6-уми ноябри соли ҷорї аз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25 сол пур мешавад ва ин санаи муҳими таърихї ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории демократї ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтиммоии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳад шуд.
Бо ин мақсад рӯзи 30-юми октябри соли равон бо ташаббуси Муассисаи давлатии маркази ҷавонони ноҳияи Балҷувон дар толори маҷлисии Маркази ҷавонони ноҳияи Балҷувон Конференсияи илмї назариявї зери унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” баргузор гардид. Дар кори конференсия устодони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия, кормандони бахши ҷавонон ва варзиш, хабарнигорони рӯзномаи ноҳиявї ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимї иштирок намуданд.
Устод Асомуддин Мӯсоев – омӯзгори гимназияи давлатї дар баромади худ қайд намуданд, ки: “Дар замони соҳибистиқлолии давлат, баъди раҳої аз буҳрони сиёсї, санаи 6-уми ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқї расмї намуд ва чун шиносномаи миллату давлат Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократї, ҳуқуқбунёд, дунявї ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифї кард. Ин иқдом аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифт, ки нақши ин Иҷлосияи таърихиро ҳамагон хуб медонем.
Бо шарофати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозї ва қабули Конститутсияи давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6-уми ноябри соли 1994 ин Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқї аз ҷониби кулли мардум интихоб ва қабул гардид ва ин рӯзи таърихї дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия эълон шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошадКонститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози ҳар як миллат аст...”
Сипас корманди рӯзномаи “Навиди Балҷувон” Нозанин Ҷобирзода ба сухан баромада, дар бораи волоияти ҳуқуқҳои инсон ва ифодаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро баён намуд.
Метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо маърифати ҳуқуқии ҷавононро баланд бардошта, дар замири ҷавонону наврасон ҳисси ватандӯстї ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро зиёд менамояд.
Ҷобирзода НОЗАНИН