Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!» » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»
Информация к новости
  • Просмотров: 7932
  • Автор: admin
  • Дата: 1-08-2019, 23:15
1-08-2019, 23:15

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Бахш: Хабар

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

 

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:
- Устод, хуш омадед ба идораи мо. Сараввал каме дар бораи худ нақл мекардед.
-Деҳаи Ғайрат, ки ман таваллуд шудам, ҳоло яке аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар аст. Агар аз давраи кӯдакиву наврасӣ ҳарф бизанем, ман бояд нахуст дар бораи мактаб сухан ронам. Ҳоло ҳамон мактабе, ки ман хатм кардам, онро барои худ ҳамчун «академия» меҳисобам. Омӯзгорони ҷонфидо пайи тадрис буданд, онҳое, ки ошиқи касби худашон буданд, ошиқ она ба мо дониш медоданд. Ман чунин фикр дорам: агар ман дар ҳамин деҳа ба дунё намеомадам, ҳамин мактабро намехондам, имрӯз маро ҳамчун журналист, ҳамчун шахсият касе намешинохт… Шояд чунин мебуд. Муаллимаи аввалини ман Муҳаббат Қутбиддинова, ба синни мубораки 95 расидааст, ҳоло ҳам хотирааш равшан мисли пешин, қувваи ҳофизааш ҳоло ҳам қавист. Ҳар гоҳ, ки ба Ватан меоям, нахуст аз ҳоли муаллимаам хабар мегирам. ӯ қаҳрамон аст. Муҳаббати 18-соларо аз Самарқанд барои баланд бардоштани сатҳи маорифу маърифат аввал ба Душанбе, сипас ба водии Вахш фиристода буданд.
Муаллимони фанни забон ва адабиёт Раҳмонқул Ҳакимов, математика Амонуллохон Бобоев, химия ва биология Ҳабиба Турсунова дар ташаккули шахсияти ман нақ ши бориз гузоштанд. Ин ҷо як чизро бояд қ айд кард. Аз солҳои 30 то охири 60-уми қарни гузашта муаллимони аввалин аксаран аз манотиқ и нисбатан пешрафтае чун Самарқ анд, Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан, водии Зарафшон буданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маорифу маърифат ба минтақаҳои кӯҳистон ва водии Вахш равона шуда буданд. Онҳо рисолати худро бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд ва аз миёни мардуми маҳаллӣ шогирдон тайёр карданд, ки онҳо минбаъд дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми худро гузоштанд ва ҳоло ҳам саҳим ҳастанд.
Соли 1969 мактабро хатм кардам ва ҳамон вақт аввалин мақолаам дар рӯзномаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» чоп шуд. Фаромӯш накунам, вақте синфи 9 мехондам, матлаби дигарам дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»  нашр         шуда         буд.
-Баъд Саломиддини ҷавон роҳ пеш гирифт ба пойтахт, барои донишҷӯ  шудан…
-Дар тақдири ман тағоям, Абдулаҳад Наимов, ходими маъруфи ҷумҳурӣ, солҳои 20-30 яке аз ҳамсафони Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум нақши бузург бозид. Моҳи ноябри соли 1970 ӯ ба хонаи мо омад ва ба модарам гуфт, ки назди институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) курсҳои забону адабиёти рус ташкил шудааст. «Ман Саломиддинро он ҷо мебарам». Ман омадам бо тағоям ва дар ҳамин курсҳо шунаванда, номзад ба донишҷӯ шудам. Ман шабурӯз ба фонетикаи забони        русӣмашғул     шудам.
-Мегӯянд, факултаи забон ва адабиёти руси институти педагогии Душанбе он замон хеле қавӣ         буд?
- Оре. Сатҳи таълиму тарбия дар ин ҷо шояд аз Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов баланд буд. Ин ақидаи на танҳо ман аст. Ин ҷо устодони қавӣ ва дорои дониши баланд буданд, факулта «элитный» (баланднуфуз) маҳсуб мегашт. Факултаҳои забон ва адабиёти руси дигар макотиби олии ҷумҳурӣ ба сатҳи факултаи мо намерасиданд. Инро ҳама медонист. Сифати таълиму тарбия ин ҷо дигар буд. Ба мо омӯзгорони баландихтисос, чун профессор Людмила Владимировна Успенская-зани бузург, ватандӯст, модари нависандаи маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоров, Муза Лазаревна Михлина, Александра Леонидовна Спектр, Галина Фёдоровна Шабунина ва мисли ин ин устодон дарс медоданд.
