Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за Июль 2020 года » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 8367
  • Автор: admin
  • Дата: 31-07-2020, 07:07
31-07-2020, 07:07

РАДДИЯ БА СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ХАБАРГУЗОРИҲОИ ХОРИҶӢ

Категория: Хабар

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чанде пеш филми мустанадаи сеқисмаи «Хиёнат»-ро таҳия ва пешкаши тамошобинон намуд. Филм бо далелҳои қатъию саҳеҳ дар бораи хиёнату ноҷавонмардии аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ҳикоят 

Информация к новости
  • Просмотров: 7864
  • Автор: admin
  • Дата: 31-07-2020, 06:56
31-07-2020, 06:56

ОПРОВЕРЖЕНИЕ НОВОСТЕЙ НА ЗАРУБЕЖНЫХ САЙТАХ

Категория: Хабар

В недавнем времени Государственным учреждением «Таджикфильм» был подготовлен и представлен зрителям документальный 3-х серийный фильм «Предательство». 

Информация к новости
  • Просмотров: 8089
  • Автор: admin
  • Дата: 20-07-2020, 22:25
20-07-2020, 22:25

ДУДМОНИ* ТУ КУҶОСТ? Ё посух ба бадкешони миллат

Категория: Хабар

АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи ҷаҳонишавии имрўз рақобати иттилоотиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ  торафт тезутунд месозад. Агар ин рақобат солим бошад, ҳарфе нест. Вале бадхоҳони миллат ва давлати мо ин қоидаи рақобат дар ҷаҳони мутамаддинро кайҳо пушти по зада, бо дурӯғу газзоф ва таҳқиру туҳмат сӯи Тоҷикистон пайваста сангандозӣ мекунанд.  Албатта, дар чунин вазъият мо адибон, олимон, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони аҳли зиё ҳуқуқи маънавии муҳри хомӯшӣ ба лаб задан ва сукут ихтиёр кардан надорем. Чунин изҳори назар кардааст нависанда ва публисист Сипеҳри ҲАСАНЗОД зимни як навиштаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.       

…Аз ҳофизаи таърихи куҳан пора-пора сафҳаи зардшудаи сарнавишти талхи мозиро дармеовараму чун дуди таҳбатаҳи оташдор ба худ мепечам, раҷ мепўям, бехабар аз он ки дармегирам, хомўшона фарёдрас меҷўям, то бигўям, ки бо қудрати Кирдигор як ҳазору сад сол пас дар сарзамини тоҷикон боз насими истиқлол вазид. Истиқлоле, ки ҳазорсолаҳо боз орзумандаш будем. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате арзи ҳастӣ намуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Истиқлолияти давлатӣ таҷассуми заҳматҳои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хусусияти умумимиллиро парвариш дода, ҳамватанон дар симояш ҳомии забону фарҳанги аслии хешро диданд. Аз ин зовия дастуру ҳидоятҳои омўзандаашро ба ҷон пазируфта, баҳри созандагиву бунёдкорӣ рўзгори нав ба сар гирифтанд.

Нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ дар он аст, ки муноқишаҳои дохилиро барҳам зада, сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намуданд. Ҳатто тоҷикони бурунмарзӣ ҳам ба атрофаш ҷамъ омада, бо муҳаббат Пешво хондандаш. Тарҳ ё ин ки «модел»-и нодири сулҳофарии Пешвои миллат барои мамолики ҷангзадаи дунё сабақомўз шуд. Бозгардонии беш аз як миллион фирорёни иҷборӣ дар тасаввур афсонае беш набуд.

Президенти мо дар муҳите камол ёфтааст, ки аҳли хонадонаш ба қадри модари неъматҳо — Замин мерасанд. Сарвари давлат  сароғоз мардумро муттаҳид намуда, тасмим гирифтанд, ки дастархони аҳолӣ пурнозу неъмат бошад. Аз ин нуқтаи назар беш аз 75 ҳазор гектар заминҳои президентиро дар ихтиёри кишоварзон гузоштанд. Деҳқонон аз ҳар ваҷаб замин оқилона истифода бурда истода, дар як сол чанд маротиба ҳосил мегирифтагӣ шуданд.

