Як тавсия ба кӯри Юнус
Мубаллиғ ва насиҳатгари наҳзатиҳо кӯри Сайидюнус Бурҳонов дар дуруғбофию туҳмат кардани ҳамватанон то дараае ба ҳадди ифрот расидааст, ки навиштаҳояш дигар сару нуг надоранд ва аз қиссаҳою афсонаҳои хаёлӣ ҳам бештар ғайривоқеианд. Масалан, дар яке аз матлабҳои охирини худ, ки зери унвони “Як тавсияи бародарона ба оппозисюн” дар сомонаи ифротиаш нашр кардааст, аввал аз қисмати як ҷавоне ки мавриди таваҷҷуҳи вай будаасту баъд гӯё тағйир ёфта духтарбоз шудааст, бо ҳасрат қисса мекунад. Баъд ба насиҳати ҳаммаслакони наҳзатии худ мегузарад, ки чи гуна бояд мубориза баранду беҳтараш “миёна” бошанд. Пас аз ин ба шоир Бозор Собир мечаспад ва таҳқир мекунад. Дар охир мақолаи пойдарҳавою бемантиқашро бо оёти қуръонӣ зеб медиҳад.
Аслан, ин насиҳатномаи навиштаи ҳазарати кур ба худаш дахл дорад. Зеро дар ҳамин як матлаби кӯтоҳ ҳадди ақал дар ду маврид ба ҳадди ифрот расиданашро исбот кардааст. Аз ҷумла, зимни мисоли овардааш дар бораи ҳамон ҷавоне ки ба гуфти кури Сайидюнус аввал ботақво будаасту баъд духтарбоз шудааст, ифротӣ будани вай баръало маълум аст. Ё вақте ки ба шоири миллат Бозор Собир туҳмат мезанад, дараҷаи баланди ифротӣ буданашро нишон медиҳад.