Як чиз ҷолиб аст. Моро «спецгруппа» (гурӯҳи махсус) мегуфтанд-касе, ки мактаби тоҷикиро хондааст, шомили ин гурӯҳ буданд. Аммо «нагрузка», масъулияти мо аз гурӯҳи русизабонҳо ду баробар бештар буд. Онҳо 4 сол мехонданд, мо 5 сол. Мо дар муқоиса бо онҳо аз адабиёти рус бохабар набудем, бояд садҳо асар мехондем, то ба пояи онҳо бирасем. Дидам, ки мушкил аст, наздам вазифа гузоштам: агар дар як рӯз аз сад саҳифа кам хонам, хоб нахоҳам кард.
Дар факулта муҳити донишсолорӣ буд. Ба қ авли русҳо, «царил культ знаний». Донишҷӯи сустхон ҳамчун донишҷӯи «навъи дуввум» қабул карда мешуд. Мо шабурӯз китоб мехондем. Дар китобхонаи институт тамоми китобҳои     зарурӣ         мавҷуд      буд.
Соли 1976 институтро бо дипломи аъло хатм кардам. Мудири кафедраи забони русӣ Эля Николаевна Кушлина ва мудири кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Александра Леонидовна Спектр маро барои кор ба кафедраҳояшон даъват карданд. Ман кафедраи забони русиро интихоб кардам. Ин ҷо ҳамчун омӯзгори забони русӣ 2 сол фаъолият кардам.
Соли 1978 дар шаҳри Қ ӯрғонтеппа филиали институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко боз шуд ва маро ҳамчун омӯзгор ва коммунисти ҷавон ба ҳайси декани факултаи забон ва адабиёти рус ба он ҷо равон карданд. Ду сол кор кардам. Баъд бо хоҳиши худ аз он ҷо рафтам. Мактаб рафтам, омӯзгор будам. Баъд маро ба ҳайси тарҷумон ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон фиристоданд. Баргаштам…
-Хуб, омӯзгор будед. Чӣ боис шуд, ки ба рӯзноманигорӣ рӯ оред?
-Ин ҳам ҷолиб аст. Муовини директор будам, оид ба мушкилоти мактаб дар рӯзномаи русизабони вилоятии «Кургантюбинская правда» мавод менавиштам. Навиштаҳои маро нашр ва дар маҷлисҳои корӣ муҳокима мекарданд. Ҳамон вақ т маро «таги чашм» карда будаанд. Рӯзе мудири шуъбаи мактаби рӯзнома ба ман хабар дод, ки ба кор гирифтанианд. «Пагоҳ назди муҳаррир биёед». Идораи рӯзнома дар бинои куҳнаи якошёна қ арор дошт. Як долони васеъ идораи тоҷикиро аз русӣ ҷудо мекард. Ман пеши муҳаррири рӯзномаи русӣ омадам. Ногоҳ дар долон аз пешам котиби масъули идораи тоҷикии рӯзнома Мирзо Гадоев баромад. «Инҷо чи кор мекунӣ?»-пурсид ӯ. Гуфтам, ки маро Геннадий Петрович Шербатов барои суҳбат даъват кардааст. «Э, биё назди мо. Дар шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ танҳо як нафар мондааст. Ду каси дигар ҳамчун муҳаррирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ рафтанд. Ту коммунистӣ, дар шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ коммунистон заруранд». Посухи маро интизор нашуда, аз дастам гирифт ва назди муҳаррир Муқ им Абдураҳмонов даровард. Гуфт, ки ана, нав аз Афғонистон баргаштааст, тарҷумон буд. «О, тарҷумон? Бюрои матбуотии рӯзномаи «Правда» (рӯзномаи бонуфузтарини ҳизбии Иттиҳоди Шӯравӣ. А.Д.) барои рӯзномаҳои минтақ авӣ маводҳои зиёд барои тарҷума мефиристад. Бигзор имрӯз тарҷума кунад, мо чоп мекунем»,- гуфт сармуҳаррир. Ман хона рафтам, чанд соат кор кардам ва маводҳоро овардам. Тарҷума ба муҳаррир хуш омад. То соли нав рӯзҳои башумор монда буд. «Аризаро нависед ва баъд аз соли нав дар шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ корро саркунед»,   -гуфт                   сармуҳаррир.
Ман бо мақ сади корманди рӯзномаи русӣ шудан ба идора омадам, аммо рӯзноманигори идораи тоҷикӣ шудам.
