Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 9
Информация к новости
  • Просмотров: 3725
  • Автор: admin
  • Дата: 4-05-2023, 04:50
4-05-2023, 04:50

ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ

Категория: Маълумот

Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саёра аст.***

 

***Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон***

 

Терроризм ин офатҳои табиӣ набуда, дар пуштион шахсони мушаххас истодаанд. Онҳо кӯшиш доранд, ки ҷомеаро бо ҳам шӯр андозанд, давлатҳоро бо қисмҳо тақсим намуда, дар онҳо ҳокимиятро ба дасти худ гиранд. Онҳо мақсади худро бо роҳи сиёсӣ ва ҳарбӣ амалӣ карда наметавонанд. Он гоҳ, онҳо ба мудҳиштарин восита- терроризм даст мезананд.

Информация к новости
  • Просмотров: 3878
  • Автор: admin
  • Дата: 29-04-2023, 20:56
29-04-2023, 20:56

ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО** **ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Маълумот

Аз таърихи гузашта ба мову Шумо маълум аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо аз солҳои 1929 то соли 1991 дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт. Орзуи ҳар як фарди тоҷик ба даст овардани истиқлолият буд, ки  хушбахтона халқу миллати тоҷик ба ин орзуи дерини худ расид. Ниҳоят бо пошхӯрии Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард. Мутаассифона, ба ҷои оне, ки дар кишвар пешрафту тараққиёт ба амал ояд, аз ҷониби гуруҳҳои ифротиву мухолиф Тоҷикистон ба гирдоби нооромиҳо кашида шуд. Онҳо аз тафаккур ва ихлосе, ки мардум нисбат ба дини худ доштанд, сӯйистифода карда, хурсандии миллати тоҷикро ба нооромию хунрезӣ табдил доданд. Дар натиҷаи ин ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт ва ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистони биҳиштосо гурезаву дар ба дари давлатҳои ҳамсоя гаштанд. Тоҷикистон рӯ ба порашавию нестшавӣ овард.

Информация к новости
  • Просмотров: 3773
  • Автор: admin
  • Дата: 28-04-2023, 14:48
28-04-2023, 14:48

ҲАМОН РОҲЕ, КИ ПОЁНАШ НАМЕБИНАМ, ВАТАНДОРИСТ

Категория: Маълумот

Ватандор ҳамонест, ки ҳар зарраи хоки Ватан аз зодбум оғоз карда то ҳама паҳнои онро қадр мекунад.

Муҳаббаташро дар қалбаш ҷой медиҳад, чун модар дўсташ медорад ва дар ҳимояташ ҷон дар кафи даст далеронаю боирода бармехезад.

Васфи Ватан ва ситоиши он дар ашъори суханварони пешин ва имрўз то ҷое бузург аст, к ибо неруи сухан, хонандаи хешро дар ҳифзи марзу буми хеш боз ҳам қавидилу қавипанҷа мегардонад.

Информация к новости
  • Просмотров: 3799
  • Автор: admin
  • Дата: 28-04-2023, 14:41
28-04-2023, 14:41

Таъмини амнияти миллӣ ва волоияти қонун

Категория: Хабар

 дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон

 

Ҳуқуқдонҳо иброз менамоянд, ки волоияти қонун муҳимтарин ва асоситарин принсипи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз, афзалият додан ба волоияти қонун ва эҳтироми он ба ҷомеаҳо имкон медиҳад, ки давлати демокративу қонунмеҳварро бунёд намоянд. Бояд қайд намуд, ки Дар Тоҷикистон чун дигар давлатҳои демократӣ принсипи волоияти қонун дар авлавияти дилхоҳ муносибатҳо қарор дорад. Тамоми шаҳрвандон дар назди қонун баробар буда, аз имконоту захираҳои давлат якхела истифода менамоянд ва ҳамзамон мувофиқи кирдори худ дар назди қонун ҷаобгарии баробар доранд. Бале, чунин ҷиҳати масъала ба мардуми кишвар имконият додааст, ки дар руҳияи адолатмеҳвариву ватандӯстдорӣ зиндагӣ намоянд. Ба фарқ аз тамоми арзишҳову принсипҳои давлатдорӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ ҳам нозук ва ҳам мушкил ва ҳам аҳамиятноктар арзёбӣ мегардад, зеро тамоми арзишҳову афзалиятҳои давлатдорӣ танҳо дар ҳамон сурате имконпазир мегардад, ки амнияти миллӣ таъмин буда, фазои созгор дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Ин ҳақиқатест, таҷрибаи давлатдории дилхоҳ кишвар онро собит намудааст. Масалан, таҷрибаи таърихии Тоҷикистон худ ифодагари ҳамин гуфта аст. 

