Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019 дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.
Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ бо рангу бӯи гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи-24», «Салафия» ва дигарон бошанд, мунсифона аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби ҳокимият ва давлат дар Тоҷикистон аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ «ҳаё-ҳуйи сиёсӣ» («Политический бум») ташкил дода, кӯшиш менамоянд ҳукумат ва давлати дунявии Тоҷикистонро дар назди ҷаҳониён ва хоҷагони хориҷии худ сиёҳ созанд, то ки назари онҳоро дар ин масъала сарбаста сохта, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб созанд. Махсусан сарварону намояндагони муҳоҷиратро интихобкардаи ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи-24», ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхурона доранд, худро ҷабрдида нишон дода мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ зананд. Дар асл бошад ҳодисаи мудҳиши шаби 19.05.2019 бори дигар симои экстремистию террористии ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии ифротиро ошкор месозад.