Баъд аз 10 моҳ маро Муқим Абдураҳмонов мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ таъин кард. Он замон ин шуъбаи пешбар буд. Маро дар бюрои Кумитаи вилоятии ҳизб тасдиқ карданд. Котиби ташкилоти ҳизбӣ интихоб намуданд. Каме зиёд аз як сол кор кардам, Боре Муқим Абдураҳмонов маро наздаш хонд. Гуфт: «Дар бораи фаъолияти рӯзнома бо забони русӣ гузориши солона навиштан лозим аст. Шумо русӣ хондаед, онро омода кунед». Баъд як ҳафта гузоришро дар ҳаҷми 15 саҳифа омода кардам. Баъд аз соате ӯ маро наздаш даъват кард: «Ин гузоришро каме тағйир диҳед, як маводи хуби рӯзнома мешавад. Шумо чаро бо забони русӣ наменависед?! Дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистан» нависед, се сол боз дар вилояти Қӯрғонтеппа мухбир надоранд. Борис Николаевич Пшеничний (сармуҳаррири ҳамонвақтаи «Коммунист Таджикистана». А.Д.) гуфтааст, ки «агар ягон кадри тоҷик ёбам, ҳамин вазифаро ба ӯ вогузор мекунам. Барои ман дар ин минтақа тоҷик даркор аст». Дидед? Охир нависед!». Ман баромадам ва ба андеша рафтам, «чаро ки на?» Ва шурӯъ кардам ба навиштан. Дар тарафи дигари долони идора ҳуҷраи кории мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбии рӯзномаи «Кургантюбинская правда» Владимир Захватов буд (ӯ то соли 1991 ҳамчун муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кард. Ҳоло дар Қ рим ба сар мебарад). Мо бо ӯ ҳамкорӣ мекардем. Ман бо русӣ навиштанро оғоз кардам. Ба ӯ нишон медодам: «Володя, инро бин». Тавсия медод, ки баъзе ҷойҳоро ислоҳ кунам, ӯ худаш ба «Коммунист Таджикистана» мебарад. Рӯзи душанбе ба идораи рӯзнома рафт ва аллакай фардояш дар саҳифаи аввал маводи ман чоп шуд. Пшеничный гуфтааст, ки ба ман аҳамият диҳанд. Ва шуъбаҳо ба ман мавод фармоиш медоданд. Шуъбаҳои фарҳанг, саноат, кишоварзӣ. Ҳамин тур, як сол гузашт. 5 июни соли 1985 маро дар бюрои КМ ҲК Тоҷикистон ҳамчун мухбири газетаи «Коммунист Таджикистана» дар вилояти Қӯрғонтеппа тасдиқ карданд.

-Дар замони шӯравӣ, ки ҳизб мавқеи асосӣ дошт, ин вазифаи бонуфуз буд…
-Оре, ҳамин тур аст. Дар ВМКБ Ҷонбобоев буд, намедонам, ҳоло зинда аст ё на, дар Кӯлоб Рустам Абдуллоев, дар вилояти Ленинободи онрӯза Мансур Сайфиддинов мухбирони минтақавӣ буданд. Ҳамаи инҳо рӯзноманигорони варзидаву қавӣ буданд.
Хуб, дар рӯзнома 7 сол кор кардам. Соли 1988 соҳиби Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шудам. Ҳамин 7 солро, аз соли 1985 то 1992, хушбахттарин давраи зиндагиам меҳисобам. Фикр мекунам, оид ба ҳамин лаҳзаҳои умрам бояд китоб нависам.
Замони шӯравӣ кормандони рӯзномаҳои ҳизбӣ хеле таъсиргузор буданд. Мансабдорон аз онҳо ҳарос доштанд, сахт ҳурматашон мекарданд. Самти асосии фаъолияти ман иқ тисодиёт, комплекси агросаноатӣ, нақ лиёт ва фарҳанг буд.
Дар Қӯрғонтеппа раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Р. П. Ҳакимова буд. Шавҳараш дар прокуратураи вилоят кор мекард. Ҳомии ӯ яке аз роҳбарони аввали ҷумҳурӣ буд. Шодравон, номашро нахоҳам гирифт. Роҳбарияти кумитаи ҳизбии вилоят нав шуд, Абдукарим Қ осимов ба кор омад…
Хуб, сари мавзуъ. Ин зани роҳбар ба қ авле аз «ҳад гузаронд». Шуъбаи адлия корҳои тақ аллубӣ дар тақ симоти манзилро фош кард. Он замон хонаҳо фурӯхта намешуданд, дар навбати манзил истодан лозим буд. Ва ҳамин навбат дар шаҳр беадолатона буд. Касе, ки солҳо интизор буд, ба онҳо намерасид, баръакс, шахси нав дар навбат истода хона мегирифт. Кор ба ҳадди ифрот расида буд. Масалан, ба як нафар интирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ордер (ҳуҷҷат)-и манзил дода шуд, аммо рӯзи дигар чунин ҳуҷҷат ба ҳамин манзил ба шахси дигар дода шуд. Маълум, ки бе ришва ин кор сурат нагирифтааст. Рӯзи дигар ин собиқ адори ҷанг меравад, ки манзили ба ӯ ҷудошуда банд аст. Бо чизу чорааш як шаб дар берун мемонад. Ман бо ӯ вохӯрдам. Баъди рафтани ман пас аз нисфирӯзӣ хонаро холӣ карданд ва муйсафед онро соҳибӣ кард.