Солҳои баъдӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба мамолики хориҷии дуру наздик дар маҷмўъ ба миллионҳо тонна расонида шуд. Бозорҳо аз навъҳои гуногуни маҳсулоти тару тоза ва меваҷот фаровон гаштанд. Мутобиқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ азхудкунии заминҳои лалмӣ оғоз шуд. Деҳқонон аз ин иқдоми давлатдорон хушнуд гаштанд. Дигаргуниҳои чашмраси иқтисодиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи оламиёнро сўи ин диёри пурганҷ бештар намуд.

Кишоварзон аз рўи маслиҳати олимону мутахассисон амал намуда, дастовардҳои соҳавиро ғаноӣ мебахшиданд. Ба миллиардҳо адад расонидани тухми мурғ, ба миллионњо сар расонидани парранда ва рушди моҳидориву занбӯри асал шаҳодати гуфтаҳои болост.

Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аҳолии ҷумњурӣ ба зиёда аз нуҳ миллион расида, талабот ба маҳсулоти хўрокворӣ ва дигар анвои лозима торафт меафзояд. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат ба хотири болоравии дараҷаи некўаҳволии халқ роҳу воситаҳои нав ба навро ҷуста, барномаҳои озуқавориро роҳандозӣ менамояд.

Тарбияи мутахассисони касбияташон воло ва зеҳнияташон қавӣ аз масоили умдаи рўз маҳсуб мешавад. Татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» заҳмати даҳсолаи коршиносонро дарбар мегирад. Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии такмил ва омўзиши фанҳои табиатшиноӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба рушду нумўи ҷомеа ва қабули консепсияҳои нав сабаб гардидаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 2,5 ҳазор мактаби замонавӣ бо тарҳи наву таҷҳизоти муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Чанд сол аст дар 40 донишгоҳи олӣ 220 000 нафар, дар хориҷи мамлакат беш аз 30 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз 23 мамолики хориҷа бошад, 14 ҳазор донишҷў дар Тоҷикистон бо таъмини шароити лозима аз устодони ҳирфаӣ сабақ меомўзанд.

Бунёди сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мамлакатро аз буҳрони энергетикӣ раҳоӣ  бахшид, ҳам акнун сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст. Обанбори Роғун аз рўи лоиҳаи шафофи муҳандисӣ сохта шуда, на танҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, балки аҳамияти бузургеро барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа молик аст.

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба рўзгори сокинони диёр беҳбудӣ бахшид ва байни минтақаҳо пули устувори дўстиву рафоқат гузошта, набзи ватандорӣ пайваста ҷўш мезанад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири мамолики дунё шартномаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба баста, намояндагонаш дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷойи ифтихор аст, ки Президенти мо дар чандин ҷаласањои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид раисӣ ва бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ кардааст.

Фазилати ибратоини Пешво дар он аст, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи давлат мутахассисонеро ба саҳнаи сиёсат меоранд, ки мактабдидаву дардошнои мардуманд. Худи мактаби Президент барои роҳбарони сатҳи олӣ омўзанда аст.

Бо вуҷуди ин, доираҳои муайяни ба ном сиёсии зери ҳимояти хориҷиён мунтазам дар пайи иғво буда, талоши кофтани «чирки зери нохун»-ро доранд. Ҳамин аст, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» назари хешро аз вазъияти басо ҳассосу мураккабе, ки ҷаҳон зери таъсири бемории COVID-19 мондааст, баён дошта, баробари нақши боризи табибони ҳозиқ саҳми рўзноманигоронро низ ҷиҳати аз тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ сари вақт паҳн кардани ахбори зарурӣ зикр менамояд. Ҳамзамон, номбурда дар рафти суҳбаташ таъкидомез чунин иброз медорад: «Аммо баъзе аз рўзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурўғ ва буҳтонҳои зиёд…  халалдор карда истодаанд».

Ақрабнафасоне дар ҳавои созу савти бегона тинҷиву оромиши кишварро намехоҳанд. Масалан, хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» (Аврупои Озод) фақат аз камбуд мегўянд: ё як хонаи селзадаро ба намоиши видеоӣ мегузоранд, ё «қаҳрамон»-еро меёбанд, ки аз ҳарду дунё дасту дил шуста, «мудерн»-и замон шудааст! Ё ҳеҷ набошад, аз тақдири кадом як зани оташзада ҳангома меороянд, ҳол он ки ба иллати бемории рўҳӣ ҳодиса рух додаас ва пизишкон дар ин бора хулосаи тиббӣ навиштаанд.

