Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - САРЧАШМАИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИҲО ДАР МАМЛАКАТ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - САРЧАШМАИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИҲО ДАР МАМЛАКАТ
Информация к новости
  • Просмотров: 4779
  • Автор: admin
  • Дата: 28-10-2022, 21:00
28-10-2022, 21:00

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - САРЧАШМАИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИҲО ДАР МАМЛАКАТ

Бахш: Маълумот

Дар кори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфт, аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд. Пас аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон, дар суханронии нахустинаш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “...Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...”.

 

Ҳамин тариқ, ин ду мафҳум ва падидаҳои таърихӣ бо ҳам тавъам буда, барои омӯзиш ва таҳқиқ масъалаҳои хеле мубрам маҳсуб меёбанд. Агарчӣ дар ин бобат дар адабиёти илмӣ, сиёсӣ ва илмӣ-оммавӣ маводҳо ба табъ расонида шуда бошанд ҳам, ҳоло паҳлуҳои дигари баррасии онҳо анҷом дода нашудааст. Хушбахтона, вақтҳои охир дар матбуот ва нашрияҳои мухталиф маводҳои арзишманд доир ба мавзӯи мазкур бо мундариҷа ва мазмуни баланд ба нашр мерасанд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо, таҳқиқотҳо ва омӯзишҳо барои наслҳои оянда як заминаи бунёдии пешрафт, мустаҳкамии зинаҳои давлатдорӣ хоҳанд шуд.

 

Дар адабиёти илмии замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ доир ба таъсисёбии ҶМШС ва ҶШС Тоҷикистон одатан менавиштанд, ки “... Тоҷикистон аслан дар макони холӣ бунёд карда шуд...”, яъне ин ҷумҳурӣ дар солҳои 20-уми садаи ХХ ягон зерсохтори коммуникатсионӣ, ҳатто пойтахт надоштааст. Дар айёми соҳибихтиёрӣ низ мо дар солҳои 90-уми қарни ХХ бинобар сабаби ҷанги дохилӣ (ҷанги таҳмилии шаҳранданӣ) ҳисороти азиме дида, солҳо аз пешрафт ақиб мондем.

 

Иҷлосияи мазкур дар маҷмуъ 23 масъалаҳои мубрами рӯзро ба муҳокима гузошт, ки аз онҳо муҳимтаринаш ин муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи авфи умумӣ; дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ; дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра буда, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Дар он лаҳзаҳо кулли ҷомеаи Тоҷикистон интизори дарёфти роҳи саҳеҳи ҳалли масъалаи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ буд. Оммаи мардум рафти кори Иҷлосияро бодиққату ҷиддӣ мушоҳида ва навоҳии дурдасти кишвар бошад, тавассути радио гӯш мекарданд.

 

Дар кори Иҷлосия 19 ноябри соли 1992 пас аз истеъфои Акбаршо Искандаров аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъин гардиданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ Эмомалӣ Раҳмон дар гирди худ ҷонибдорони ҳар чӣ тезтар ба кишвар овардани сулҳро ҷамъ оварда, тамоми неруҳои дигари онвақта дар кишвар фаъолбударо барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ даъват намуданд.

 

Баъд аз анҷомёбии кори Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе оғоз намуд. Ҳукумати Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат намуда, нақшаи асосии сохтмони ҷомеаи демократиро муайян кард. Дар ин бобат Пешвои миллат баъди гузашти мурури вақт чунин гуфтаанд: “Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро, ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд”.

 

Ҳамин тавр, хишти аввали давлатдории навини кишвари маҳбубамон гузошта шуд. Аз ин хотир Иҷлосияро таърихию тақдирсоз ном мебаранд, зеро маҳз ин воқеа имкон дод, ки Тоҷикистон як кишвари орому осоишта ва рӯ ба инкишоф шавад.

 

Пас аз чандин марҳалаҳои мушкили дигари сулҳофарӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ бо роҳбарияти оқилонаи сарвари мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагию ободонӣ ва ба нақшагирию амалигардонии нақшаҳои стратегии рушд, рушди устувор шуруъ мешавад. Самтҳои асосии марҳалаи рушди давлатдориамон ба тариқи мушаххас дар суханрониҳои Пешвои миллат чунин баён ёфта буданд: «Самти аввал, ҳифзи давлатдории миллӣ мебошад. Мо то имрӯз марҳалаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии худро асосан ба анҷом расонидем ва бисёр масъалаҳоеро, ки хоси ин давра буданд, ҳал кардем. Вале масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи бисёр муҳими ҳаётӣ ҳамоно боқӣ мемонад. 

Самти дуввум, ин масъалаи ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Ин масъала хусусан дар раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Самти сеюм, ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» мебошад.

 

Самти чорум, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҷавҳари фаъолияти ҳамешагии мардуми мо бошад.

 

Самти панҷумро метавон сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон номид. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кор ба ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

 

Самти шашум, ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ».

Чандин лоиҳаҳои хурду бузург доир ба баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ амалӣ шуда, лоиҳаҳои нав таҳия гардида истодаанд.

 

Ҳамин тариқ, аз Иҷлосияи тақдирсоз то Ваҳдати бунёдгузор миллати мо дар тӯли 30-соли Истиқлоли давлатӣ ба бисёр комёбиҳо ва дастовардҳои оламшумулу бузург ноил гашт, ки ин ҳамаи моро водор мекунад, то бо масъулияти баланд онҳоро нигоҳ дорем ва барои пешрафти кишвари азиз саҳми худро гузорем. Зеро моҳияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ин ду падида, воқеаи бузурги таърихи миллати тоҷик низ дар ҳамин аст. Чунончӣ омадааст: “То ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар намешавад”. Миллати ранҷбурдаи мо акнун дар айёми истифодаи озод аз ганҷу файз ва баракати Истиқлол қарор дорад.

 

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ миллатро аз маргу фаношавӣ наҷот дод, ҷумҳуриро ба оромӣ ва тинҷӣ овард ва дар тақдири сахти он рӯзҳои халқу миллат нақши бузурге бозид, бо роҳи пешгирифтаи ин воқеаи муҳими таърихӣ, ки оғози раҳоёбӣ аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

 

Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бешумор буда, ин ҷо ба чанде аз он ишора мекунем.

 

Дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иншоотҳои бузург, аз қабили ба кор даромадани Неругоҳи Барқи Обии Роғун, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои замонавии дорои таҷҳизоти лозимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бахусус, дар пойтахти кишварамон ба истифода додани корхонаву сохтмонҳои хурду калон, далели равшани самараҳои Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки тавассути дастгириҳои холисона ва ғамхоронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст.

 

Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

 

Дар ин замина, дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар сӣ соли Иҷлосияи мазкур номбар карда шудаанд:

Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.

Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.

Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.

Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.

Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.

Шашум, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.

Ҳафтум, ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид.

Ҳаштум, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард.

 

Муҳимтар аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли ин солҳо бо ташаббуси фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як майдони бузурги бинокорӣ мубаддал гардид.

 

КАРАМАЛИШОЕВ К.Н.,

и.в. ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^