Бо вуҷуди ҳамин қ онуншиканиҳо котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизб ҷуръат намекард, ки ӯро аз кор гирад. Ба марказ занг мезананд, дар посух мегӯянд: «ҳоло вақ таш меояд, мо ҳамаро медонем». Ман дар ин самт кор бурдам. Шуъбаи адлияи вилоят, прокуратураи шаҳрӣ…Котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа огоҳ кард, ки «бародар, эҳтиёт кун, боз худат «гум» нашавӣ». Матлаби танқ идӣ дар рӯзнома чоп шуд. Рӯзи дигар Абдукарим Қ осимов ба ман занг мезанад: «Мирзораҳматов, як назди ман биёед». Хурсанд, рӯҳбаланд буд. Котиби якуми Кумитаи вилоятии ҳизб… «Мо дар бюрои кумитаи вилоятӣ муҳокима мекунем, тамом, вай аз кор хоҳад рафт». Аз Кумитаи марказии ҳизби ҷумҳурӣ ба Пшеничний занг мезананд: «Мо худамон ҳамин тур карданӣ будем, барои чӣ шумо ҳангома бардоштед?». Пшеничный, ки худ мулоҳизакор, ба қ авле «дипломат» буд, посух медиҳад: «Дар ин маврид мо ба Кумитаи марказӣ кумак расондем». Яъне, ҷонашро халос мекунад.
Ин хел корҳоро он замон муҳит қ абул камекард. Хуб, бонуро аз кор гирифтанд, маро ҳам чизе нагуфтанд. Чунин мисолҳо кам набуданд.

-Вилояти Қӯрғонтеппа, охири солҳои 80, замони «бедории маърифати диниву миллӣ», нахустин садобаландкунии рӯҳониён, ки ахиран ба ҷангҳои шадид овард. Муқобилистии намояндагони минтақаҳои гуногун…Бигӯед, дар «арафа»-и ҷанги шаҳрвандӣ дар вилоят фаъолият доштан бароятон чи гуна буд? Хоса барои як коммунист-рӯзноманигор, ки бо       забони      русӣменавишт?

- Руҳониён, то андозае закӣ буданд, бо замона «месохтанд». Сараввал рафторашон муътадил буд, дар мавзуъоти маъвизаҳояшон ба сиёсат даст намезаданд, танҳо суханони ирфонӣ, даъват ба арзишҳои динӣ буд. Аммо баъд аз ба даст овардани истиқлолият рафтору амали онҳо ба куллӣ      дигар        шуд…
Акнун онҳо симои ифротии худро нишон медоданд. Баъд аз бозгашт аз майдонҳои эътирозии Душанбе (моҳи маи соли 1992) ба Қӯрғонтеппа ғоратгарӣ оғоз гардид. Дар вилоят «ҳокимони нав» пайдо шуданд. Дарҳол 11 мошини гаражи кумитаи вилоятии ҳизбиро тасарруф карданд, 2 микроавтобуси «Рафик», 25 тонна сӯзишвории бензин… Ҷангиён, ба истилоҳ «муҷоҳидон» дар мошини котиби якуми ҳизбии вилоят бо силоҳ сайр мекарданд. Тамоми дороии кумитаи ҳизбии вилоятро талаву тороҷ карданд. Дар бинои кумитаи ҳизбии шаҳрӣ ситоди худро ташкил доданд. Қатлу куштор, гаравгонгириҳо оғоз гардид. Рӯихати одамоне, ки бояд маҳв мешуданд, тартиб дода шуд. Як хешамон наздам омад ва гуфт, ки аз ин ҷо равам, чун номам дар рӯихат ҳаст. «Рӯихати коммунистон». Коммунистоне, ки асли баромадашон аз водии Рашт аст. Маълум шуд, онҳо ният доштанд, ки «агар қ удратро гирем, аз «коммунистони худӣ» сар     мекунем».
