якбора қибла иваз кард. Чун мурод ҳосил нашуд («Аҳмадия»-ро ба қайд нагирифтанд), покистониҳоро партофту ба Маскав панаҳ бурд.
Акнун Иззат Иван шуд. Созмонеро бо номи «Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Россия» номнавис кард. Ва гӯё ба «пуштибонӣ»-ю «кӯмак»-расонӣ ба муҳоҷирони бечора пардохт. Ба ивази пули бо арақи ҷабин ёфтаи онҳо, барояшон «аснод» таҳия мекунад: маълумотномаҳои қалбакӣ, қайди қалбакӣ, иҷозатномаи қалбакӣ барои кор ва монанди инҳо. Аз «баракат»-и асноди додаи ӯ, ҳазорҳо тоҷик аз Русия депорт шуданду қарздор.
Ду сол пеш бо як тир ду нишон зад. Барои маблағгузороне аз Русия ва саркардагони ҲНИ ваъда дод, ки ҳизби ҷавонони Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард. Албатта, натавонист. Чун дақиқ буд, ки ин ҳизб ячейкаи дигари ҲНИ мегардад, ба қайдаш нагирифтанд. Лекин маблағҳои ду ҷониб дар кисаи Иззат монданд.
<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]--><!--[endif]-->Лоиҳаи навбатии пулкоркунии Иззат ташкил намудани телевизиони тоҷикзабони «Сафо» дар шаҳри Маскав буд. Аз пули наҳзат. ҲНИ боз ба доми гузоштаи ӯ афтид. Маблағ сарф шуду аз телевизион дараке не. Иззат сараввал ҳисобот дод, ки ин маблағро барои ташкили канали телевизионии интернетӣ гирифтааст, на моҳвораӣ. Ихтилоф чанде давом карду телевизиони интернетӣ ҳам бо орзуи шабакадории ТТЭ ҲНИ ҷавонмарг шуданд. Қаллоби гузаро эзори қаллобони наҳзатиро боз пойин кард.
Дари ин байн, бахт боз ба рӯйи Иван Амон табассуми дилфиребе кард. Умаралӣ Қувватови аз нигоҳи саломатӣ осебпазир ва аз диди иқтисодӣ дилпазирро ба канораш афканд. Дафтари (офис) боҳашаматеро бо пули Умаралӣ киро карду қароргоҳи худаш сохт. Мошини гаронарзишеро бо пули Умаралӣ ва бо номи худаш харидорӣ кард. Дар Гурӯҳи «24 - дурачок», Иван Амон таҳти рақами 3 «ҳофизӣ» мекард. Ҳамин, ки фаҳмид маблағҳои Умаралӣ Қувватов тарака шуданд, аввалин шуда «Гурӯҳи 24»-ро тарк кард ва аъзои онро фурӯхт.
Дар ин давом хати талоқашро аз ҲНИ намегирифт. Онҳо ҳам аз ин арӯсаки дасти ба дасташон, бо ҳама хиёнатҳояш, умед доштанд.
Агар фаромӯш накарда бошам, соли 2012 баромади Кабириро дар Бунёди Карнегӣ маҳз Иван Амон ташкил карда буд. Ҳамон баромади таърихиро. Кабирӣ он ҷо буду модараш – кампираки Сочак даргузашт. Барои аз даст нарафтани чанд пайсаи ин фонд, ӯ ба ҷаноза наомаду бо телефони мобилӣ қарзи фарзандиашро адо кард, ҷанозаи модарашро хонд.
Бо пайдошавии вабои Куруно дегаш аз нав ба ҷӯш даромад. Аз баъзе тоҷикони дар ҳақиқат хайрхоҳ, бо баҳонаи расонидани маводи озуқа ба тоҷикони касал ва бекормонда, маблағи зиёде ҷамъ кард. Қисмати зиёди ин маблағро аз худ кард ва аз додани ҳисобот саркашӣ намуд. Низоъҳои тақсимоти ин маблағҳоро бо ҳамдастонаш, худашон тариқи ҷанҷолҳои интернетӣ расонаӣ карданд.
Акнун ки Иззат Амон ба даст афтод, баъзе дунёбехабарон ташвиқоту тарғиботи наҳзатиҳои террористро нисбат ба ин қаллоби гузаро ҳамчун «ҳомии муҳоҷирон» бовар карда, озод карданашро талаб доранд. Ғофил аз он, ки барои ҷиноят дар назди қонун бояд ҷавоб гуфт, хоҳ касеро барои даҳ сомонӣ фиреб дода бошӣ, хоҳ сад ҳазор.
Дар фарҷом барои маълумот: Ҳамсимои Иззат Амон, қаллоби рақами 5 Дэвид Хемптон ахиран бо ҷурми қаллобӣ дастгир ва муддати панҷ сол ҳукми зиндон гирифта буд. Соли 2003, дар 39 солагӣ, дар паноҳгоҳи бекасон вафот кард.
Сарнавишт қаллоби рақами 1 –уми тоҷикон – Иззат Амонро низ ба ҳамин роҳ бурда истодааст.
Хайрулло Раҷабалиев,
ходими илмии АМИТ
Категория: Хабар