Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 01.08.2019 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 8045
  • Автор: admin
  • Дата: 1-08-2019, 23:15
1-08-2019, 23:15

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Категория: Хабар

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

 

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:
- Устод, хуш омадед ба идораи мо. Сараввал каме дар бораи худ нақл мекардед.
-Деҳаи Ғайрат, ки ман таваллуд шудам, ҳоло яке аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар аст. Агар аз давраи кӯдакиву наврасӣ ҳарф бизанем, ман бояд нахуст дар бораи мактаб сухан ронам. Ҳоло ҳамон мактабе, ки ман хатм кардам, онро барои худ ҳамчун «академия» меҳисобам. Омӯзгорони ҷонфидо пайи тадрис буданд, онҳое, ки ошиқи касби худашон буданд, ошиқ она ба мо дониш медоданд. Ман чунин фикр дорам: агар ман дар ҳамин деҳа ба дунё намеомадам, ҳамин мактабро намехондам, имрӯз маро ҳамчун журналист, ҳамчун шахсият касе намешинохт… Шояд чунин мебуд. Муаллимаи аввалини ман Муҳаббат Қутбиддинова, ба синни мубораки 95 расидааст, ҳоло ҳам хотирааш равшан мисли пешин, қувваи ҳофизааш ҳоло ҳам қавист. Ҳар гоҳ, ки ба Ватан меоям, нахуст аз ҳоли муаллимаам хабар мегирам. ӯ қаҳрамон аст. Муҳаббати 18-соларо аз Самарқанд барои баланд бардоштани сатҳи маорифу маърифат аввал ба Душанбе, сипас ба водии Вахш фиристода буданд.
Муаллимони фанни забон ва адабиёт Раҳмонқул Ҳакимов, математика Амонуллохон Бобоев, химия ва биология Ҳабиба Турсунова дар ташаккули шахсияти ман нақ ши бориз гузоштанд. Ин ҷо як чизро бояд қ айд кард. Аз солҳои 30 то охири 60-уми қарни гузашта муаллимони аввалин аксаран аз манотиқ и нисбатан пешрафтае чун Самарқ анд, Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан, водии Зарафшон буданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маорифу маърифат ба минтақаҳои кӯҳистон ва водии Вахш равона шуда буданд. Онҳо рисолати худро бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд ва аз миёни мардуми маҳаллӣ шогирдон тайёр карданд, ки онҳо минбаъд дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми худро гузоштанд ва ҳоло ҳам саҳим ҳастанд.
Соли 1969 мактабро хатм кардам ва ҳамон вақт аввалин мақолаам дар рӯзномаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» чоп шуд. Фаромӯш накунам, вақте синфи 9 мехондам, матлаби дигарам дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»  нашр         шуда         буд.
-Баъд Саломиддини ҷавон роҳ пеш гирифт ба пойтахт, барои донишҷӯ  шудан…
-Дар тақдири ман тағоям, Абдулаҳад Наимов, ходими маъруфи ҷумҳурӣ, солҳои 20-30 яке аз ҳамсафони Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум нақши бузург бозид. Моҳи ноябри соли 1970 ӯ ба хонаи мо омад ва ба модарам гуфт, ки назди институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) курсҳои забону адабиёти рус ташкил шудааст. «Ман Саломиддинро он ҷо мебарам». Ман омадам бо тағоям ва дар ҳамин курсҳо шунаванда, номзад ба донишҷӯ шудам. Ман шабурӯз ба фонетикаи забони        русӣмашғул     шудам.
-Мегӯянд, факултаи забон ва адабиёти руси институти педагогии Душанбе он замон хеле қавӣ         буд?
- Оре. Сатҳи таълиму тарбия дар ин ҷо шояд аз Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов баланд буд. Ин ақидаи на танҳо ман аст. Ин ҷо устодони қавӣ ва дорои дониши баланд буданд, факулта «элитный» (баланднуфуз) маҳсуб мегашт. Факултаҳои забон ва адабиёти руси дигар макотиби олии ҷумҳурӣ ба сатҳи факултаи мо намерасиданд. Инро ҳама медонист. Сифати таълиму тарбия ин ҷо дигар буд. Ба мо омӯзгорони баландихтисос, чун профессор Людмила Владимировна Успенская-зани бузург, ватандӯст, модари нависандаи маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоров, Муза Лазаревна Михлина, Александра Леонидовна Спектр, Галина Фёдоровна Шабунина ва мисли ин ин устодон дарс медоданд.
Як чиз ҷолиб аст. Моро «спецгруппа» (гурӯҳи махсус) мегуфтанд-касе, ки мактаби тоҷикиро хондааст, шомили ин гурӯҳ буданд. Аммо «нагрузка», масъулияти мо аз гурӯҳи русизабонҳо ду баробар бештар буд. Онҳо 4 сол мехонданд, мо 5 сол. Мо дар муқоиса бо онҳо аз адабиёти рус бохабар набудем, бояд садҳо асар мехондем, то ба пояи онҳо бирасем. Дидам, ки мушкил аст, наздам вазифа гузоштам: агар дар як рӯз аз сад саҳифа кам хонам, хоб нахоҳам кард.
Дар факулта муҳити донишсолорӣ буд. Ба қ авли русҳо, «царил культ знаний». Донишҷӯи сустхон ҳамчун донишҷӯи «навъи дуввум» қабул карда мешуд. Мо шабурӯз китоб мехондем. Дар китобхонаи институт тамоми китобҳои     зарурӣ         мавҷуд      буд.
Соли 1976 институтро бо дипломи аъло хатм кардам. Мудири кафедраи забони русӣ Эля Николаевна Кушлина ва мудири кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Александра Леонидовна Спектр маро барои кор ба кафедраҳояшон даъват карданд. Ман кафедраи забони русиро интихоб кардам. Ин ҷо ҳамчун омӯзгори забони русӣ 2 сол фаъолият кардам.
Соли 1978 дар шаҳри Қ ӯрғонтеппа филиали институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко боз шуд ва маро ҳамчун омӯзгор ва коммунисти ҷавон ба ҳайси декани факултаи забон ва адабиёти рус ба он ҷо равон карданд. Ду сол кор кардам. Баъд бо хоҳиши худ аз он ҷо рафтам. Мактаб рафтам, омӯзгор будам. Баъд маро ба ҳайси тарҷумон ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон фиристоданд. Баргаштам…
-Хуб, омӯзгор будед. Чӣ боис шуд, ки ба рӯзноманигорӣ рӯ оред?
-Ин ҳам ҷолиб аст. Муовини директор будам, оид ба мушкилоти мактаб дар рӯзномаи русизабони вилоятии «Кургантюбинская правда» мавод менавиштам. Навиштаҳои маро нашр ва дар маҷлисҳои корӣ муҳокима мекарданд. Ҳамон вақ т маро «таги чашм» карда будаанд. Рӯзе мудири шуъбаи мактаби рӯзнома ба ман хабар дод, ки ба кор гирифтанианд. «Пагоҳ назди муҳаррир биёед». Идораи рӯзнома дар бинои куҳнаи якошёна қ арор дошт. Як долони васеъ идораи тоҷикиро аз русӣ ҷудо мекард. Ман пеши муҳаррири рӯзномаи русӣ омадам. Ногоҳ дар долон аз пешам котиби масъули идораи тоҷикии рӯзнома Мирзо Гадоев баромад. «Инҷо чи кор мекунӣ?»-пурсид ӯ. Гуфтам, ки маро Геннадий Петрович Шербатов барои суҳбат даъват кардааст. «Э, биё назди мо. Дар шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ танҳо як нафар мондааст. Ду каси дигар ҳамчун муҳаррирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ рафтанд. Ту коммунистӣ, дар шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ коммунистон заруранд». Посухи маро интизор нашуда, аз дастам гирифт ва назди муҳаррир Муқ им Абдураҳмонов даровард. Гуфт, ки ана, нав аз Афғонистон баргаштааст, тарҷумон буд. «О, тарҷумон? Бюрои матбуотии рӯзномаи «Правда» (рӯзномаи бонуфузтарини ҳизбии Иттиҳоди Шӯравӣ. А.Д.) барои рӯзномаҳои минтақ авӣ маводҳои зиёд барои тарҷума мефиристад. Бигзор имрӯз тарҷума кунад, мо чоп мекунем»,- гуфт сармуҳаррир. Ман хона рафтам, чанд соат кор кардам ва маводҳоро овардам. Тарҷума ба муҳаррир хуш омад. То соли нав рӯзҳои башумор монда буд. «Аризаро нависед ва баъд аз соли нав дар шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ корро саркунед»,   -гуфт                   сармуҳаррир.
Ман бо мақ сади корманди рӯзномаи русӣ шудан ба идора омадам, аммо рӯзноманигори идораи тоҷикӣ шудам.
Баъд аз 10 моҳ маро Муқим Абдураҳмонов мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ таъин кард. Он замон ин шуъбаи пешбар буд. Маро дар бюрои Кумитаи вилоятии ҳизб тасдиқ карданд. Котиби ташкилоти ҳизбӣ интихоб намуданд. Каме зиёд аз як сол кор кардам, Боре Муқим Абдураҳмонов маро наздаш хонд. Гуфт: «Дар бораи фаъолияти рӯзнома бо забони русӣ гузориши солона навиштан лозим аст. Шумо русӣ хондаед, онро омода кунед». Баъд як ҳафта гузоришро дар ҳаҷми 15 саҳифа омода кардам. Баъд аз соате ӯ маро наздаш даъват кард: «Ин гузоришро каме тағйир диҳед, як маводи хуби рӯзнома мешавад. Шумо чаро бо забони русӣ наменависед?! Дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистан» нависед, се сол боз дар вилояти Қӯрғонтеппа мухбир надоранд. Борис Николаевич Пшеничний (сармуҳаррири ҳамонвақтаи «Коммунист Таджикистана». А.Д.) гуфтааст, ки «агар ягон кадри тоҷик ёбам, ҳамин вазифаро ба ӯ вогузор мекунам. Барои ман дар ин минтақа тоҷик даркор аст». Дидед? Охир нависед!». Ман баромадам ва ба андеша рафтам, «чаро ки на?» Ва шурӯъ кардам ба навиштан. Дар тарафи дигари долони идора ҳуҷраи кории мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбии рӯзномаи «Кургантюбинская правда» Владимир Захватов буд (ӯ то соли 1991 ҳамчун муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кард. Ҳоло дар Қ рим ба сар мебарад). Мо бо ӯ ҳамкорӣ мекардем. Ман бо русӣ навиштанро оғоз кардам. Ба ӯ нишон медодам: «Володя, инро бин». Тавсия медод, ки баъзе ҷойҳоро ислоҳ кунам, ӯ худаш ба «Коммунист Таджикистана» мебарад. Рӯзи душанбе ба идораи рӯзнома рафт ва аллакай фардояш дар саҳифаи аввал маводи ман чоп шуд. Пшеничный гуфтааст, ки ба ман аҳамият диҳанд. Ва шуъбаҳо ба ман мавод фармоиш медоданд. Шуъбаҳои фарҳанг, саноат, кишоварзӣ. Ҳамин тур, як сол гузашт. 5 июни соли 1985 маро дар бюрои КМ ҲК Тоҷикистон ҳамчун мухбири газетаи «Коммунист Таджикистана» дар вилояти Қӯрғонтеппа тасдиқ карданд.

