Гурӯҳҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза барои амалисозии мақсадҳои нопоки худ пайваста талош мекунанд. Онҳо бо ҷараёнҳои носозгор наздикӣ дошта, аллакай ҷинояткори тайёранд, чунки зери ақидаҳои бегона мондаанд. Ақидаҳои бегона онҳоро маҷбур месозанд то бимиранду чанд тани дигарро аз ҳаёт маҳрум кунанд ва бо ҳамин садоқати худро ба созмонҳои терористӣ ва экстремистӣ амсоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) нишон бидиҳанд.
Зимнан, бо далели куллӣ исбот шуда, ки ақидаҳои тафриқаандозона ва хоинонаи зиддибашарии ТТЭ ҲНИ ҳанӯз чанде қабл аз ҷониби мамолики манфиатхоҳ ба хотири миёни мардуми тоҷик тафриқа андохтан, тавлид шудаанд ва ин ҳама зери таъсири бевоситаи аҷнабиён сурат гирифта, ҷонибдори ноором кардани зисту зиндагонӣ ва ҳаёти осоиштаи давлату миллати тоҷик аст.
Касе, ки ба ТТЭ ҲНИ пайваст, ҷинояткор асту ҷазои ногузираш барои ин ҳушдори умрбодест тамоми наслҳоро. Дар рафтори чунинҳо як риштаи зарурӣ, бисёр як ҷузъи дархурди замон вуҷуд надорад. Пайравони ин ҳизби ифротӣ барои ифшои нақшаҳои аз азал хоинона ва разилонаи ТТЭ ҲНИ, ки гӯё даъво доранд, ба роҳи хоси пешрафт мерасанд, бебаҳра аст ва хидмат нахоҳад кард. Кирдори ғайриинсонии аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар минтақа ва ё кишвар аз хотираҳо нарафтаву аллакай дар пайи он боз ашхосе пайдо мегарданд, ки ба муқобили сулҳи умумибашарӣ ва зиндагии осоишта бармехезанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ - Ҳусейн Абдусамадов раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро бар асоси нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф намуда, ба ҳабси абад маҳкум кард. Зери назари ТТЭ ҲНИ санаи 29-уми июли соли ҷорӣ ҳамла ба гурӯҳи ҳафтнафараи сайёҳони рух дод. Дар натиҷа, чор нафар – шаҳрвандони ИМА, Шветсия ва Ҳолланд кушта шуда, ду нафар маҷрӯҳ гардиданд. Акнун сарро ба девор задан ҳам фоида надорад. Майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки роҳгумкардаҳоро дар гирудори мафкуравӣ аз по афтонад. Охир, маънии зиндагӣ хушбахтист, муваффақият оғози бахт аст. Вале дидаву дониста худро ба доми бало партофтан аз нодониву гумроҳист. Ин афрод фикр доштанд, ки мисли шиновари дарёи пуртуғён, ҳар лаҳза дар гирдоби ҳирсу рағбати хеш шино мекунанд, чун надонистанд, ки роҳи интихобкардаашон роҳи носолим ва зулмот буд. Чун даррандаи хашмӣ, ки нимашаб ба шикор баромадаву бӯи сайдро гирифтааст, ба кадом як иқдоме тайёрӣ медиданд, дар охир бо гумроҳӣ худ ба ҷони хештан ситам карданд.
Гуфтан мумкин аст, ки бисёр касон дар пайравии ин нафарон буданд, ҳарчанд ки имрӯз аз мушхонаҳояшон намебароянд ва чунин ниятҳои худфиребона касеро ба зинаи мурод намерасонад. Барои чунинҳо зиндагии орому осуда ва ҷомеаи муттамадин насиб намекунад. Ақидаҳо ва ҷараёнҳои ба инсоният бегона зуд аз байн хоҳанд рафт. Мақсади хиёнаткорона ба хокистар мубаддал мешаваду ба боди фано меравад.
Рустам Раҳимов