Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки: “Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад”. Дар чунин шароит, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва пуртазод гардидани ҳадафҳои геополитикӣ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин амал, ин таъмини амнияти миллӣ мебошад.***
Амнияти миллӣ маҷмӯи андешаҳои расман қабулшуда ба мақсаду стратегияи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, низомӣ, техногенӣ, экологӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи имкониятҳо мебошад.