-Дар замони шӯравӣ, ки ҳизб мавқеи асосӣ дошт, ин вазифаи бонуфуз буд…
-Оре, ҳамин тур аст. Дар ВМКБ Ҷонбобоев буд, намедонам, ҳоло зинда аст ё на, дар Кӯлоб Рустам Абдуллоев, дар вилояти Ленинободи онрӯза Мансур Сайфиддинов мухбирони минтақавӣ буданд. Ҳамаи инҳо рӯзноманигорони варзидаву қавӣ буданд.
Хуб, дар рӯзнома 7 сол кор кардам. Соли 1988 соҳиби Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шудам. Ҳамин 7 солро, аз соли 1985 то 1992, хушбахттарин давраи зиндагиам меҳисобам. Фикр мекунам, оид ба ҳамин лаҳзаҳои умрам бояд китоб нависам.
Замони шӯравӣ кормандони рӯзномаҳои ҳизбӣ хеле таъсиргузор буданд. Мансабдорон аз онҳо ҳарос доштанд, сахт ҳурматашон мекарданд. Самти асосии фаъолияти ман иқ тисодиёт, комплекси агросаноатӣ, нақ лиёт ва фарҳанг буд.
Дар Қӯрғонтеппа раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Р. П. Ҳакимова буд. Шавҳараш дар прокуратураи вилоят кор мекард. Ҳомии ӯ яке аз роҳбарони аввали ҷумҳурӣ буд. Шодравон, номашро нахоҳам гирифт. Роҳбарияти кумитаи ҳизбии вилоят нав шуд, Абдукарим Қ осимов ба кор омад…
Хуб, сари мавзуъ. Ин зани роҳбар ба қ авле аз «ҳад гузаронд». Шуъбаи адлия корҳои тақ аллубӣ дар тақ симоти манзилро фош кард. Он замон хонаҳо фурӯхта намешуданд, дар навбати манзил истодан лозим буд. Ва ҳамин навбат дар шаҳр беадолатона буд. Касе, ки солҳо интизор буд, ба онҳо намерасид, баръакс, шахси нав дар навбат истода хона мегирифт. Кор ба ҳадди ифрот расида буд. Масалан, ба як нафар интирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ордер (ҳуҷҷат)-и манзил дода шуд, аммо рӯзи дигар чунин ҳуҷҷат ба ҳамин манзил ба шахси дигар дода шуд. Маълум, ки бе ришва ин кор сурат нагирифтааст. Рӯзи дигар ин собиқ адори ҷанг меравад, ки манзили ба ӯ ҷудошуда банд аст. Бо чизу чорааш як шаб дар берун мемонад. Ман бо ӯ вохӯрдам. Баъди рафтани ман пас аз нисфирӯзӣ хонаро холӣ карданд ва муйсафед онро соҳибӣ кард.
Бо вуҷуди ҳамин қ онуншиканиҳо котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизб ҷуръат намекард, ки ӯро аз кор гирад. Ба марказ занг мезананд, дар посух мегӯянд: «ҳоло вақ таш меояд, мо ҳамаро медонем». Ман дар ин самт кор бурдам. Шуъбаи адлияи вилоят, прокуратураи шаҳрӣ…Котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа огоҳ кард, ки «бародар, эҳтиёт кун, боз худат «гум» нашавӣ». Матлаби танқ идӣ дар рӯзнома чоп шуд. Рӯзи дигар Абдукарим Қ осимов ба ман занг мезанад: «Мирзораҳматов, як назди ман биёед». Хурсанд, рӯҳбаланд буд. Котиби якуми Кумитаи вилоятии ҳизб… «Мо дар бюрои кумитаи вилоятӣ муҳокима мекунем, тамом, вай аз кор хоҳад рафт». Аз Кумитаи марказии ҳизби ҷумҳурӣ ба Пшеничний занг мезананд: «Мо худамон ҳамин тур карданӣ будем, барои чӣ шумо ҳангома бардоштед?». Пшеничный, ки худ мулоҳизакор, ба қ авле «дипломат» буд, посух медиҳад: «Дар ин маврид мо ба Кумитаи марказӣ кумак расондем». Яъне, ҷонашро халос мекунад.
Ин хел корҳоро он замон муҳит қ абул камекард. Хуб, бонуро аз кор гирифтанд, маро ҳам чизе нагуфтанд. Чунин мисолҳо кам набуданд.

