Тасмими додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, пас аз имзои протоколҳои созиши байнисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, ки боиси нигаронист, зеро таҳлилгарон бар он назаранд, ки додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад боиси муноқишаҳои нав ва хунрезии бештар шавад.
Қатъи назар аз ин амалкардҳои хашин, Динара Ашимова бешармона аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки “таҷовузи Тоҷикистон дар муқобили Қирғизистон, дастдарозии он ба тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Қирғизистонро маҳкум намоянд”.
Ин дар ҳолест, ки бо имзои протокол аз 19 сентябр тарафҳо уҳдадор шуда буданд, ки тамоми масоили баҳсӣ миёни ду кишвар “дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд”. Вале ҳамсояи дарбадевори мо на ба урфи дипломатиро риоя мекунад, на дар аҳди худ меистад. Ҳар бор собит мешавад, ки имзо ва ҳуҷҷатҳои мақомдорони гуногунсатҳи Қирғизистон низ дар назди халқи хеш арзише надоранд.
Изҳороти Динара Ашимова аввалин ҳодисаи «пеш аз пода чанг бардоштан»-и мақомдорони Қирғизистон нест, ки муқобили Тоҷикистон, созишнома ва паймонҳои имзошуда дар мавриди қатъи ҳар гуна сиёҳкунии ҳамдигар гуфта мешавад.
Пештар низ мансабдорони Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба “оғози ҷанг” ва “таҷовуз ба хоки кишварашон” бе асноду далеле гунаҳкор карда буданд. Аз ҷумла, Садир Жапаров, Президенти Қирғизистон, чанд рўз пас аз имзои протокол байни Тоҷикистону Қирғизистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба “оғози ҷанг” «гунаҳкор» ва «ҳеҷ гоҳ хоҳони ҷанг набудани халқи қирғиз»-ро риёкорона таъкид карда буд.
Мақомоти дахлдори кишвари мо, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар як буҳтону иттилои иғвобарангези мақомдорони қирғиз посух мегўяд, аммо дар ҳама ҳолат гунаҳкоркунӣ ва вайрон кардани созишнома ва протоколҳои имзошуда бо ғаразҷўйиҳои давлати ҳамсоя сурат мегирад.
Чанде пеш изҳороти Маркази матбуоти раёсати Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд нашр шуд, ки дар он омадааст: «Ходимони сиёсӣ ва низомии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷўёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносибати байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд». Ин бонги изтироб баъд аз суханони Бактибек Бекболтов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ (19 октябри соли ҷорӣ), садо дод. Ў гуфт: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Аз ин ҳарфҳои моҷароҷўёна, ки худсарона ва бидуни андешаи сиёсиву дипломатӣ гуфта шуданд, бўи ҷангу хун меояд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод расман эълом дошт, ки бесарнишинҳои Қирғизистон 13 маротиба ҳарими ҳавоии моро вайрон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ин ҳама нақзи қонун, убури сарҳади давлатӣ аз худ таҳаммул ва шикебоӣ нишон медиҳад ва бо изҳороти расмӣ ҳамсояро огоҳ месозад, ки ҳадди ҳамсоягиву ҷавонмардиро бишносад.
Дар давоми бештар аз як моҳи охир дар расонаҳои Қирғизистон ҳарчи бештар маълумот оид ба хариди ҳавопаймои бесарнишини нав ва низоми дифои зиддиҳавоӣ нашр шуда, наворҳои тарғиботӣ бештар интишор меёбанд, ки дар онҳо ҷониби Тоҷикистон сиёҳ мешавад. Ташвишовартар аз ҳама, дар ҷомеаи Қирғизистон ба вуҷуд овардани фазои сунъии тоҷикбадбинӣ, сиёҳкунӣ ва бофтани қиссаву саргузаштҳои манфӣ нисбат ба халқи тоҷики сулҳдўст аст.
Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу оромӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон буд ва ҳанўз ҳам ягона роҳи ҳалро дар вазъияти пешомада, дар идомаи раванди гуфтушунид ва иҷрои бечунучарои созишҳои қаблан ҳосилшуда мебинад.
--------------------
Суроғаи электронии матлаб ин ҷост:
http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=47676
Бузургмехр,
«Ҷумҳурият»