Ин лањзањо њамаи мову шумо дар остонаи солгарди бистунўњуми Истиќлолияти давлатии Тољикистон, яъне бузургтарин ва муќаддастарин љашни миллиамон ќарор дорем.
Мањз истиќлолият ба мо имконияти таърихие фароњам овард, ки ватани худро соњибї, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишњои миллиамонро эњё созем, ормонњои деринаи халќамонро амалї гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роњ монем.
Истиќлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халќи мост, инчунин лањзаи андеша ва тањлили масъулияти њар фарди сарзамини аљдодї барои расидан ба ќадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрўзу ояндаи Ватани мањбубамон мебошад.
Мардуми Тољикистон Рўзи истиќлолияти давлатии кишварро чун нишонаи ќадршиносиву арљгузорї ба ин санаи таќдирсози миллїњар сол њамчун љашни бузурги умумимиллї дар фазои бошукўњи идона таљлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соњибистиќлолу Ватани соњибихтиёр доранд.