Хабарнигори «Озодӣ» ба сурати лўлии талбанда рўи роҳ нишаста, ба ояндагону равандагон дасти гадоӣ дароз мекунад. Ҳол он ки  лўлиёни машҳур ба гадоӣ ин «шуғл»-ро аз гузаштагонашон ба «мерос» гирифтаанд. Тавба, ҳамин амали содалавҳонаро «тадқиқоти журналистӣ» унвон кардаанд. Фарзан,  ҷамъи лўлиёнро аз шаҳр биронем, “озодӣ”-парастон ба ҷаҳониён ҷор мезананд: «Дар Тоҷикистон табъизи нажодӣ роҳандозӣ шудааст!» Пас, ба кадом рўятон бовар бикунем?

Наход, ки дар як давлати дорои зиёда аз 9 миллион нафар аҳолидоштаи Тоҷикистон комгорӣ вуҷуд надошта бошад? Магар шумоҳо ободгариҳои дар замони истиқлол ба амал омадаро намебинед? Магар солиёни гурезогурез ва фақру бенавоиву ғарибӣ ба дилатон назадааст? Ҳаводиси Сурияву Ироқу Фаластину Афғонистон ва дигар мамолики ҷангзада бароятон сабақ намешавад? Ин ҳангоматозиву иғвоангезӣ ба хотири чист? Ё бар ивази «бале»-гўиҳои хоҷагони бурунмарзӣ ва дарёфти пули муфт қалами муқаддасро қурбони фасод гардонидаед?

Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба қавли устод Айнӣ барои миллати “сахтҷон” бояд сабақи якумрӣ шавад. Дидем, ки думравони мансабталошу хурофотпараст, нимчамуллову “қориён”-и аз тафсири Қуръони Карим фарсахҳо дур аз минбари баҳманмоҳи хунини солҳои навадум чӣ гуна вазъ мегуфтанд.

Агар дар ин авохир афроди бедори миллатҳои мутамаддин ба кайҳон рафта, василаи омўзиши таркиби ҷирмҳои осмонӣ кашфиёти нодир — дар сайёраи Миррих имкони эҳёи наботот — ҳаётро пешгўӣ карда бошанд, уламои дину фанни мо сол аз дувоздаҳ моҳ асири ихтилофҳои мазҳабӣ, баҳси саллаву дастори кўтоҳ, хаму рости ангушти ишоративу талаффузи арабии «валаззолин» бо «зод»-и «изғӣ», имлои «ў»-ву «ӣ»-и дароз бо «вов»-и маъдуларо то њол ба тафовуқ нарасонидаанд.

Хабарнигори Радиои «Озодӣ» Шаҳлои Гулхоҷа (гўё бо равиши нав бошад!) дар байн афкори ду тоҷикро ҳакамӣ мекунад. Кӣ намедонад, ки Кабирӣ, раиси Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо дастгирии хоҷагонаш фирорӣ гашта, бар зидди ҳамватанонаш дандон тез кардааст? Ҳатто вай дар посух ба суолҳои ҳамсуҳбаташ Собир Валиев худро нороҳат ҳис мекунад.

Мусаллам аст, ки Кабирӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳаргиз  шахсият ва ё чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангӣ набуд. Ақаллияти наҳзатиён ба Муҳиддин ва ҳамтоёнаш эътиқод надоштанд. Иғвою дасиса, якдигарнофаҳмиву кашмакаш дар байни ҳизбиёни наҳзат ба ҳаде авҷ гирифта буд, ки коршиносони байналмилалӣ Ташкилоти террористиву экстремистӣ унвонаш карданд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба даъвоҳои бепояи Кабирӣ латма мезанад. Баромадҳои Нуриддин Ризоӣ дар барномаи «Висоли Ҳақ»  мақоли тоҷикии «кал додари кўр»-ро  ба ёд меорад.

Аслан эътироз ё ҳамоишороӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда дар мулки бегона сурат намегирад. Зеро мушкилоти ҳар як миллатро роҳбарони худи ҳамон давлату ҳукумат ҳаллу фасл мекунанд. Сангандозон ҳамин амали разилонаро «демократия» унвон кардаанд. Моҳияти демократия-«ҳокимияти халқ» тамоман дигар аст.