Қувваҳои Фронти халқ ӣ даромаданд ва набардҳои сахт оғоз гардиданд…
Хуллас, фирор кардем ба Душанбе. Ин ҷо ба идораи рӯзнома кор мерафтам. Рӯзе як мошини тамғаи «Жигули» ба шаст омада, дар наздам қарор гирифт. Дар кушода шуд, собиқ раиси матлуботи ноҳияи Қумсангир Каримҷон Амирҷонов (ҳоло шодравон)-ро дидам, ки рӯҳониён «шӯриш» бардошта, ӯро аз кор гирифта буданд. «Куҷо рафта истодаӣ? Бишин»,-гуфт ӯ. Гуфтам, ба идораи рӯзнома. «О, рӯзномаат «мурд», ту ҳоло ҳам нафаҳмидӣ?» Вай ба пойтахт омада, дар бинои Тоҷикматлубот як ширкати муштарак ташкил карда буд, аз корхонаи текстили шаҳр ба Афғонистон матои «бахмал» мефиристод. Вай ташкилотчии хуб буд. Гуфт, ҷонишин даркор аст, ҳамроҳаш кор кунам. Қиссаи аз кор гирифтани ӯ аҷиб буд. Моҳи декабри соли 1991 дар Қумсангир раиси кумитаи иҷроия, сарвари ноҳия Турсунбой Раҳматови хуҷандӣ буд. ӯ зери фишори омма маҷбур шуд аз кор равад. Амирҷоновро ҳам «сарироҳӣ» гирифтанд, то ин ки фикр накунанд, ки танҳо хуҷандиҳоро ин ҷо дидан намехоҳанд. Нагӯянд, ки «ин ҷо маҳалчигӣ рафта истодааст»…Аз дигар ноҳияҳо ҷавононро ба маркази ноҳия барои эътироз оварда буданд. Лақаби раиси матлуботро «Похса» монда буданд. «Похса, истеъфо!!!» ҷор мезаданд. Раиси ноҳия баъдан вазири кишоварзӣ шуд. Ҷолиб ин аст, ки ҳамонҳое, ки барои аз кор рафтани ӯ ҷор мезаданд, бар сари даргириҳо фирорӣ шуданд ва дар хонаи Турсунбой Раҳматов ҳафтаҳо зиндагӣ карданд… Чунин аст тазодҳои зиндагӣ.
Хуб, ҳамроҳи собиқ раиси матлубот кор кардем. Як тоҷири афғон бо мо ҳамкорӣ мекард. Боре ашхоси мусаллаҳ ба манзили зисташ даромада, 40 ҳазор доллари амрикоиро, ки он замон маблағи хеле калон буд, тасарруф мекунанд. Ин «муҷоҳидон»-и шаҳри Душанбе буданд. Боз як ҷомадони пур аз пули «деревянный» дошт. Вазъият торафт муташанниҷ мегардид, ҳамроҳаш рафтем ба Қ азоқ истон. Ба худ гуфтем, баъд аз се-чор моҳ вазъ ором хоҳад шуд, бармегардем.
Инак 27 сол аст, ки ҳамроҳи аҳли байтам муқими ин кишвар ҳастем. Фарзандонам ин ҷо бузург шуданд, маълумот гирифтанд. Ҳоло ба соҳибкорӣ        машғул         ҳастанд.
-Ва дар ин муддати тӯлонӣ ба навиштан даст назадед?
-Бале, то соли 1998 қалам ба даст нагирифтам. Вақти ин корҳо набуд, роҳи зиндагиро ёфтан лозим буд. То кори дуруст пайдо кардан, зиндагиро аз сари нав ба низом даровардан. Аммо вақ те моҳи сентябри соли 1998 рӯзноманигори варзида Отахон Латифиро куштанд, бароям як таккони ҷиддӣ шуд. Бо марҳум ҳамкорӣ мекардем, дар водии Вахш сафарҳои муштарак доштем. Ҳар вақт ба минтақаи мо меомад, мо якҷоя мегаштем. Мухбири рӯзномаи бонуфузи «Правда» дар Тоҷикистон буд. Вай то андозае пуштибони ман ҳам буд. Ман такя бо далелҳо ба роҳбарон, ки ба роҳбарияти вилоят наздик буданд сарпанҷа мезадам ва онҳо ба ғазаб омада, тавассути «обком» маро аз кор гирифтанӣ мешуданд, аммо посух мешуниданд, ки «монед инро, паси ин Латифӣ истодааст. Нарасед ба ӯ».