 

Аз таърихи кишвар маълум аст, ки соли 1991 баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо бадхоҳии гуруҳҳои манфиатдор оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва бенизомӣ дар мамлкат фарогир гардид. Чун ҳолат тамоми арзишҳоро аз байн бурда, бенизомиву беадолатиро бавуҷуд оварда буд. Яъне, дар онҳолат амнияти миллӣ таъмин набуд ва ҳеҷ қонуну мақомоте имкони амал карданро тақрибан надошт. Фақат пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон ба вуҷуд омад, ки афзалиятҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, дар ҷомеа татбиқ гарданд. Агар ба таври мушаххас гӯем, таъмини амнияти миллӣ ҳолатест, ки дилхоҳ талаботу манфиат дар заминаи он ҳимоя карда мешавад.

Информация к новости
  • Просмотров: 4723
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2023, 23:46
12-04-2023, 23:46

ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Маълумот

Яке аз анъанаҳои нек ва муҳимми давлатдории миллии мо ин ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раҳнамо ва барномаи муҳиммии миллӣ барои халқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он нақшаву ҳадафҳои муҳимми миллату давлат инъикос меёбад. Тули солҳост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери ҳидоятҳои дар Паём ирогардида, баҳри рушду пешрафт ва бунёди Ватани зебо кӯшишу талош менамоянд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳамчун кансепсияи бахт ва ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баён намуда, баҳри рушди истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум ғояҳои созанда пешниҳод мегардад. 

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои худ дар баробари он, ки масъалаҳои гуногуни ҷомеаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳанд, инчунин ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум, таъмини сулҳу сбот ва ҳимояи ваҳдатӣ миллӣ, садоқат ба марзи модар ва замини ниёгон ҷойгоҳи бисёр баландро соҳибанд. Ин нуктаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21.12.2021 сол ба таври васеъ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар Паём чунин таъкид гардид: “Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.” 

Информация к новости
  • Просмотров: 3831
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2023, 07:13
12-04-2023, 07:13