Як бор муборизаи ҳақталошонаи Спитамени диловар бо Искандари Макдуниву сипоҳиёнашро ба ёд биёред, ки чӣ миқдор мардону занони суғдӣ ба қатл расида буданд. Тактикаи ҷангӣ ва зиракии сиёсии Спитамен нагузошт, ки душман дар ватани ў ҳукмраво бошад. Бале, ҷон бохт, вале ба душман таслим нашуд.

Ё худ, қаҳрамониҳои Темурмалик алайҳи муғулҳо дар Хўҷанди бостон назир надорад. Чингизиён чандин шаҳру деҳоти Мовароуннаҳру Хуросонро бо манҷанику зарфҳои нафтдор вайрон карда, харитаи ҳуҷум мекашиданд. Сохтани 12 киштии бодбондор нақшаи роҳнамои хўҷандиён буд. Ба болову паҳлуи киштиҳо чанд қабат намад кашида, бо гил андова карданд, аз бар дарича гузоштанд. Бо ин роҳ дар ҷангҳои пуршиддат муғулҳои бешуморе ҷон бохтанд ва калонтарин шаҳри поёноби рўди Сир Ёникентро аз чанголи аҷнабитаборон озод намуданд.

Матонати ўро устод Садиддин Айнӣ дар очерки таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ба қалам дода, ҳолати аҷиберо овардааст. Гоҳи ба хок супоридани қаҳрамон аз миёнбанди ў халтача ёфтанд, ки як каф хок дошт, бо порчаи коғаз ва ин навишта: «Эй он, ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандўстон бошӣ, маро бо ин як каф хок гўрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!” Байт:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки ин орзу мебарам ба хок!»

Шумоҳо магар аз ёд бурдед инқилобҳои фарҳангии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Ҳаким Умари Хайёмро, ки то кунун аҳли олам аз файзи ин ковишҳои судманду тақвими мелодӣ баҳра  мебаранд? Волидони покназари фозилон тоҷик буданд, яъне аз шаҷараи мову шумо. Бе муҳобо, ҳамин нобиғаҳо дар сухангустарӣ шабеҳи файласуфони Юнони қадим, аз қабили Суқрот, Афлотун, Арастуянд, ки ба масоили инсон, рўҳ, тафаккур, идеяҳо, тан ва нафс эътибори ҳамаҷониба дода, назарияи маърифатро пеш мегузоранд.

Таҳқиқи волои фалсафаи асримиёнагии Шарқи исломӣ, фалсафаи замони нав, рушди маорифпарварӣ дар Фаронса, фалсафаи марксистӣ, фалсафаи маорифпарварии тоҷик ва ғайра дар ҷилди аввали китоби арзишманди «Фалсафа»-и доктори илмҳои фалсафа, профессор Нуриддин Саид дарҷ гардидааст.

Амали бадкешони миллат набояд ҳар яки моро бетараф гузорад. Боз ҳам ба фалсафаи маорифпарварии тоҷикон рў биёрем, мебинем, ки дар замони ошўбҳои сиёсӣ баъзе намояндагони барҷастааш сўи душманон гаравида, ҳамкешону ҳамзабонони худро шармсор кардаанд. Абдуррауфи Фитрат ҳамин гуна шахс буд, вале дар ибтидои муборизаҳои инқилоби сиёсиву маънавӣ бисёриҳо ботини ўро нашинохтанд.

Озодиву соҳибихтиёрӣ, яъне демократия бояд меъёр дошта бошад. Чаро ниҳодҳои масъули дохиливу байналмилалӣ ин ҳама таҳқиру шўру шаафи бешарафонро шунидаву лаб фурў мебанданд? Шаъну шараф ва риояи ҳуқуқи конститутсионӣ чӣ мешавад?

Доктори илмҳои фалсафа Нуриддин Саид бо ифтихор мегўяд, ки тоҷикон дар масири таърих мардуми шарафманд, соҳибэъҷозу тамаддунсоз, бонангу ор ва бекинаву беозор омадаанд. Ў бо таассуф аз истилои арабу чингизу муғул то исёнгариҳои Хева ёд меоварад. Ҳамзамон, меафзояд, ки тоҷикон дар ягон аср барои ғасби марзу буми бегона талош накарда, бо рақибон созиш намуда, гуноҳашонро мебахшанд, боз дар айни тангдастӣ ёрмандӣ мекунанд. Ин моем, ки гапу калочаҳоро гўё намешунавем, ба дил кина намегирем. Ин моем, ки ҳамаро бо чашми дил дида, бо ақли кулл пазиро мешавем. Моем, ки рўзи сахтиву нотавонӣ аз раҳи савобу имондорӣ душманро бо нону намак дар кулбаи хеш ҷой медиҳем.