Ҳамин хел гапҳо буд. Ҳамин куштори Латифӣ сабаб шуд, ки дар як шаб як маводи калонҳаҷм нависам. Қарор додам, ки минбаъд навиштанрооғоз  кунам.
-Ва шурӯъ шуд бозгашти Саломиддин Мирзораҳматов ба журналистика. Акнун замона дигар шуд ва ҷойи рӯзномаро шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтанд. Майдони фаъолият низ тағйир ёфт. Дар саҳифаи фейсбукии худ Шумо фаъол ҳастед, аллакай силсилаи маводи публиситӣ, очеркҳоятон дар бораи ходимони ҳизбиву давлатӣ он        ҷо     дарҷгардиданд.
- Аввалин очерки таърихиам соли 1990 дар бораи Мунаввар Шогадоев дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» чоп шуда буд. Дар бойгони (архив)-и ҷумҳуриявӣ ду ҳафта кор кардам. Ин ҷо Хазинаи Шогадоев ташкил шуда буд. Ҳама маводҳо дар бораи ӯ ҷамъ оварда шуда буданд. Зиндагиномаи ӯ аҷиб аст. Соли 1937, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи собиқ и Ҳоит Мунаввар Шогадоев. «Делои шахсӣ»-и ӯро ба Кремл ҳамчун номзад ба вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи марказии иҷроияи ҶШС Тоҷикистон равон карданд. Яъне, ӯ бояд муовини Шириншоҳ Шоҳтемур мешуд. Замоне, ки масъала мавриди баррасӣ қарор дошт, моҳи июни соли 1937 Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҷурми «иштирок доштан дар ташкилоти миллигароӣ» ҳабс мешавад. Моҳи октябри ҳамон сол ӯ ба қатл расонда шуд.
Ҳамин тариқ , роҳбари як ноҳияи дурдасти кӯҳистон Шогадоев номзади бебаҳс ба курсии Шоҳтемур мегардад, яъне, роҳбари ҷумҳурӣ! Як сол кор кард, баъд ислоҳоти сохтори давлатӣ гузаронида шуд. Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ҳамчун мақ омоти давлатӣ лағв карда шуд. Аз ин ҷониб Котиби якуми ҲК роҳбари якум ба ҳисоб мерафт, дуввум роҳбар Раиси Президиуми Олӣ, саввум роҳбар Раиси Шӯрои Вазирон шуморида мешуданд. Шогадоев раиси Президиуми Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва дар ин вазифаи баланд то соли 1950 кор кард. Яъне, «иерархия», табақ абандии мансабҳои олии давлатӣ тағйир ёфт. Соли 1938 ба ҷумҳурӣ ба ҳайси Котиби якуми КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон аз Москва Дмитрий Захарович Протопопов омад. Протопопов ба ҷумҳурӣ бо рисолати махсус омад. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомовро қатл карданд. Ҳамсафони онҳо зери тазйиқ гирифта шуда буданд. Масалан, тағои ман, ҳамсафи наздиктарини Нусратулло Махсум-Абдулаҳад Наимов, маъруф бо номи «Абдулаҳад Махсум» бо ҷурми «фарзанди бой» будан муттаҳам шуда буд. ӯро ба муддати 18 сол ба Сибир бадарға карданд.
Кадрҳои маҳаллии боқувват қариб намонда буд. Дар ҷумҳурӣ камбуди кадрҳои миллӣ эҳсос мешуд. Иосиф Сталин Протопоповро бо рисолати махсус ба Тоҷикистон равон мекунад: «Бояд кадрҳои маҳаллиро тайёр кунӣ. Ҳамон вақт, ки ин вазифаро иҷро мекунӣ, мо туро дар он ҷо бо роҳбари миллӣ иваз хоҳем кард». Аз соли 1938 то 1946 роҳбарӣ дошт. ӯ вазифаи гузошташударо бомуваффақият иҷро кард. Масалан, рӯйи кор омадани ходими намоёни ҳизбиву давлатие чун Ҷаббор Расулов маҳсули кори ӯст. Бобоҷон Ғафуров, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Турсун ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Назаршо Додихудоев... Дар ташаккули ин ходимони намоёни давлатии Тоҷикистон нақ ши Протопопов калидӣ буд. Бо Мунаввар Шогадоев Дмитрий Захарович умуман муносибати бародарона дошт. Онҳо дар ҳамсоягӣ мезистанд.
Протопопов на танҳо як зумра ходимони намоёни давлатии тоҷикро омода намуд, балки дар ташаккули шахсияти онҳо нақ ши бузург гузошт.
