Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ - МИНБАРИ НАҶОТИ ВАТАН » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ - МИНБАРИ НАҶОТИ ВАТАН
Информация к новости
  • Просмотров: 1070
  • Автор: admin
  • Дата: 13-11-2022, 07:23
13-11-2022, 07:23

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ - МИНБАРИ НАҶОТИ ВАТАН

Бахш: Маълумот

      Бо ифтихору шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон - Тоҷикистон имрӯз миллати сарбаланди тоҷик дар остонаи истиқбол намудани яке аз рӯзҳои муҳимми таърихӣ, яъне 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин Иҷлосия воқеан ҳам тақдирсоз ва рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.***

 

Аз саҳифаҳои таърих ба мо маълум аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта, Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурд. Давлатҳои аъзои он як-як истиқлолияти худро ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро расман қабул кард. Вале дере нагузашта бо дахолати душманони миллат Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ин ҷанг барои халқи Тоҷикистон мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷони беш аз 150 ҳазор шаҳрванд қурбон гардида, қисми зиёд ба давлатҳои хориҷ гуреза шуданд.

 

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзаву оянда гардад. Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

 

Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд,  ки: “Ман ба ҳар яки Шумо, фарзандони барӯманди миллати тоҷик қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор дар кишварамон ҷон лозим шавад, ман ҷони худро дар ин роҳ нисори Ватан ва халқи он менамоям”.

 

Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳу субот ҷони хешро дар хатар гузошта, оромию осоиштагиро ба ҳар як хонаи тоҷику тоҷикистонӣ муяссар гардонид. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз роҳбари оқилу хирадманд рӯйи саҳнаи сиёсат омад ва бо талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияту Ваҳдати комилро соҳиб гашт.

 

Ҳамзамон дар ин марҳилаи таърихӣ ва ҳассос Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия  самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас ва муайян намудааст. Дар ин бахтномаи миллат роҳи дурахшони Тоҷикистон сабт шудааст, ки ҳар як бобу моддааш роҳнамоест барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст.

 

Иҷлосия тавонист, ки роҳбари нави давлатро интихоб намояд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии халқ, сазовори вазифаи роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Чуноне таърих гувоҳ аст, дар ин муддат Пешвои муаззами миллат такмили аниқи сиёсӣ ёфтанд, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳофар дар ҷаҳон дурахшиданд ва бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаашон, ки онҳоро шоҳкориҳо меноманд, барои халқи тоҷик ва таърихи навини он хизмати таърихӣ анҷом доданд, ки барои корномаҳои нотакрорашон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштанд ва миллати сипосгузори тоҷик ин шахсиятро Пешвои миллат интихоб карданд.

 

Барои дарки насли имрӯзу ояндаи тоҷик, ки Истиқлолияти давлатӣ бо Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ музаффариятҳои халқи шарафманди тоҷик ба ҳисоб мераванд ва барои ҳифзи ҳамаи ин арзишҳои ҳаётан муҳим ҳамешагӣ бояд кӯшишу талош варзем, то роҳеро ки Пешвои муаззами миллат барои бақои давлатдории тоҷикон дар масири ҳазорсолаҳо бунёд гузоштаанд, ба соҳилҳои мурод бо шоистагӣ бирасонем.

 

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар воқеъ минбари наҷоти Ватан барои миллати тоҷик аст, ки халқи тоҷикро аз парокандагию ноумедӣ, маъюсӣ раҳо бахшид, рисолати ниҳоят бузургро анҷом дод ва сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гардид. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

 

Аз ин лиҳоз, мо, ҷавонон, хосатан хизматчиёни давлатиро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини зебоманзари аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, муҳофизи ин марзу бум ва давлати миллиамон бошем. Мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш интихоб намуда, шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

 

Заррина Қодирова 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^