Информация к новости
  • Просмотров: 199
  • Автор: admin
  • Дата: 5-02-2018, 12:21
5-02-2018, 12:21

Зиндагии ободи Точикистон бе ҲНИТ

Категория: Хабар

Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Пас аз давлати асримиёнагии тоҷикон-давлати Сомониён то имрўз ин миллат чӣ қадар рўзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад. Дур намеравем, оғози солҳои бистуми асри гузашта, ки қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ чӣ қадар ҷоннисориҳо барои пойдории миллат ба зуҳур овардааст. Ӯ танҳо барои ҳимояи вожаи  тоҷик  ва  миллати тоҷик  муборизаҳои сахтеро аз сар гузаронид.