-Вилояти Қӯрғонтеппа, охири солҳои 80, замони «бедории маърифати диниву миллӣ», нахустин садобаландкунии рӯҳониён, ки ахиран ба ҷангҳои шадид овард. Муқобилистии намояндагони минтақаҳои гуногун…Бигӯед, дар «арафа»-и ҷанги шаҳрвандӣ дар вилоят фаъолият доштан бароятон чи гуна буд? Хоса барои як коммунист-рӯзноманигор, ки бо       забони      русӣменавишт?

- Руҳониён, то андозае закӣ буданд, бо замона «месохтанд». Сараввал рафторашон муътадил буд, дар мавзуъоти маъвизаҳояшон ба сиёсат даст намезаданд, танҳо суханони ирфонӣ, даъват ба арзишҳои динӣ буд. Аммо баъд аз ба даст овардани истиқлолият рафтору амали онҳо ба куллӣ      дигар        шуд…
Акнун онҳо симои ифротии худро нишон медоданд. Баъд аз бозгашт аз майдонҳои эътирозии Душанбе (моҳи маи соли 1992) ба Қӯрғонтеппа ғоратгарӣ оғоз гардид. Дар вилоят «ҳокимони нав» пайдо шуданд. Дарҳол 11 мошини гаражи кумитаи вилоятии ҳизбиро тасарруф карданд, 2 микроавтобуси «Рафик», 25 тонна сӯзишвории бензин… Ҷангиён, ба истилоҳ «муҷоҳидон» дар мошини котиби якуми ҳизбии вилоят бо силоҳ сайр мекарданд. Тамоми дороии кумитаи ҳизбии вилоятро талаву тороҷ карданд. Дар бинои кумитаи ҳизбии шаҳрӣ ситоди худро ташкил доданд. Қатлу куштор, гаравгонгириҳо оғоз гардид. Рӯихати одамоне, ки бояд маҳв мешуданд, тартиб дода шуд. Як хешамон наздам омад ва гуфт, ки аз ин ҷо равам, чун номам дар рӯихат ҳаст. «Рӯихати коммунистон». Коммунистоне, ки асли баромадашон аз водии Рашт аст. Маълум шуд, онҳо ният доштанд, ки «агар қ удратро гирем, аз «коммунистони худӣ» сар     мекунем».
Қувваҳои Фронти халқ ӣ даромаданд ва набардҳои сахт оғоз гардиданд…
Хуллас, фирор кардем ба Душанбе. Ин ҷо ба идораи рӯзнома кор мерафтам. Рӯзе як мошини тамғаи «Жигули» ба шаст омада, дар наздам қарор гирифт. Дар кушода шуд, собиқ раиси матлуботи ноҳияи Қумсангир Каримҷон Амирҷонов (ҳоло шодравон)-ро дидам, ки рӯҳониён «шӯриш» бардошта, ӯро аз кор гирифта буданд. «Куҷо рафта истодаӣ? Бишин»,-гуфт ӯ. Гуфтам, ба идораи рӯзнома. «О, рӯзномаат «мурд», ту ҳоло ҳам нафаҳмидӣ?» Вай ба пойтахт омада, дар бинои Тоҷикматлубот як ширкати муштарак ташкил карда буд, аз корхонаи текстили шаҳр ба Афғонистон матои «бахмал» мефиристод. Вай ташкилотчии хуб буд. Гуфт, ҷонишин даркор аст, ҳамроҳаш кор кунам. Қиссаи аз кор гирифтани ӯ аҷиб буд. Моҳи декабри соли 1991 дар Қумсангир раиси кумитаи иҷроия, сарвари ноҳия Турсунбой Раҳматови хуҷандӣ буд. ӯ зери фишори омма маҷбур шуд аз кор равад. Амирҷоновро ҳам «сарироҳӣ» гирифтанд, то ин ки фикр накунанд, ки танҳо хуҷандиҳоро ин ҷо дидан намехоҳанд. Нагӯянд, ки «ин ҷо маҳалчигӣ рафта истодааст»…Аз дигар ноҳияҳо ҷавононро ба маркази ноҳия барои эътироз оварда буданд. Лақаби раиси матлуботро «Похса» монда буданд. «Похса, истеъфо!!!» ҷор мезаданд. Раиси ноҳия баъдан вазири кишоварзӣ шуд. Ҷолиб ин аст, ки ҳамонҳое, ки барои аз кор рафтани ӯ ҷор мезаданд, бар сари даргириҳо фирорӣ шуданд ва дар хонаи Турсунбой Раҳматов ҳафтаҳо зиндагӣ карданд… Чунин аст тазодҳои зиндагӣ.
Хуб, ҳамроҳи собиқ раиси матлубот кор кардем. Як тоҷири афғон бо мо ҳамкорӣ мекард. Боре ашхоси мусаллаҳ ба манзили зисташ даромада, 40 ҳазор доллари амрикоиро, ки он замон маблағи хеле калон буд, тасарруф мекунанд. Ин «муҷоҳидон»-и шаҳри Душанбе буданд. Боз як ҷомадони пур аз пули «деревянный» дошт. Вазъият торафт муташанниҷ мегардид, ҳамроҳаш рафтем ба Қ азоқ истон. Ба худ гуфтем, баъд аз се-чор моҳ вазъ ором хоҳад шуд, бармегардем.
Инак 27 сол аст, ки ҳамроҳи аҳли байтам муқими ин кишвар ҳастем. Фарзандонам ин ҷо бузург шуданд, маълумот гирифтанд. Ҳоло ба соҳибкорӣ        машғул         ҳастанд.
-Ва дар ин муддати тӯлонӣ ба навиштан даст назадед?
-Бале, то соли 1998 қалам ба даст нагирифтам. Вақти ин корҳо набуд, роҳи зиндагиро ёфтан лозим буд. То кори дуруст пайдо кардан, зиндагиро аз сари нав ба низом даровардан. Аммо вақ те моҳи сентябри соли 1998 рӯзноманигори варзида Отахон Латифиро куштанд, бароям як таккони ҷиддӣ шуд. Бо марҳум ҳамкорӣ мекардем, дар водии Вахш сафарҳои муштарак доштем. Ҳар вақт ба минтақаи мо меомад, мо якҷоя мегаштем. Мухбири рӯзномаи бонуфузи «Правда» дар Тоҷикистон буд. Вай то андозае пуштибони ман ҳам буд. Ман такя бо далелҳо ба роҳбарон, ки ба роҳбарияти вилоят наздик буданд сарпанҷа мезадам ва онҳо ба ғазаб омада, тавассути «обком» маро аз кор гирифтанӣ мешуданд, аммо посух мешуниданд, ки «монед инро, паси ин Латифӣ истодааст. Нарасед ба ӯ».
Ҳамин хел гапҳо буд. Ҳамин куштори Латифӣ сабаб шуд, ки дар як шаб як маводи калонҳаҷм нависам. Қарор додам, ки минбаъд навиштанрооғоз  кунам.