НАҲЗАТИИ ИФРОТИ ҲАМЕША БО ИФРОТГАРОИ МАШҒУЛ МЕБОШАД

Категория: Хабар

Ин аблаҳи наҳзатӣ Иқболи Садриддин аз бахилию душманӣ ба давлату миллати Тоҷик, ҳамарӯза дар пайи бофтану сохтани афсонаҳои ғайримантиқии дур аз воқеъият даст мезанад. Бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокаш, Иқболи Садриддин ба хотири худсафедкунӣ ва аъзоёни ҷиноятпешаи ташкилоти террористии наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ташкил намудани барномаҳои онлайнии сохта худро «ғамхор», «адолатпеша» вонамуд мекунад. Вале аҷиб ин аст, ки дар ҳамаи шакку гумонҳояш И. Садриддин аз таънаву маломат ва бадгӯӣ кор мегирад. Аз ин рӯ маълум мешавад, ки ҳадафи аслиаш иғвоангезӣ ва туҳмату таҳқир, халалдор кардани сулҳу субот дар Тоҷикистон мебошад. Ин аблаҳи чоплуси «холаи ҳамакора» гоҳ аз дину Расул, гоҳ аз нағмаву усул суханпардозӣ мекунад ва фикр дорад, ки бо чунин худнамоию маддоҳи мардуми Тоҷик ба ҳарфҳои дурӯғу буҳтони ин разили наҳзатӣ бовар мекунанду ӯро тарафдорӣ мекунанд. Лекин миллати сарбаланди Тоҷик ҳаргиз ба суханҳои бофтаю сохтаи ин чоплуси ватанфурўшу бегонапараст, хиёнаткор бовар намекунанд. Иқболи Садриддин аз хурдсолӣ то ба имрӯз дар хизмати «хоҷагони хориҷӣ»- аш мебошаду ба онҳо саҷда мекунад. Аз наврасӣ ба муллоҳо ва қумандонҳои бачабози афғон муносибати маҳрамона дошта ба маблағҳояшон моил гаштааст. Мардум Тоҷикистон он рўзҳои мудҳиши солҳои 90 - уми асри гузаштаро нағз дар хотир доранд ва ҳеҷ гоҳ фаромўш намесозанд, ки саркардагону аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, бо шиорҳои дуруғу сохта аҳолии осоиштаро гумроҳ намуда ба майдони “Шахидон” бароварданд, онҳоро ба маҳалҳо ҷудо карданд, силоҳ доданд ва бар зидди якдигар шӯронданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънӣ ҳазорон нафар аҳолии осоишта қурбони ин дасисабозиҳои наҳзатиҳо гаштанд ва бар ивази хуни мардуми бегуноҳ давлатро ғайриқонунӣ ғасб намуданд. Ин разилони наҳзатӣ бо чор муллои бесаводу ифротӣ ва зархаридони хориҷӣ мехостанд давлати ифротгарй созанду болои мардум зулму ситамро ҷорӣ кунанд. Имрӯз ба аҳолии кишвар симои аслии Иқболи Садриддин дигар разилони наҳзатии шармандаю расво шинос аст, аз ҳилаву найрангҳои онҳо огаҳӣ доранд ва ҳаргиз онҳоро намегузоранд, ки ба ниятҳои нопоку душманонаашон расанд!

Информация к новости
  • Просмотров: 3975
  • Автор: admin
  • Дата: 9-04-2023, 22:03
9-04-2023, 22:03

ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ БАЪЗЕ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Категория: Маълумот

     Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳмату талош ва дастгириҳои фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ рушднамудаистодаи минтақа мубаддал гардида истодааст.***

 

Тӯли ин солҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари биҳиштосоямон иншоотҳо, корхонаҳои хурду бузург, муассисаҳои самтҳои гуногуни иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Ин пешравиҳо моро водор месозад, ки дар пешравии самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон саҳлангор ва дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии он саҳми худро гузошта, баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.

Информация к новости
  • Просмотров: 3888
  • Автор: admin
  • Дата: 7-04-2023, 18:48
7-04-2023, 18:48

БЕВАТАН АЗ ДИН ВА АЗ МАЗҲАБИ ХУД ҶУДО АСТ!

Категория: Хабар

Инсон аз аввали мавҷудияташ аввал макони худ Ватанашро ободу ҳифз кардаву баъд ба хотири ободиву рушди Ватан рўй ба сўйи дин ва арзишҳои маънавию ахлоқии он овардааст. Дар мафкураи ҳар ҷавон бояд ин андеша мақоми аввалро дошта бошад, ки «Беватан аз дин ва аз мазҳаби худ ҷудо аст!» Ҳуввияти миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ, худшиносию худогоҳӣ, дўст доштани модар-ватан, эҳтироми падар, азиз доштани бародар ва хоҳар, огаҳ будан аз арзишҳои миллӣ, доштани ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки бояд дар ниҳоди ҳар фард аз ибтидо парварида шаванд. Ин арзишҳо метавонанд инсонро аз гароиш ба гуруҳҳои динии ифротгаро, иртиҷоию экстремистӣ ва терористӣ ва ё хиёнат ба ватан-модар нигоҳ дорад.

Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре ҳастанд, ки дар суханрониҳо ва китобҳои арзишманди дарсҳои худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандўстиро дар осори арзишманди худ ба тоҷикону ҷаҳониён баён намудааст. Ҳар ҷавони худшиносу худогоҳ бояд дарк намояд, ки бо ҷаҳду талошҳои Президенти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик баъди ҳазосолаҳо ба таъриху фарҳанги милливу динии худ рў овард ва дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ даҳҳо чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла ташкилу гузаронидани ҳамоишҳои бузурги байналмилаллӣ-бузугрдошти поягузори фарҳкнгу фиқҳи исломӣ Имоми Аъзам, гиромидошти нобиғаи башардусти олам ва орифи тавоно Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид

Маънову мазмуни ҳадиси Паёмбари ислом «Муҳаббат ба Ватан аз гўшаи имон аст», ки мақбули хосу оми  миллати мо гардидааст волотарин дарси ватандўстист барои ҳар фарди бошуур аст. Ё басандааст даъватҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба ватану миллат барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи он, ки дар «Шоҳнома»-и безоволи Фирдавсӣ зикр ёфтаанд, ёдовар шавем. Пётр Столипин рушанфикир ва ислоҳталаби асри Х1Х менигорад, ки «Халқе, ки дорои рўҳия ва худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллаи дигар сабз хоҳад шуд».

Рушантарин амалҳои анҷом додаи гуруҳҳои ифротӣ ва терористӣ ба қатл расонидани модар ва куштори кудакони маъсум, инфиҷор додани анбуҳи зиёди одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар дохили панҷара зинда оташ задани муваффақтарин фардҳои соҳаҳои мухталиф ҳаёти ҷомеаи инсонӣ ва аз ҳама бадтар инфиҷор додани барҷастатарин нобиғаҳои олами сиёсат ва чеҳраҳои сиёсии втандўст, ки барои озодии миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, таъмини сартосарии миллати худ пайваста талош намуданд дар мисоли асилзодаи тоҷик, қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, тоҷикзодаи асил-сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва тавонотарин бонуи сиёсат сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Беназир Буҳутто кори дасти ин тоифаи манфуртани террористон мебошад. Ҳувайдост, ки бо ин ҳама рафтори ваҳшиёна худро пайравони асили дини Ислом медонанд.

Пас бо кадом ақл, хирад, фаҳмиш, идрок ва эҳсоси арзишҳои инсонӣ ин тоифа ва гуруҳҳои ифротӣ, иртиҷоӣ ва ҷараёну равияҳои ғайриҳанафиро метавон бовар кард. Ва ё худ дидаву дониста дар масири гумроҳӣ ва гумномӣ гом бардошт.

Информация к новости
  • Просмотров: 4166
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 11:15
29-03-2023, 11:15

ВАТАНФУРӮШОН ХОКИ ВАТАН КӮРАТ КУНАД!

Категория: Хабар

Имрӯзҳо бисёранд он ватанфурӯшоне, ки аз дур истода ба суйи миллати тоҷик санги маломат намуда, худро чун сиёсатмадорони босавод нишондодаву оромии миллатро мехоҳанд барҳам занонида тазоҳуротҳои пучу бемаъниро ба амал оваранд.

Вале кайҳот, ки онҳо худ аз ҷоҳилии худ бехабар монда, ҳанузҳам зархариди хоҷагони худ ҳастанду бо луқмаи ҳаромӣ онҳо зиндагии хешро пеш мебаранд. Аммо то куҷо?

Дигар ҳеҷ кас ба ин дасисаву найрангҳои шумо палидони ватанфурӯш бовар нахоҳад кард. Ҳама он шағолсифатоне, ки дар гирду атрофи хеш мутоеъ сохтаеду хидмати хоҷагони хешро месозед чуз як мушбашр чизе нестанд.

Аз дури истодаву ғайбат кардан ва туҳмати бардуруғ кори тоифа мардуми бехираду дур аз одобу тарбият аст, ки ин сифатҳо низ даври шумо намегарад.