Дар замони пурталотуми ҷаҳонишавӣ таблиғгарони давлатҳои абарқудрат намегузоранд, ки сўи чеҳраҳои сиёсӣ ё давлаташон аз берун ҳарфи беҷо бигўянд. Агар гуфтанд, дарзамон раддия пеш меоваранд. Дар муҳити мо акси манзара ҳукмрон аст. Аз чҳор сў бар сарамон санги маломат меборад, вале ҳамоно дар ҳукми сукутем.

Устоди зиндаёд Бозор Собир қаблан гўиё ин амаҳњои разилонаи гумроҳони миллатро саропо эҳсос намуда, ба дифои Сармеъмори сулҳу ваҳдати миллӣ бархоста буд:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!..

 

Сипеҳри  ҲАСАНЗОД,
нависанда ва публисист 

Информация к новости
  • Просмотров: 7923
  • Автор: admin
  • Дата: 20-07-2020, 17:06
20-07-2020, 17:06

САДРИДДИНУ МУХАММАД БЕИКБОЛУ.....Который день пальцем показываешь на сторону моей Родины и будьто кто- то хочет тебя убыть....

Категория: Хабар

САДРИДДИНУ МУХАММАД БЕИКБОЛУ.....Который день пальцем показываешь на сторону моей Родины и будьто кто- то хочет тебя убыть....

Информация к новости
  • Просмотров: 8029
  • Автор: admin
  • Дата: 16-07-2020, 18:14
16-07-2020, 18:14

УГОЛЬНАЯ ПРОМЫШЛЕННОСТЬ НАЗВАНА САМОЙ РАЗВИТОЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ

Категория: Хабар

За первые шесть месяцев 2020 года Таджикистан экспортировал около 1,5 тысячи тонн угля в Узбекистан и Пакистан Угольная промышленность стала самой развитой отраслью Таджикистана, заявил начальник Службы по госнадзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при правительстве республики Санъат Рахим.

 

Информация к новости
  • Просмотров: 8010
  • Автор: admin
  • Дата: 15-07-2020, 16:48
15-07-2020, 16:48

ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ...

Категория: Хабар

Расо 21 сол пеш, замоне, ки Муҳиддин Кабирӣ узви раёсати ҲНИ буд, бо амри ин ҳизб каллабур-килеронаш дар Душанбе тавонотарин журналисти тоҷикро куштанд. Имрӯз шарм надошта, дар Аврупо, ҳамин нафар даъвои демократияву озодии баён дорад...

Информация к новости
  • Просмотров: 8471
  • Автор: admin
  • Дата: 10-07-2020, 18:24
10-07-2020, 18:24

Муроҷиатнома ба Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”)

Категория: Хабар

Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос ҳатто мухолифини давлат дар канори ҳам меоянд ва алайҳи душман муқовимат мекунанд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 8605
  • Автор: admin
  • Дата: 8-07-2020, 02:11
8-07-2020, 02:11

Documentary film Betrayal VIDEO !!!

Категория: Хабар

film Betrayal

 

Информация к новости
  • Просмотров: 8573
  • Автор: admin
  • Дата: 8-07-2020, 02:04
8-07-2020, 02:04

Документальный фильм Измена ВИДЕО

Категория: Хабар

Документальный фильм Измена

 

Информация к новости
  • Просмотров: 9301
  • Автор: admin
  • Дата: 7-07-2020, 15:12
7-07-2020, 15:12

Политическая сущность Кабири - предательство!

Категория: Маълумот, Javonon, Эълонхо, Хабар

Политическая сущность Кабири - предательство!

В последние месяцы моего общения с друзьями и знакомыми, а также непосредственного чтения аналитических материалов в международной интернет-паутине пришёл к выводу, что всё, что происходит у нас в Таджикистане в условиях пандемии коронавируса является, слава Богу, терпимым. В том числе, по сравнению, если считать такое корректным, с другими, даже развитыми государствами, именуемыми экономическими гигантами, которые в политической жизни также являются законодателями моды.

Назад Вперед

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^