-Ва шурӯъ шуд бозгашти Саломиддин Мирзораҳматов ба журналистика. Акнун замона дигар шуд ва ҷойи рӯзномаро шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтанд. Майдони фаъолият низ тағйир ёфт. Дар саҳифаи фейсбукии худ Шумо фаъол ҳастед, аллакай силсилаи маводи публиситӣ, очеркҳоятон дар бораи ходимони ҳизбиву давлатӣ он        ҷо     дарҷгардиданд.
- Аввалин очерки таърихиам соли 1990 дар бораи Мунаввар Шогадоев дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» чоп шуда буд. Дар бойгони (архив)-и ҷумҳуриявӣ ду ҳафта кор кардам. Ин ҷо Хазинаи Шогадоев ташкил шуда буд. Ҳама маводҳо дар бораи ӯ ҷамъ оварда шуда буданд. Зиндагиномаи ӯ аҷиб аст. Соли 1937, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи собиқ и Ҳоит Мунаввар Шогадоев. «Делои шахсӣ»-и ӯро ба Кремл ҳамчун номзад ба вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи марказии иҷроияи ҶШС Тоҷикистон равон карданд. Яъне, ӯ бояд муовини Шириншоҳ Шоҳтемур мешуд. Замоне, ки масъала мавриди баррасӣ қарор дошт, моҳи июни соли 1937 Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҷурми «иштирок доштан дар ташкилоти миллигароӣ» ҳабс мешавад. Моҳи октябри ҳамон сол ӯ ба қатл расонда шуд.
Ҳамин тариқ , роҳбари як ноҳияи дурдасти кӯҳистон Шогадоев номзади бебаҳс ба курсии Шоҳтемур мегардад, яъне, роҳбари ҷумҳурӣ! Як сол кор кард, баъд ислоҳоти сохтори давлатӣ гузаронида шуд. Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ҳамчун мақ омоти давлатӣ лағв карда шуд. Аз ин ҷониб Котиби якуми ҲК роҳбари якум ба ҳисоб мерафт, дуввум роҳбар Раиси Президиуми Олӣ, саввум роҳбар Раиси Шӯрои Вазирон шуморида мешуданд. Шогадоев раиси Президиуми Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва дар ин вазифаи баланд то соли 1950 кор кард. Яъне, «иерархия», табақ абандии мансабҳои олии давлатӣ тағйир ёфт. Соли 1938 ба ҷумҳурӣ ба ҳайси Котиби якуми КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон аз Москва Дмитрий Захарович Протопопов омад. Протопопов ба ҷумҳурӣ бо рисолати махсус омад. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомовро қатл карданд. Ҳамсафони онҳо зери тазйиқ гирифта шуда буданд. Масалан, тағои ман, ҳамсафи наздиктарини Нусратулло Махсум-Абдулаҳад Наимов, маъруф бо номи «Абдулаҳад Махсум» бо ҷурми «фарзанди бой» будан муттаҳам шуда буд. ӯро ба муддати 18 сол ба Сибир бадарға карданд.
Кадрҳои маҳаллии боқувват қариб намонда буд. Дар ҷумҳурӣ камбуди кадрҳои миллӣ эҳсос мешуд. Иосиф Сталин Протопоповро бо рисолати махсус ба Тоҷикистон равон мекунад: «Бояд кадрҳои маҳаллиро тайёр кунӣ. Ҳамон вақт, ки ин вазифаро иҷро мекунӣ, мо туро дар он ҷо бо роҳбари миллӣ иваз хоҳем кард». Аз соли 1938 то 1946 роҳбарӣ дошт. ӯ вазифаи гузошташударо бомуваффақият иҷро кард. Масалан, рӯйи кор омадани ходими намоёни ҳизбиву давлатие чун Ҷаббор Расулов маҳсули кори ӯст. Бобоҷон Ғафуров, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Турсун ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Назаршо Додихудоев... Дар ташаккули ин ходимони намоёни давлатии Тоҷикистон нақ ши Протопопов калидӣ буд. Бо Мунаввар Шогадоев Дмитрий Захарович умуман муносибати бародарона дошт. Онҳо дар ҳамсоягӣ мезистанд.
Протопопов на танҳо як зумра ходимони намоёни давлатии тоҷикро омода намуд, балки дар ташаккули шахсияти онҳо нақ ши бузург гузошт.
Ман дар бойгонии давлатӣ кор карда, ин далелҳои аҷибро ёфтам. Вақ те соли 1998 дар бораи Отахон Латифӣ навиштам, ин ҳам очерки таърихӣ буд ва дар симои ӯ солҳои 70-80-уми қ арни гузаштаро ба қ алам      додам.
Ҳамин боис шуд, ки ба Шогадоев, Ғафуров ва дигарон рӯ оварам ва таърихи Тоҷикистони шӯравиро барои хонанда бозкушоӣ кунам.
-Вокунишҳои зиёд сари маводҳоятон дар шабакаҳои иҷтимоӣ на ин, балки дар бархӯрди Шумо бо намояндагони ҷониби мухолифин буд, ҳарчанд очеркҳои таърихиатон аз ҷониби хонандагон хуш истиқ бол гирифта      шуданд…
-Бале, дар ин мавзӯъ солҳои охир силсилаи мақ олаҳо ба табъ расондаам. Ман бо овардани далелҳо исбот кардам, ки ҳангоми гирдиҳамоӣ дар майдони «Шаҳидон» хаймае буд, ки дар он кормандони сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доштанд ва кори майдон аз ҷониби онҳо тарҳрезиву роҳбарӣ карда мешуд. Моҳи сентябри соли 1992 аз Эрон бояд як ҳавопаймои пур аз силоҳ барои боевикҳои исломӣ меомад, аммо хадамоти махсуси рус инро фаҳмиданд ва воридоти он пешгирӣ карда шуд.
Ман инро қаблан дар навиштаҳои худ гуфта будам ва ҳоло ҳам таъкид мекунам: агар ҳамон вақт воридоти силоҳ аз Эрон пешгирӣ намешуд, имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон мафҳуми сиёсие чун «Тоҷикистон» шояд арзи вуҷуд намедошт. Ҷануби кишвар ба «Афғонистони кучак» табдил меёфт. Кишвари дигари ҳамсоя тамоми чораҳоро меандешид, то ки алангаи ҷанг фаротар аз ағбаи Анзоб наравад ва қисми шимолии кишвар таҳти тасарруфаш медаромад. Чунин сурат гирифтани ҳаводис воқеӣ, вазъият беҳад хатарнок буд…