Ман дар бойгонии давлатӣ кор карда, ин далелҳои аҷибро ёфтам. Вақ те соли 1998 дар бораи Отахон Латифӣ навиштам, ин ҳам очерки таърихӣ буд ва дар симои ӯ солҳои 70-80-уми қ арни гузаштаро ба қ алам      додам.
Ҳамин боис шуд, ки ба Шогадоев, Ғафуров ва дигарон рӯ оварам ва таърихи Тоҷикистони шӯравиро барои хонанда бозкушоӣ кунам.
-Вокунишҳои зиёд сари маводҳоятон дар шабакаҳои иҷтимоӣ на ин, балки дар бархӯрди Шумо бо намояндагони ҷониби мухолифин буд, ҳарчанд очеркҳои таърихиатон аз ҷониби хонандагон хуш истиқ бол гирифта      шуданд…
-Бале, дар ин мавзӯъ солҳои охир силсилаи мақ олаҳо ба табъ расондаам. Ман бо овардани далелҳо исбот кардам, ки ҳангоми гирдиҳамоӣ дар майдони «Шаҳидон» хаймае буд, ки дар он кормандони сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доштанд ва кори майдон аз ҷониби онҳо тарҳрезиву роҳбарӣ карда мешуд. Моҳи сентябри соли 1992 аз Эрон бояд як ҳавопаймои пур аз силоҳ барои боевикҳои исломӣ меомад, аммо хадамоти махсуси рус инро фаҳмиданд ва воридоти он пешгирӣ карда шуд.
Ман инро қаблан дар навиштаҳои худ гуфта будам ва ҳоло ҳам таъкид мекунам: агар ҳамон вақт воридоти силоҳ аз Эрон пешгирӣ намешуд, имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон мафҳуми сиёсие чун «Тоҷикистон» шояд арзи вуҷуд намедошт. Ҷануби кишвар ба «Афғонистони кучак» табдил меёфт. Кишвари дигари ҳамсоя тамоми чораҳоро меандешид, то ки алангаи ҷанг фаротар аз ағбаи Анзоб наравад ва қисми шимолии кишвар таҳти тасарруфаш медаромад. Чунин сурат гирифтани ҳаводис воқеӣ, вазъият беҳад хатарнок буд…
Шиорҳои майдон низ аз тазоҳуроти алайҳишоҳии Теҳрон қ ариб нусхабардорӣ шуда буданд, ҳатто «Марг ба Амрико!» садо дода буд. «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту» ин ҷо ба «Золимин, золимин, марг ба найрангатон, хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон»…иваз шуда буд. Яъне, дахолати рӯирости кишвари хориҷӣ дида мешуд.
Ин ҷо як нуктаро муҳим медонам қ айд кунам. Он зиёиёни тоҷик, ки ҳамарӯза дар гирдиҳамоӣ ширкат доштанд, ҳузури хадамоти махсуси кишвари бегона ва мақ садҳои ғаразноку хатарноки онро фаҳмида, майдонро тарк карданд. Дар майдон танҳо он зиёиёне монда буданд, ки ба хадамоти ҷосусии ин кишвари аҷнабӣ фурӯхта шуда буданд. Ҳоло ду қабил афрод ҳастанд-аввалан, онҳое, ки ошкоро аз манфиатҳои Эрон ҳимоя мекунанд ва баъдан, афроде, ки инро бо усули «паси парда» ба роҳ мондаанд. Онҳо ошкоро аз пуштибонии сиёсати ҶИЭ ҳарф намезананд, аммо зери ниқ оби «фарҳанг, забон, таърихи муштарак» супориши хадамоти ҷосусии ин кишварро иҷро мекунанд. Инҳо берӯтар аз афроде ҳастанд, ки рӯирост ҳукумати мазҳаби (теократӣ)-и Теҳронро ҷонибдорӣ мекунанд, ки дар минтақ а ниятҳои муғризона дорад. Чеҳраҳое, ки ошкоро сухан мегӯянд, ба ҳар ҳол маълум ҳастанд, дуввумин бӯқ аламуне ҳастанд, ки бо вазидани боди дигар дарҳол «ливо»-и худро иваз хоҳанд кард. Ва хатари инҳо зиёдтар     аст.
-Консепсияи «интиқоли    инқилобиисломӣ»…
-Ҳамин тавр аст. Ва мутаассифона, ин консепсия дар сиёсати хориҷии «кишвари ҳамзабон, ҳамнажод ва ҳамтаърих» ҳоло ҳам мавқ еъ дорад. Аммо баъд аз гузашти 27 сол мақ садҳои собиқ ҲНИТ, ки ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст, тағйир наёфтаанд-бо кумаки хадамоти махсуси Эрон ва дар мавҷи террору таҷовуз ҳокимиятро ба даст овардан. Ҳанӯз соли 1992 маълум буд, ки ин ҳизби мамнуъ ба бозичаи дасти хадамоти ҷосусии ин кишвар табдил      шуда         буд.
