Чанд нукта дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чун анъана имрӯз 23 декабри соли 2022 Паёми Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми навбатии Президенти кишвар дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ карда истодаанд. Вобаста ба ин дар Паёми Пешвои миллат махсус зикр гардид, ки “Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.
Бояд қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат дар баробари он, ки дастовардҳои ҳама соҳаҳо ва вазъи онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ҳамзамон яке аз самтҳои дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошт, ин таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳад ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҷаҳони муосирро мураккаб арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ суботу оромӣ ва амнияти ҷаҳонро халалдор намуда истодааст. Тавре дар Паём зикр гардид: “Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд”.