Шиорҳои майдон низ аз тазоҳуроти алайҳишоҳии Теҳрон қ ариб нусхабардорӣ шуда буданд, ҳатто «Марг ба Амрико!» садо дода буд. «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту» ин ҷо ба «Золимин, золимин, марг ба найрангатон, хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон»…иваз шуда буд. Яъне, дахолати рӯирости кишвари хориҷӣ дида мешуд.
Ин ҷо як нуктаро муҳим медонам қ айд кунам. Он зиёиёни тоҷик, ки ҳамарӯза дар гирдиҳамоӣ ширкат доштанд, ҳузури хадамоти махсуси кишвари бегона ва мақ садҳои ғаразноку хатарноки онро фаҳмида, майдонро тарк карданд. Дар майдон танҳо он зиёиёне монда буданд, ки ба хадамоти ҷосусии ин кишвари аҷнабӣ фурӯхта шуда буданд. Ҳоло ду қабил афрод ҳастанд-аввалан, онҳое, ки ошкоро аз манфиатҳои Эрон ҳимоя мекунанд ва баъдан, афроде, ки инро бо усули «паси парда» ба роҳ мондаанд. Онҳо ошкоро аз пуштибонии сиёсати ҶИЭ ҳарф намезананд, аммо зери ниқ оби «фарҳанг, забон, таърихи муштарак» супориши хадамоти ҷосусии ин кишварро иҷро мекунанд. Инҳо берӯтар аз афроде ҳастанд, ки рӯирост ҳукумати мазҳаби (теократӣ)-и Теҳронро ҷонибдорӣ мекунанд, ки дар минтақ а ниятҳои муғризона дорад. Чеҳраҳое, ки ошкоро сухан мегӯянд, ба ҳар ҳол маълум ҳастанд, дуввумин бӯқ аламуне ҳастанд, ки бо вазидани боди дигар дарҳол «ливо»-и худро иваз хоҳанд кард. Ва хатари инҳо зиёдтар     аст.
-Консепсияи «интиқоли    инқилобиисломӣ»…
-Ҳамин тавр аст. Ва мутаассифона, ин консепсия дар сиёсати хориҷии «кишвари ҳамзабон, ҳамнажод ва ҳамтаърих» ҳоло ҳам мавқ еъ дорад. Аммо баъд аз гузашти 27 сол мақ садҳои собиқ ҲНИТ, ки ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст, тағйир наёфтаанд-бо кумаки хадамоти махсуси Эрон ва дар мавҷи террору таҷовуз ҳокимиятро ба даст овардан. Ҳанӯз соли 1992 маълум буд, ки ин ҳизби мамнуъ ба бозичаи дасти хадамоти ҷосусии ин кишвар табдил      шуда         буд.
-Дар китоби «Кривое зеркало таджикской демократии» («Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик»), ки охири соли гузашта дар Душанбе бознашр гардид, Шумо дар бораи чанд ашхоси пештози ҷониби мухолифин навишта будед ва онҳоро зери танқид кашидед. Аз ҷониби қаҳрамонони китоб ягон вокуниш шуда буд?
-Суоли ҷолиб. Ин китоб, ки аз очеркҳои пешнавишташуда иборат буд, соли 2011 таҳти дигар ном нашр гардид. Яке аз қаҳрамонони он, Бӯрӣ Каримов соли 1999 маро дар фурудгоҳ бо модарарӯсам дид ва гуфт: «Ҳамин писари шумо бузургонро таҳқир мекунад!». У хаёл кард, ки модарам аст, ҳарчанд дар ҳақиқат хушдоманам мисли модарам аст. Аҷиб. Ту магар шарм намедорӣ, ки аз худат «бузург» метарошӣ? О ин китобат («Фарёди солҳо» А.Д.) як ҷумлаи солим надорад!
Дигараш, Мирбобо Мирраҳим (собиқ раиси «Кумитаи садо ва симо» дар «Ҳукумати муросои миллӣ» А.Д.) дар ҷавобияи очерки ман ҳатто як китоб навишт! Ман барои худ ҳатто ҳайф донистам ин китобро хонам. Дар яке аз рӯзномаҳои шахсӣ, ки баъдан муфлис шуд, ӯ қ исм-қ исм онро нашр кард. Ман зарур надонистам ба ӯ ҷавоб нависам, танҳо ба сармуҳаррири ҳамон нашрия нома навишта, овардам: шахсе, ки Айнии бузургро таҳқ ир мекунаду ба ӯ туҳмат мезанад, номи яке аз абармардони илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимиро сиёҳ мекунад, умуман, ба жожхойӣ машғул аст, лоиқи баҳс нест.
-Хуб, ҳарифони Шумо мегӯянд, ки ҳарчанд солиёни дароз дар муҳоҷират ба сар мебаред, гӯё «гумоштаи ҳукуматӣ» ҳастед. Ба ин чӣ мегӯед?
- Бале, ҳатто гуфтанд, ки тиҷорати бузург дар Қазоқистон дорам ва «сарпараст»-и ман кадом хадамоти амнияти миллии Тоҷикистон аст. Ана сатҳи «босаводии» ҳарифони ман. Чӣ тавр роҳбари хадамоти амниятии як кишвар дар кишвари дигаре тиҷорати касеро сарпарастӣ карда метавонад?! Албатта, ҳамаи ин хандаовар менамояд, «мухолифини доно» имрӯз сару калобаашонро гум кардаанд, иттиҳоди қ авӣ надоранд, «Паймон»-и дурӯғинашонро аз будаш хеле зиёд нишон доданӣ мешаванд, ба ҳарзагӯиҳо даст мезананд. Ин аз заъфияти онҳо дарак медиҳад. Барои даст ёфтан ба кумаку грантҳо инҳо ҳатто якдигарро чашми дидан надоранд. Ман дар бораи ин дар саҳифаи фейсбукиам муфассал навиштаам ва на як бору ду бор. Ба тамоми далелҳои овардаи ман онҳо як посух доранд-туҳмат, дашном, тавҳид.
Аз саҳифаҳои ҳафтаномаи бонуфузи Шумо бояд махсус изҳор кунам: чизе, ки ман мегӯям ва менависам, ин ақидаи устувор ва мавқеи шаҳрвандии ман аст. Дар муқоиса бо онҳое, ки гонорар мегиранд, грантҳоро «ҳалол» мекунанд, ман ягон мақсади ғаразнок надорам. Ман ягон вақт «оппозитсионер» набудам ва шуданӣ ҳам нестам. Ошкоро мегӯям, ки идеали ман сохти сотсиализм аст. Ман то ҳол ба ин идеалҳо        содиқ        ҳастам. Сипос барои          суҳбати     ошкоро.
-Сипос ба Шумо, ки имкон додед назари худро баён кунам. Ба Шумо ва хонандагонатон         барори      кор   мехоҳам.

