Суҳбати ихтисосии нашрияи “Хатлон” бо Зафар Алихонов, ҷавоне, ки 8 сол дар Покистон таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифта, дар ҳайати созмони экстремистии “Содиқлар” - ҷиноҳи “Ҳаракати исломии Туркистон” - дар пойгоҳи низомии террористон дар Вазиристон машқу тамрин кардааст.
Зафар Алихонов, ки 34 сол дошта, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёна, оиладор, падари чор фарзанд аст, чанде пеш аз Туркия ба Тоҷикистон депорт шуд. Вай мегӯяд, ки танҳо баъди чанд соли таҳсили динӣ дар Покистон дарк кард, ки аксари ҷавонон он ҷо фирефтаи гурӯҳу созмонҳои ифротгарою тахрибгаре, чун ҲНИТ, ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар” мешуданд. Ин ташкилотҳо, ба гуфтаи З. Алихонов, аз ҳисоби муҳассилони мадрасаҳо барои худ сарбоз омода мекардаанд, то дар оянда барои амалисозии ҳадафҳои низомию идеологиашон ба кор баранд.