Информация к новости
  • Просмотров: 135
  • Автор: admin
  • Дата: 11-08-2018, 13:01
11-08-2018, 13:01

Тазоҳурот дар ҶИЭ – натиҷаи сиёсати моҷароҷўёнаи режими охундӣ

Категория: Хабар

Баъд аз мавҷи шадиди эътирозҳо, ки дар даймоҳи соли гузашта саросари ҶИЭ-ро тӯли қариб як моҳ фаро гирифта буд, дигарбора ин амвоҷ аз нуқоти мухталифи ин кишвар шурӯъ ба талотум мекунанд ва бӯи тӯфонро дар тамоми фазои Эрон интишор медиҳанд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 107
  • Автор: admin
  • Дата: 11-08-2018, 12:59
11-08-2018, 12:59

Бояд ба гузаштҳо бар террористон нуқта гузошт

Категория: Хабар

Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст. Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро дигар кардаанду халос. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ин ҳизб дар замони роҳбари ҳизб буданаш дар як мусоҳибаи матбуотии худ зимни матраҳ шудани суоле дар заминаи пайдо шудани ҳизбҳое диние монанди наҳзат гуфта буд, ки: «Дар як кишвар як халифа бас аст ва ниёзе ба фаъолияти аҳзоби дигари исломӣ нест». Яқинан чӣ Нӯрӣ ва чӣ Кабирӣ худро халифаи кишвар пиндошта, доим дар андешаи ташкил намудани хилофат дар Тоҷикистон буданд. Ақидае, ки имрӯз коршиносони умури сиёсат ва дин баён медоранд ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар ягон шароит ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият надошт. Баръакс наҳзатиҳо мудом худро фаротар аз ҳизб дониста, дар хусуси ташкили хилофате монанди ДИИШ дар сар нақшаҳое доштанд ва то имрӯз дар паи ташкил намудани он талош меварзанд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 351
  • Автор: admin
  • Дата: 11-08-2018, 04:53
11-08-2018, 04:53

ВКД Миср: «Дар бораи Ҳизби ихвонӣ, ки дар амали террористӣ даст дорад, чӣ медонед?»

Категория: Хабар

 

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Миср зери унвони «Дар бораи Ҳизби ихвонӣ, ки дар амали террористӣ даст дорад, чӣ медонед?» мавод нашр гардидааст, ки тарҷумаи онро пешкаши хонандагон менамоем: