Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 **ИҶЛОСИЯИ - САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ** » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » **ИҶЛОСИЯИ - САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ**
Информация к новости
  • Просмотров: 1098
  • Автор: admin
  • Дата: 13-11-2022, 19:50
13-11-2022, 19:50

**ИҶЛОСИЯИ - САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ**

Бахш: ---

**Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос баргузории як иҷлосияи тақдирсоз ногузир буд. Барои доир гардидани чунин як иҷлосия мебоист намояндагон аз ҳарду ҷониб, ҷонибдорони ҳукумати Конститутсионӣ ва мухолифин дар сари як миз нишаста, музокирот мекарданд. Дар он рўзҳо ин кори саҳл ва осон набуд.**

 

**Ниҳоят Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум, 16-уми ноябри соли 1992  соати 10 пагоҳӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров ба кори худ шурўъ кард. Дар кори Иҷлосия 197 вакил иштирок карда аз 8 ҳавза бо сабабҳои гуногун вакилон иштирок карда натавонистанд.**

 

**Баъди муҳокима ва қабули якчанд масъалаҳои рўзнома рўзи 19-уми ноябр раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Искандаров аризаи истеъфояшро дод. Ба депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон зарур омад, ки ба иҷлосия номзадии раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намоянд. Бо пешниҳоди вакил аз ҳавзаи интихоботии «Хонаќоҳ, 47» шаҳри Ҳисор Абдулвоҳид Мирзоев номзадии раиси комиљроияи вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи раиси Шўрои Олии Љумҳурии Тољикистон пешниҳод кард. Аз номи вакилони вилояти Ленинобод номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро вакил аз ҳавзаи интихоботии «Инқилоб, 81» Љаҳон Набиев љонибдорӣ кард. Дар натиљаи овоздиҳии пўшида маълум гардид, ки аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз додаанд ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ савганд ёд намуда зикр кард, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони он содиқ хоҳад монд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...»**

 

**Иҷлосияи таърихии саодатбахш барҳақ поягузори сулҳи тоҷикон аст, зеро новобаста ба баҳсҳои тўлонӣ Иҷлосия ќарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намуд. Мақсаду мароми вакилони халқ, дар он шабу рўз, ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии ватан ва сулҳ таъмин карда шавад. Вакилони халқ бо дарки масъулияти баланди бар дўшдоштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии парламентиро ҷонибдорӣ карданд.**

 

**Иҷлосияитаърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат ибтидо гузошт. Ҳанўз аз рўзҳои аввали фаъолияти кориаш дар суроғи барқарор кардани сулҳу субот шуд. Барои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таъсис додани Комиссияи муросои миллӣ буд, ки минбаъд бо душвориҳои зиёд дар тўли 4 сол баъди 21 вохўрии дар Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ин вохўриҳо доир гардиданд.**

 

**Ниҳоят сулҳи деринтизори мо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо иштироки Президенти Федератсияи Россия Борис Николаевич Елтсин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини точик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои миллати тоҷик «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Ба қавли шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ:**

 

**Ҷанги бунёдсузи мо бигзашт,**

 

**Сулҳи деринтизори мо омад.**

 

**Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 31 соли соҳибистиқ­лолии мамлакат дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ба таври возеҳу равшан эҳсос карда мешавад. Аз ҷумлаи онҳо ин барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва фарогирандаи дигар ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ мебошад.**

 

**Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин иҷлосияи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Бо итмоми комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо - наслҳо ва ҷомеъаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.**

 

**Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сокинонро аз ноумедиву маъюсӣ раҳо дода, рисолати ниҳоят бузургро анҷом дод - сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гардид. Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи саҳнаи сиёсат овард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, бо қарорҳои тақдирсози қабулнамудаи худ ба сулҳу субот дар кишвари азияткашидаамон оғоз бахшиданд.**

 

**Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар ҷовидона пойдор бимонад. Имсол аз он Иҷлосияитаърихӣ ва сарнавиштсоз 30 сол сипарӣ мешавад. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имрӯз медонад, ки оромиву осудагии Ватан, пешрафту тараққиёт ва дастовардҳояш заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст. **

 

Додхудо Шарифзода

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^