Муҳаққиқ ва сотсиологи амрикоӣ М.Уотерс қайд менамояд, ки дар раванди глобализатсионӣ манфиатҳои миллӣ фишурда шуда, дигар барои ҳимояи он дар фазои сиёсӣ ҷойе намемонад ва он қурбони манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Муҳиммияти ин манфиатҳоро бартарӣ ба ҳуқуқи инсон дода, барои поймол нагардидани он мубориза мебарад. Дар заминаи ин давлат қобилияти таъсиррасониро ба субъектҳои дохилӣ аз даст медиҳад. Равандҳои глобализатсионӣ масъалаҳои муҳимми баҳсталабро ба миён меорад. Барои давлатҳои абарқудрат проблемаҳоро осон намуда, барои кишварҳои миллии рӯ ба инкишоф онро васеъ ва душворталаб менамояд.

Имрӯзҳо тибқи мушоҳида ва таҳлилҳо хатарҳои наве, ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, ин терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, истеҳсоли яроқу бомбаҳои атомӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва амсоли инҳоро номбар намудан айни муддаост. Аз хатарҳое, ки имрӯзҳо ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, ин хатари терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Ин хатарҳо чандин давлатҳоро ба коми маргбори худ кашида, онҳоро ба харобазор мубаддал гардонидааст. Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳое амсоли инҳо гуфта метавонем. Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем, ки дар пайи амалиётҳои бераҳмонаи гурӯҳҳои террористӣ чандин нафарон қурбонӣ ва чандин бинову иншоотҳои маишӣ ба хок яксон мегардад. Ин шаҳодат медиҳад, ки терроризм ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз раҳм надорад. Онҳо ҳамчун хатар ба давлатҳои миллӣ ва рӯ ба инкишоф ҳастанду халос.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва амалҳои террористиро маҳкум намуда, онро ҳамчун хатар ба ҷомеаи муосир мешуморад ва барои решакан намудани он чандин лоиҳаҳо ва стратегияҳоро барои муқовимат пешниҳод намудааст. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон аз минбари баланди СММ таъкид намуданд: “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини ислом иртиботе надорад”. Ин гуфтаҳо далели он аст, ки кишвари мо ҳамеша бар зидди терроризм буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Ҳамасола бо амалӣ сохтани кирдорҳои террористӣ ҳазорон нафар одамон гирифтори марг мегарданд. Аз ин рӯ, терроризм ва амалҳои террористӣ яке аз таҳдидҳое мебошад, ки ҳар лаҳза метавонанд таъсири манфии худро ба ҷомеаи инсонӣ бирасонанд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд.

Дар баробари хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳое, ки ҷаҳони муосирро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст, ин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Ин хатар ҳамарӯза ҷавонону наврасонро заҳролуд намуда, чандин оилаҳоро вайрон ва ба парокандагӣ оварда расонидааст, ки ин зуҳурот низ мисли дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба давлатҳои миллӣ ва рӯ ба инкишоф таъсири бади худро расонида истодааст.

Маводи мухаддир имрӯзҳо дар бозорҳои сиёҳ бо нархҳои бениҳоят баланд ба фурӯш гузошта мешаванд, ки харидорон ва талабгорони ин намуди молҳо аксаран ҷавонон ва наврасон ба ҳисоб меравад, ки ин яке аз душвортарин марҳила барои давлатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро қувваи асосии кориву зеҳнӣ дар ин давлатҳо ҷавонону наврасон ба ҳисоб меравад. Агар ин амалҳои номатлуб миёни ҷавонон пешгирӣ карда нашавад, метавонад хатари азимеро миёни давлатҳо дар минтақа ба бор орад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳоро ҷоннок намуда, мақомотҳои дахлдорро дар ин самт таъсис дода, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб дар байни ҷомеа, махсусан, ҷавонон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар маҷмуъ хатарҳои ҷаҳонӣ имрӯзҳо ба давлатҳои рӯ ба рушд таъсири амиқи худро расонида истодаанд. Олами муосирро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Новобаста аз оне, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин таҳдидҳо чораҳои зарурӣ меандешад, вале ба пуррагӣ аз байн бурдани ин таҳдидҳо ғайриимкон аст. Ҳар соату ҳар лаҳза ин таҳдидҳо зиёдтару мураккабтар мегарданд. Хусусияти манфии ин мушкилот ва таҳдидҳо дар он аст, ҳанӯз яке аз ин таҳдидҳо ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, таҳдиди дигаре ҷомеаи инсониро фаро мегирад.

Мо дар марҳилаи нави таҳкиму такомули давлати соҳибистиқлоли худ қарор дорем ва дар ин раванд ҳар яки мо бояд арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, ҳизбиву гурӯҳӣ ва ғаразҳои қавмию динии худ боло гузошта, баробари пойдору устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин ба тадбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ, бахусус амнияти ҷомеа ва давлат мусоидат намоем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз он бояд ифтихор намоянд, ки дар чунин давраи ҳасос бо заҳмату талош ва хираду тадбирҳои ояндабинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳукмфармост. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми олам ҳамчун макони сулҳ ва созгории миллӣ шинохта шуда, партави нуру сафо, ҳамдигарфаҳмӣ ва осудагӣ хонадони ҳар як тоҷикро бо анвори худ равшан сохтааст.

Исмоил АБДУАЛИМЗОДА,
ноиби ректор оид ба иқтисод
ва хоҷагидории АИДНПҶТ