«Имрӯз нюс» аз №119 (1909) аз 24.07.2019с. 

Информация к новости
  • Просмотров: 10361
  • Автор: admin
  • Дата: 1-08-2019, 23:15
1-08-2019, 23:15

БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ

Категория: Хабар

БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ

 

Олимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша дар пешрафти соҳаҳои  гуногуни ҳаёт, аз ҷумла иқтисод, сиёсат ва фарҳанги давлату миллат саҳми арзанда мегузоранд. Миллати моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои олимону адибонаш мешинохтанд. Дар ҳамаи давру замонҳо олимону адибони тоҷик        машъалафрӯзи ҳаёти мардум буданд ва роҳи 
тараққию созандагиро мунаввар месохтанд. Ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолӣ низ олимон дар хизмати халқу ватани худ буданд ва ҳастанд. Онҳо ҳамеша барои пешрафту тараққӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва болоравии эътибори кишварамон дар сатҳи байналхалқӣ кушиш менамоянд.  
    Яке аз чунин нафарон олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ буданд, ки муддати 23 сол вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишварро ба зимма доштанд. Роҳашон ба илм баъди хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 5 сол худи ӯ дар ҷабҳаҳои он иштирок дошт, оғоз гардидааст. Муҳаммад Осимиро дар давоми панҷ соли иштирок дар набардҳои хунин фашистони истилогар кушта натавонистанд ва ӯ ҳамчун яке аз қаҳрамонҳои он ҷанг ба Ватан баргашт, вале аз дасти ҳамватанони ҷоҳилу бадхоҳони миллаташ ба     қатлрасид. 
    Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, ки аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор буд, дар тӯли ҳаёти пурбаракати худ тавонист барои рушд ва нумуи соҳаҳои мухталифи илм мусоидат намояд ва саҳми арзандаашро    гузорад. 
 М.Осимӣ 1-уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Ленинободи (ҳоло Хуҷанд) вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1937 дар рабфаки хоҷагии деҳоти шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Сипас таҳсили худро дар шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд идома дода, онро дар соли 1941 бомуваффақият хатм менамояд.
Аз соли 1941 то соли 1946 дар хизмати аскарӣ буд ва панҷ соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сангарҳои набард зидди истилогарони фашистӣ қарор дошт. Замоне зинда буд, аз ҳаёти ҷангии худ қиссаҳои ҷолибу омӯзандае       мекард. 
    Муҳаммад Осимӣ баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти кории худро дар Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод оѓоз намуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи физика ва ниҳоят ҷонишини директор оид ба корҳои илмию  таълимӣ кор мекунад.
Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ      ҳимоя         мекунад.   
    Муҳаммад Осимӣ соли 1966 нахустин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (Институти политехникии Тоҷикистон) таъин шуда, дар рушду нумуи ин боргоҳи илм хизматҳои шоиста кардааст. Соли 1965 президенти Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафа низ хизмати    босазое     кардааст.
    Ҳамзамон Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ буданд. Осимӣ дар давоми фаъолияти ҷамъиятии худ вакили  Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти «Дониш» -и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб»-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буданд. Осимӣ дар авҷи камолоти илмӣ буд ва корҳои нотамоми зиёде дошт. Нақшаҳои созандаи вай дар соҳаи илму маърифат бояд барои пешрафти кишварамон хизмат мекарданд. Аммо душманони миллати тоҷик бо анҷом додани амали нангини худ нагузоштанд, ки орзуҳои ин олими забардаст амалӣ гарданд.
    Субҳи 27-уми июли соли 1996 вақте ба кор рафтан, ин олими шинохтаю тавоно дар роҳ аз ҷониби нохалафони наҳзатӣ - душманони тоҷику тоҷикистонӣ бо шеваи ниҳоят бераҳмона ва тарсуёна кушта шуданд. Куштани Осимӣ ин куштани илму дониш, нобудсозии маърифату пешрафт буд. Чанд сол пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуи Тоҷикистон муайян ва исбот карданд, ки ин ҷинояти мудҳиш кори дасти террористони наҳзатист. Ба ақидаи мо, қотилони наҳзатӣ бо нобуд кардани ин олими қудратманди тоҷик чанд ҳадаф доштанд:
- бо куштани Осимӣ душманони миллати тоҷик, ки аѓлабашон ҳаводори исломи сиёсӣ буданд, мехостанд, ки рушду нумуи илм ва фарҳангро дар кишвар боздоранд ва ба ифротгароии худ роҳ кушоянд;
- бо қатли ин олими забардасту тавоно террористони наҳзатӣ, ки душмани аслии илму маърифат ҳастанд, умед доштанд, ки мардум ва хусусан равшанфикрону озодандешонро         тарс  медиҳанд;
- бо нобуд сохтани Осимӣ ҷоҳилону худбохтагони наҳзатӣ хостанд мардуми тоҷикро ба нестӣ баранд, чунки вақте илму олимро дар ҷомеа беқадру хор месозӣ, худ ба худҷомеа        нестмешавад.
    Аммо террористони наҳзатӣ ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, чунки рӯҳияи озодихоҳона, маърифатпарастӣ ва тараққиписандии мардуми моро шикаста натавонистанд. Балки худи онҳо маҳву забун гардиданд.
    Имрӯз дар кишвар ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Сарвари давлат илму дониш рушд мекунад, садҳо осимиҳои нав ба воя расида истодаанд, ки дар оянда барои рушду нумӯи илмӣ тоҷик саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
    Корнома ва ташаббусҳои Осимиро олимону равшангарони тоҷик идома медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи гузоштаанд. Ҳамин тавр, хотираи неки Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми  Тоҷикистон       абадӣ мемонад. 

ФаридуниОриёӣ, коршиноси   умури       сиёсӣ
Бознашр аз рӯзномаи “Омӯзгор”, №30 аз 25.07.2019с.

Информация к новости
  • Просмотров: 8116
  • Автор: admin
  • Дата: 1-08-2019, 23:13
1-08-2019, 23:13

Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд!

Категория: Хабар

Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд!

 

Аввалин қонуни забони тоҷикӣ 30 — сола шуд.аротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон ба тасвиб расид. Қабули ин қонун натиҷаи ҳаракатҳои худшиносии авохири солҳои 80-ум буд, ки бозсозии горбочёвӣ ба он замина фароҳам овард. Оид ба тасвиби ин қонун бо профессор Иброҳим Усмонов, ки муаллифи аввалин пешниҳод дар мавриди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мебошанд, ҳамсуҳбатшудем.

-Соли 1988 масъалаи тағйироти Конститутсияи СССР ба вуҷуд омад ва  баҳсу мунозираҳо атрофи он оғоз шуд. – Воқеаҳои 30 сол қаблро ба ёд меорад, профессор Иброҳим Усмонов, — Он шабу рӯз ман аз Нурулло Ҳувайдуллоев пурсидам, ки оё мо метавонем дар заминаи тағйироти Конститутсияи СССР пешниҳод кунем, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад? Он кас посухи мусбат доданд. Ман як мақола навиштам, ки он таҳти унвони “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва моҳи ноябри соли 1988 дар “Газетаи муаллимон” ба нашр расид. Дар ин мақола пешниҳод кардам, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Баъди як ҳафта ё даҳ рӯз мақолаи Муҳаммадҷон Шукуров (Шакурӣ) дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” чоп шуд. Муаллим пешниҳод мекарданд, ки дар кишвари мо ба се забон – русӣ тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Он кас пешниҳоди худро ба он шарт асоснок мекарданд, ки Ӯзбекистон низ ба ин се забон мақоми давлатӣ диҳад. Ин нуктаи назар хуб аст, аммо оё давлати дигар ба ин розӣ     мешавад?
Баъди ин ба дастгирии мақолаи ман ва муаллим Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Валӣ Самад, Адаш Истад ва дигарон мақолаҳо нашр карданд ва ҳамин тавр фазои худшиносии миллӣ дар пояи забони тоҷикӣ ба вуҷуд       омад.

-Чаро маҳз забон василаи ҳаракатҳои бедорӣ ва худшиносии миллӣ гардид?

-Дар тамоми ҷаҳон масъалаи асосии худшиносӣ ба забон дахл дорад. Худшиносӣ аз муайян кардани муносибати худ ба забони модарӣ сар мешавад. Медонед, як чизи барои ман душворқабул ин аст, ки дар адабиёти ҳазорсолаи мо, ки боиси ифтихори мост, дар масъалаи забони модарии мо худшиносӣ нест. Дар адабиёти классикиамон ягон адибе надорем, ки забонро ба сифати забони шахси аввал, яъне забони худаш ё шахси дувум – забони ҳамсуҳбаташ ёдовар шуда бошад.

“Тоҷик”    ҳаст.Масалан,  Саъдӣ       мегӯяд:

Турки ту   бирехт       хунитоҷик

Ё       Навоӣ:

Бад-он       миҷгони   тоҷиконаву        чашмони  туркона.

Мавлавӣ:

Турки куну чустӣ кун, на   нармиву   тоҷикӣ.