-Дар китоби «Кривое зеркало таджикской демократии» («Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик»), ки охири соли гузашта дар Душанбе бознашр гардид, Шумо дар бораи чанд ашхоси пештози ҷониби мухолифин навишта будед ва онҳоро зери танқид кашидед. Аз ҷониби қаҳрамонони китоб ягон вокуниш шуда буд?
-Суоли ҷолиб. Ин китоб, ки аз очеркҳои пешнавишташуда иборат буд, соли 2011 таҳти дигар ном нашр гардид. Яке аз қаҳрамонони он, Бӯрӣ Каримов соли 1999 маро дар фурудгоҳ бо модарарӯсам дид ва гуфт: «Ҳамин писари шумо бузургонро таҳқир мекунад!». У хаёл кард, ки модарам аст, ҳарчанд дар ҳақиқат хушдоманам мисли модарам аст. Аҷиб. Ту магар шарм намедорӣ, ки аз худат «бузург» метарошӣ? О ин китобат («Фарёди солҳо» А.Д.) як ҷумлаи солим надорад!
Дигараш, Мирбобо Мирраҳим (собиқ раиси «Кумитаи садо ва симо» дар «Ҳукумати муросои миллӣ» А.Д.) дар ҷавобияи очерки ман ҳатто як китоб навишт! Ман барои худ ҳатто ҳайф донистам ин китобро хонам. Дар яке аз рӯзномаҳои шахсӣ, ки баъдан муфлис шуд, ӯ қ исм-қ исм онро нашр кард. Ман зарур надонистам ба ӯ ҷавоб нависам, танҳо ба сармуҳаррири ҳамон нашрия нома навишта, овардам: шахсе, ки Айнии бузургро таҳқ ир мекунаду ба ӯ туҳмат мезанад, номи яке аз абармардони илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимиро сиёҳ мекунад, умуман, ба жожхойӣ машғул аст, лоиқи баҳс нест.
-Хуб, ҳарифони Шумо мегӯянд, ки ҳарчанд солиёни дароз дар муҳоҷират ба сар мебаред, гӯё «гумоштаи ҳукуматӣ» ҳастед. Ба ин чӣ мегӯед?
- Бале, ҳатто гуфтанд, ки тиҷорати бузург дар Қазоқистон дорам ва «сарпараст»-и ман кадом хадамоти амнияти миллии Тоҷикистон аст. Ана сатҳи «босаводии» ҳарифони ман. Чӣ тавр роҳбари хадамоти амниятии як кишвар дар кишвари дигаре тиҷорати касеро сарпарастӣ карда метавонад?! Албатта, ҳамаи ин хандаовар менамояд, «мухолифини доно» имрӯз сару калобаашонро гум кардаанд, иттиҳоди қ авӣ надоранд, «Паймон»-и дурӯғинашонро аз будаш хеле зиёд нишон доданӣ мешаванд, ба ҳарзагӯиҳо даст мезананд. Ин аз заъфияти онҳо дарак медиҳад. Барои даст ёфтан ба кумаку грантҳо инҳо ҳатто якдигарро чашми дидан надоранд. Ман дар бораи ин дар саҳифаи фейсбукиам муфассал навиштаам ва на як бору ду бор. Ба тамоми далелҳои овардаи ман онҳо як посух доранд-туҳмат, дашном, тавҳид.
Аз саҳифаҳои ҳафтаномаи бонуфузи Шумо бояд махсус изҳор кунам: чизе, ки ман мегӯям ва менависам, ин ақидаи устувор ва мавқеи шаҳрвандии ман аст. Дар муқоиса бо онҳое, ки гонорар мегиранд, грантҳоро «ҳалол» мекунанд, ман ягон мақсади ғаразнок надорам. Ман ягон вақт «оппозитсионер» набудам ва шуданӣ ҳам нестам. Ошкоро мегӯям, ки идеали ман сохти сотсиализм аст. Ман то ҳол ба ин идеалҳо        содиқ        ҳастам. Сипос барои          суҳбати     ошкоро.
-Сипос ба Шумо, ки имкон додед назари худро баён кунам. Ба Шумо ва хонандагонатон         барори      кор   мехоҳам.

«Имрӯз нюс» аз №119 (1909) аз 24.07.2019с. 

Тегхо

Анбори хабархо

Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
^