Магар мешавад, ки бо худододагон ситеза кард! Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳон эътироф кардаву чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳони мешиносанд.

Магар эй хоинони ватанфурӯш шумо ба худододаҳо низ рашку ҳасад мебаред?

Мо аз хӯрд то бузурги миллати тоҷик паҳлуи Пешвои миллати хеш ҳастем ва то нафаси охирин баҳри пешравиву ободӣ, оромиву осудагӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ талош хоҳем кард.

Зеро ки мактаби мардонагиву инсондӯстии Роҳбарияти олии мамлакат дар хуни мо ҳисси масъулиятнокӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллиро таҷассум намудааст, ки чун шери жаён баҳри осудагии Ватан ҷон нисор хоҳем кард.

Ва ин масарҳои балнди шеъри, ки таъсираш ба ҳафтпуштаи ватанфурӯшон таъсир хоҳад кард дарсест барои хоинон.

 

Тоҷики меҳанфурӯш номи Ватан кӯрат кунад,

Аз Ватан дурат кунад, дурат кунад, дурат кунад.

То даме ки зиндагӣ дар кишвари бегонагон,

Бандиву зиндониву тобеву муздурат кунад.

Ору номуси ватандорӣ надорӣ, боз ҳам,

Луқмаи бегонагон хоҳам даҳоншӯрат кунад.

Дар ватан фавтидагон дар хоки меҳан зиндаанд,

Шарбати пистони модар, зинда дар гурат кунад.

Баъди мурдан гар намехоҳӣ фишорат хоки ғайр,

То азони вай шавӣ хоҳам, ки маҷбурат кунад.

Информация к новости
  • Просмотров: 3881
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:36
29-03-2023, 06:36

ТАЪСИРИ ФОҶИАБОРИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Категория: Хабар

Тавре аз таърих маълум аст, ҷамъияти инсонӣ қисмати зиёди вақти худро дар марҳилаи асри санг гузаронидааст. Ва чигунае, ки аз гуфтаҳои олимону донишмандон ба монанди Ф. Энгелс ва В. И. Ленин аз асару нигоштаҳояшон бар меоянд: Колективона зистани инсониятро “Гала”, “Галаи ибтидоӣ” ва ё “Коммунаи ибтидоӣ” унвон додаанд.

Яъне замоне буд, ки инсоният туда – туда мезисту асбобу анҷоми рӯзгораш аз санг сохта шудаву истифода мешуд. Вале бо пешрафту зиёд шудани шумораи одам олоти аз санг сохташуда на он қадар манфиатовар шуд. Бо мурури замон одам аз биринҷу мису оҳан сохтани асбобу олоти кориро ёд гирифт.

Марҳила ба марҳила мо инсонҳо ба авҷи баланди тараққиёт расидем ва ҳоло дар хизмати худ беҳтарин техникаву техналогияро қарор додаем. Танҳо бо як телефони мобилӣ аз ҷой истода, ба кадом гӯшаву канори дунё набошад, бо ёру дӯстон ва хешу ақрабоямон ба таври видеоӣ ва ё аудиоӣ дар тамос мешавем. Ҳоло бошад, инсон аз замин ба кайҳон парвоз кардаву дигар сайёраҳоро омӯхта истодааст.

Инсоният барои ба чунин шароити зиндагие, ки айни ҳол дар даст дорем, ҳазорон солҳо талош кардаву даҳҳо ҳазор монеагиҳои гуногунро (ҳодисаҳои табиӣ ва ҷангу хунрезиҳо) паси сар карда, пасон, ба он расидааст.

Дар ин замина, бояд гуфт, ки мақсади ниҳоии чунин талошҳову пешравиҳо танҳо барои осонтар, хубтар, зудтар ва беҳтар гардидани шарту шароити зиндагимон мебошад.

Вале, мутаасифона, техникаву техналогияи имрӯзаро бархе инсонҳо на ба фоидаи ҷамъият, балки бар зарари он истифода менамоянд. 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^