Аммо касе нагуфтааст, ки ту тоҷик ё ман тоҷик, ба ғайр аз Байҳақӣ, ки дар асараш “мо тоҷикон” мегӯяд. Яъне, худшиносӣ ба маънои забон дар мо набуд. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки номи забонамонро иваз карданд. Ин чиз ба ӯзбекҳо низ дахл дорад, онҳоро низ “ӯзбек” не “турк” мегуфтанд. Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ муассиси Маҷаллаи “Оина” ва рӯзномаи “Самарқанд” забони нашрияҳояшро “туркӣ” ва “форсӣ” гуфтааст, на “тоҷикӣ” ва “ӯзбекӣ”.  Аввалин рӯзномаи шӯрои тоҷик “Шӯълаи инқилоб” ҳам забонашро форсӣ гуфтааст. Яъне, мо мардуми Осиёи Марказиро бо сабаби набудани худшиносиамон, маҳдуд мекарданд, забонамонро ба худамон намедоданд. Худшиносии миллии тоҷикон дар асри ХХ шурӯъ шуд. Аввалин худшиносиҳои тоҷикона аз “Шӯълаи инқилоб”-и Саидризо Ализода сар шуд, ки “мо тоҷикон” гуфта корро оғоз кард.  Баъди ин устод Айнӣ ин равандро тезонид ва дар асоси номи повести эшон рӯзномаи “Овози тоҷики камбағал” ба вуҷуд омад. Яъне, худшиносии тоҷикӣ аз соли 1924 шурӯъ шуд ва солҳои 1927-1929 аввалин талошҳо дар атрофи забони тоҷикӣ, решаҳои он ба вуҷуд омад. Ҳамчунин, посух ҷустан ба суоли мо кистем, пайдо шуд. Хушбахтона, дар даврони бозсозиҳо, талоши асосии сиёсии мо дар атрофи забони тоҷикӣ сурат гирифт. Яъне, мо талаб кардем, ки бояд забони мо қонунӣ бошад. Ман боифтихор солҳои 86-90-ро ба хотир меорам, ки  мардум дар толорҳои консертӣ зери сурудҳои иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшо Шодиев муттаҳид мешуданд ва ифтихори миллиашонро нишонмедоданд.

-Муносибати давлатмардон, масалан  Қаҳҳор Маҳкамович ба бедориҳо ва қабули Қонуни     забон         чӣ     гуна  буд?

-Қаҳҳор Маҳкамов тарафдори қабули Қонуни забони тоҷикӣ буданд ва дар ин чиз нақши барҷастаро Муродуллоҳ Шерализода бозиданд. Шерализода шахси донишманд, ором ва созишгар буданд, аз ҳама муҳим эшон Маҳкамовро бовар карда тавонистанд, ки дастгирӣ кардани Қонуни забон ба фоидаи он кас ва кишвар аст. Лекин дар ҳукумат онҳое ҳам буданд, ки гузаштан ба забони тоҷикиро ақибравии иҷтимоӣ арзёбӣ мекарданд. Ин фикр аз як сухани Хрушёв сар зада буд. Вай соли 1963 гуфта буд, ки яке аз шартҳои сохтмони ҷамъиятӣ коммунистӣ нағз донистани забони русӣ аст. Ҳатто он солҳо ақидае буд, ки азбаски дар Тоҷикистон забони русиро нағз намедонанд, раванди сохтмон ба кундӣ пеш меравад. Яъне, протсеси истеҳсолиро ба донистани забон рабт медоданд. Баъди Хрушёв расме пайдо шуд, ки кадри хуб бояд ҳатман русзабон бошад ё хуб русӣ ҳарф задаву навишта тавонад, оилаи интернатсионалистӣ дошта бошад ва ғайра, ки ин сиёсати нодуруст буд. Ҳамин тавр, муқовиматҳо аз ҷониби давлатмардон буданд, аммо худшиносии миллӣ дар инқирози Шӯравӣ тӯфон буд ва пеши роҳи тӯфонро гирифтан имкон надошт.  Қаҳҳор Маҳкамович бо вуҷуди он ки аз тоифаи роҳбарон буданд, аммо ба ҳаракатҳои худшиносӣ назари нек доштанд. Як воқеаро мисол меорам. Дар ҳамон солҳо ман декани факултаи филология будам. Ба унвони ман аз шаҳри Насаф, аз Қаршӣ як муаллим мактуб навишт ва ман ин мактубро дар “Газетаи муаллимон” чоп кардам. Ӯ мегуфт, ки дар Қаршӣ факултети забон ва адабиёти тоҷик кушодем, барои харидории китоб ба мо кумак кунед. Баъди ин ба унвони ман китоби зиёде омад, мо ният доштем, ки китобҳоро моҳи ноябр ба Қаршӣ барем. Қабл аз рафтанамон ба ман ёрдамчии Маҳкамов занг зада гуфт, ки Қаҳҳор Маҳкамович низ аз маошашон 500 сӯм барои харидорӣ кардани китоб маблағ ҷудо карданд. Шояд имрӯз 500 сӯм, пули кам намояд, аммо он замон, ки нархи як китоб 50-60 тин буд, ин маблағи  калон ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тавр, мо китобҳоро харидорӣ карда, ман ҳамроҳи ёрдамчии Маҳкамов ва журналист Аваз Юлдошев ба Қаршӣ бурдем. Моро роҳбарияти ноҳия ва донишгоҳ дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтанд. Яъне, истиқрори забони тоҷик фаротар аз Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Баъди ин аз Бухоро як мактуби дигар омад. Дар он аз мо талаб мекарданд, ки барои факултети забон ва адабиёти тоҷик муаллиме фиристем, ки аз фанни таърихи забон ва адабиёти тоҷик лексия хонад, мо Шаҳбоз Кабировро фиристодем. Соли 1990 таҷрибаомӯзии донишҷӯёни мо дар манотиқи тоҷикнишини Ӯзбекистон гузашт… Ҳамаи ин ба шарофати бедориҳое буд, ки дар атрофи забони тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

-Иброҳим Кенҷаевич, чаро солҳои тӯлонӣ вақте сухан аз тасвиби Қонуни забон мерафт, номи шуморо, ки дар саргаҳи ин ташаббус меистад, фаромӯш карда, аз дигарон қаҳрамон месохтанд?

-Ҳатто дар маҷмӯаи “Дарси хештаншиносӣ”, ки ин мақолаҳо дар он гирдоварӣ шудааст, мақолаи маро сарфи назар карданд. Ман он вақт чизе намегуфтам, зеро он замон кӣ бори аввал пешниҳод кард, муҳим набуд, муҳим он буд, ки Қонуни забон татбиқ шавад. Аммо баъдан вақте ки аз баъзеҳо қаҳрамон сохтанӣ шуданд, ман гуфтам, ки ин пешниҳод нахустаз      ман  буд.

-Дар қонуне, ки соли 1989 ба тасвиб расид, забони мо тоҷикӣ-форсӣ номида шуда буд. Муносибати шуморо ба “форсӣ” номидани забони “тоҷикӣ” медонем. Ба андешаи шумо, чаро дар Қонун забони мо бо чунин таркиб     ифода       ёфт?

