Ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро мардуми мо бо иродаи ватандӯстию хештаншиносӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд, ки баёнгари маданият ва пешрафти ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ ва аз ҷониби дигар ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардонидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идораи давлатӣ, корҳои ҷамъият ва баробарии ҳамаро дар назди қонун муайян намуд. 6 ноябри соли 1994 дар ҳавзаҳои овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар (94,4%) дар райъпурсӣ ширкат варзиданд. Дар ин робита, хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2353554 нафар ё худ 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутахассисон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва ба мазмуни он баҳои баланд доданд. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯи меъёрҳои демократисозии ҷомеа буда, ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Давлати мо, инчунин тамоми санадҳои қонунгузории худро давра ба давра бо ин ҳуҷҷати тақдирсоз мутобиқ намуд, ки эътимоди кишварҳои хориҷро низ ба вуҷуд овард. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷониби кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин дар байни 120 давлати дунё эътироф гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд: “ Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем”. Ва имрӯз мову шумо дар амал мебинем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди тағйироту иловаҳо воқеан чароғе шуд, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъолияти мустақилонаро фароҳам овардааст ва муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя ва истиқлолу Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, сулҳу суботро дар кишвар таҳким бахшанд.
Сарвиноз Раҳимзода