Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро бо шаъну шукӯҳ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат ҷамъбаст намуданд.
Дар ибтидои суханронии худ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд». Ва чандин маротибаи дигар дар Паёми худ иброз доштанд, ки тамоми дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳз тавассути меҳнату заҳмати бедареғи мардуми кишвар ва пуштибонии мардум аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарчашма мегирад.
Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарох ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда, Пешвои муаззами миллат аввалан тамоми фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакатро дар муддати 5 соли охир ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд ва дар муқоиса бо 5-соли қаблӣ мушаххас дастоварду пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо, воқеоту мушкилиҳоро баён намуданд ва баъдан самтҳо ва роҳҳои рушди минбаъдаи кишварро аввалан барои соли 2023 ва баъдан барои даҳ сол ва солҳои минбаъда муайян намуданд, ки онро Барномаи рушди кишвар барои солҳои оянда ҳисобидан мумкин аст.