-Конститутсияи якуми мо, ки соли 1991 бо роҳбарии Нурулло Ҳувайдуллоев ба навиштани он шурӯъ шуд ва он қабул нагардид, зиёдтар ба истилоҳоти тоҷикӣ такя мекард. Вале конститутсияи дувум, ки баъдан ба тасвиб расид, бештар аз истилоҳоти русӣ таркиб ёфта буд. Дар тайёр кардани конститутсияи соли 1991 таъсири забони форсии Эрон зиёд шуд, зеро дар он вақт рӯҳияи умумиллии тоҷикӣ такя дошт ба эронпарастӣ. Эронпарастӣ хуб аст ё бад?  Агар эрони қадимӣ ва таърихӣ бошад, хуб аст, аммо агар Эрон гуфта, мо ҷумҳурии исломии имрӯза, яъне марзҳои сиёсиро ба назар гирем, бар зарари мост. Як гурӯҳи калони интеллгентсияи мо ҳамроҳи онҳое, ки ҳизби имрӯза мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкил кардан мехостанд, барои меъёр забони эронро пешниҳод карданд: додгоҳ, додситонӣ, қонуни асосӣ. Маҳз бо таъсири ҳаминҳо он ҷо забони мо тоҷикӣ – форсӣ ёдоварӣ шуд.  Чун сухан аз номи забон рафт мехоҳам, қолаби забонро низ муайян кунем. Чаро муҳим аст, ки мо забони худро мушаххас – тоҷикӣ гуем.
Дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон аз соли 1742 забони давлатӣ форсӣ ном дошт. Ҳатто пас аз ташкил ёфтани давлати инқилобӣ дар соли 1919 забони расмӣ форсӣ ном гирифт.  Вале соли 1936 нуфузи паштуҳоро ба назар гирифта, забони паштуиро низ давлатӣ карданд. Ҳамин тавр, бо қудрат ёфтани паштуҳо мавқеи забони тоҷикӣ паст шуд. Дигар ин ки аз миёни меросбарони забони мо  давлати Эрон пурқудрат аст. Худо ба қудраташон афзояд, маҳз ҳаминҳо маданияту фарҳанги муштараки моро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, аммо инҳо ҳар чизе, ки ба тамаддуни форсӣ дахл дорад, моли хеш ҳисобиданд ва онро ба давлати Эрон нисбат доданӣ шуданд. Афғонҳо ин чизро дарк карда, номи забони худро “дарӣ” эълон карданд, яъне ба асл баргаштанд.  Соли 1928 мо қариб ба ин ғалат роҳ дода будем. Бузургии устод Айнӣ дар ин аст, ки эшон ин масъаларо дарк карданд. Он кас нагуфтаанд, ки мо муқобии “форсӣ” ҳастем, балки андешаи эшон чунин буд, ки забони сода, фасеҳ ва тоза тоҷикӣ аст, забони форсии Эрон бошад, вайрон шудааст, дар он падеж- эъробҳои арабӣ, ҷамъбандиҳои арабӣ зиёд аст, ки мардум онро намефаҳманд. Мо тоҷикӣ гуфта ҳамон забонеро дар назар дорем, ки дар Осиёи Миёна таваллуд шуда, камол ёфтааст. Соли 1990 маҳз кӯшиши такрори ин иштибоҳ сурат гирифт ва хостанд, ки истилоҳоти форсии эронро ба мо         кӯчонанд…

-Беҳтар набуд, ки аз истилоҳоти ба қавле интернатсионалистӣ дида, истилоҳоти тоҷикӣ – форсиро мавриди истифода қарор диҳем. Масалан, ба ҷойи прокуратура – додситонӣ, суд – додгоҳ, конститутсия         сарқонун…

-Масъалаи истилоҳот бояд дар заминаи баҳсҳои илмӣ дида баромада шавад. Вақте истилоҳи зарурӣ ва барои мардум фаҳмо қабул мешавад, ман тарафдор, аммо вақте кӯр-кӯрона пайравӣ мекунем, не. Ман дар масъалаи истилоҳи Конститутсия як мисол меорам.  Муаллим Шукуров соли 1991 навишта буданд, ки истилоҳро бо ду калима намесозанд, “Қонуни асосӣ” барои ифодаи Конститутсия истилоҳ нест, зеро ду калима аст ва дар Эрон истифода шудани он ҳам иштибоҳ аст. Он кас пешниҳод карданд, ки мо Конститутсияро “дастур” қабул кунем.  Дар идомаи ин мубоҳиса муаллим Шарофиддин Рустамов калимаи “Сарқонун”-ро пешниҳод карданд. Ин беҳтарин ва зеботарин истилоҳ буд, зеро мо садҳо калимаро бо сар месозем: сардафтар, сарнавишт, сарвар… лекин ба сабаби барои ман равшан ва барои дигарон нофаҳмо муаллим Шукуров ба ин калима зид баромаданд ва гуфтанд, ки беҳтар аст Конститутсияро Қонуни асосӣ        гуем.

-Сабаби аз фикрашон гаштани устод Шакурӣ дар чӣ буд?

-Ба фикри ман сабаб дар он аст, ки ин истилоҳ аввал ба хотири муаллим Шукуров нарасид, балки Рустамов онро пешниҳод карданд. Агар аввал Шукуров ин калимаро пешниҳод мекарданд, ба ҳар роҳу васила онро исбот мекарданд ва он мегузашт. Дар масъалаи “додгоҳ” ва “додситонӣ” бошад, ман шахсан тарафдор ҳастам, зеро  “дод” калимаи тоҷикӣ аст ва бо ин калима ифода кардан истилоҳоти ҳуқуқӣ беҳтар мебошад.  Мехоҳам як чизро хотирнишон созам. Патриатизмаро бо роҳазанӣ не, балки қунунӣ ба роҳ мондан лозим.  Зеро имрӯз дар матбуоти мо истилоҳоти ҳуқуқиро монда жуналистони мо калимаҳои ба худашон маъқулро истифода мебаранд. Масалан, раисиҷумҳур, нахуствазир, додгоҳ, додситон… менависанд, ҳол он ки мо ингуна вазифаҳо надорем. Агар мо фикр кунем, ки ин калимаҳо дуруст ва қобили қабуланд, бояд пешниҳод кунем.
-Дар қонуни нави забон, ки 5 октябри соли 2009 ба тасвиб расид, вожаи “форсӣ”         ҳазфшуд…
-Бубинед, забони тоҷикӣ яке аз гӯйишҳои эрони қадим аст. Забони эронии қадим ду гӯйиш дорад – форсӣ ва тоҷикӣ. Забони моро забони эрони шарқӣ мегӯянд. Маликушшуаро Баҳор менависад, ки гӯйиши забони эронии шарқӣ, ки дар заминаи забони суғдӣ пайдо шудааст, назар ба гӯйши забони эронии ғарбӣ, ки дар заминаи паҳлавӣ ба вуҷуд омадаст, ба асли мо наздиктар аст. Моем меросбарандагони форсии шарқӣ. Ба мо форсиро оварданд. То Фирдавсӣ ягон адиби мо худро ё забони моро форсӣ нагуфтааст. Сомониён забони дарборашонро дарӣ мегуфтанд. Форсӣ бо “Аҷам зинда кардам ба д-ин форсӣ” омад.  Дар Осиёи Миёна ба ғайр аз тоҷик халқҳои зиёди турк зиндагӣ мекарданд, ки имрӯз 4 ном доранд, ӯзбек қирғиз, қазоқ ва туркман. Ҳамаи ҳамин қабилаҳо монанди мо аз забони мо истифода мекарданд. Агар гӯем, ки забон форсӣ аст, чунин маъно дорад, ки ин забон ба воситаи арабҳо омадааст ва забони халқи маҳаллӣ нест ба ҳадде, ки ба туркмен бегона аст ба мо ҳам бегона мебошад. Агар гӯем, ки забони суғдӣ бо таъсири арабҳо номи форсӣ гирифт, ин дуруст аст. Ин нукта бисёр муҳим аст.
Чаро “турк” ба ӯзбекҳо, қирғизу қазоқ, турк ва татар тааллуқ дорад, аммо онҳо даъво намекунад, қонеъ ҳастанд, ки бо номи худашон зиндагӣ мекунанд, аммо мо ҳамеша даъво мекунем.  Чаро туркҳо ифтихор мекунанд, аммо мо ба шубҳа менигарем. Ман ба эрониҳо як сари мӯ ғараз надорам, аммо онҳо мо нестанд, амакбачаи мо ҳастанд. Номи халқ ба сифати номи забон омаданаш ин ифтихори халқ аст, ихтиёри худро ба забони дигар додани халқ нотавонии ӯ мебошад. Истиқлолияти асосии мо ҳам аз халқу забонро ба дараҷаи Конститутсия баровардан       шуруъ       мешавад.

-Ташаккур         устод,       барои        суҳбати     самимӣ.

Мусоҳиб Одил  Нозир,
“Тоҷикистон”

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^