Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 29.03.2023 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 4167
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 11:15
29-03-2023, 11:15

ВАТАНФУРӮШОН ХОКИ ВАТАН КӮРАТ КУНАД!

Категория: Хабар

Имрӯзҳо бисёранд он ватанфурӯшоне, ки аз дур истода ба суйи миллати тоҷик санги маломат намуда, худро чун сиёсатмадорони босавод нишондодаву оромии миллатро мехоҳанд барҳам занонида тазоҳуротҳои пучу бемаъниро ба амал оваранд.

Вале кайҳот, ки онҳо худ аз ҷоҳилии худ бехабар монда, ҳанузҳам зархариди хоҷагони худ ҳастанду бо луқмаи ҳаромӣ онҳо зиндагии хешро пеш мебаранд. Аммо то куҷо?

Дигар ҳеҷ кас ба ин дасисаву найрангҳои шумо палидони ватанфурӯш бовар нахоҳад кард. Ҳама он шағолсифатоне, ки дар гирду атрофи хеш мутоеъ сохтаеду хидмати хоҷагони хешро месозед чуз як мушбашр чизе нестанд.

Аз дури истодаву ғайбат кардан ва туҳмати бардуруғ кори тоифа мардуми бехираду дур аз одобу тарбият аст, ки ин сифатҳо низ даври шумо намегарад.

Магар мешавад, ки бо худододагон ситеза кард! Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳон эътироф кардаву чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳони мешиносанд.

Магар эй хоинони ватанфурӯш шумо ба худододаҳо низ рашку ҳасад мебаред?

Мо аз хӯрд то бузурги миллати тоҷик паҳлуи Пешвои миллати хеш ҳастем ва то нафаси охирин баҳри пешравиву ободӣ, оромиву осудагӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ талош хоҳем кард.

Зеро ки мактаби мардонагиву инсондӯстии Роҳбарияти олии мамлакат дар хуни мо ҳисси масъулиятнокӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллиро таҷассум намудааст, ки чун шери жаён баҳри осудагии Ватан ҷон нисор хоҳем кард.

Ва ин масарҳои балнди шеъри, ки таъсираш ба ҳафтпуштаи ватанфурӯшон таъсир хоҳад кард дарсест барои хоинон.

 

Тоҷики меҳанфурӯш номи Ватан кӯрат кунад,

Аз Ватан дурат кунад, дурат кунад, дурат кунад.

То даме ки зиндагӣ дар кишвари бегонагон,

Бандиву зиндониву тобеву муздурат кунад.

Ору номуси ватандорӣ надорӣ, боз ҳам,

Луқмаи бегонагон хоҳам даҳоншӯрат кунад.

Дар ватан фавтидагон дар хоки меҳан зиндаанд,

Шарбати пистони модар, зинда дар гурат кунад.

Баъди мурдан гар намехоҳӣ фишорат хоки ғайр,

То азони вай шавӣ хоҳам, ки маҷбурат кунад.

Информация к новости
  • Просмотров: 3882
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:36
29-03-2023, 06:36

ТАЪСИРИ ФОҶИАБОРИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Категория: Хабар

Тавре аз таърих маълум аст, ҷамъияти инсонӣ қисмати зиёди вақти худро дар марҳилаи асри санг гузаронидааст. Ва чигунае, ки аз гуфтаҳои олимону донишмандон ба монанди Ф. Энгелс ва В. И. Ленин аз асару нигоштаҳояшон бар меоянд: Колективона зистани инсониятро “Гала”, “Галаи ибтидоӣ” ва ё “Коммунаи ибтидоӣ” унвон додаанд.

Яъне замоне буд, ки инсоният туда – туда мезисту асбобу анҷоми рӯзгораш аз санг сохта шудаву истифода мешуд. Вале бо пешрафту зиёд шудани шумораи одам олоти аз санг сохташуда на он қадар манфиатовар шуд. Бо мурури замон одам аз биринҷу мису оҳан сохтани асбобу олоти кориро ёд гирифт.

Марҳила ба марҳила мо инсонҳо ба авҷи баланди тараққиёт расидем ва ҳоло дар хизмати худ беҳтарин техникаву техналогияро қарор додаем. Танҳо бо як телефони мобилӣ аз ҷой истода, ба кадом гӯшаву канори дунё набошад, бо ёру дӯстон ва хешу ақрабоямон ба таври видеоӣ ва ё аудиоӣ дар тамос мешавем. Ҳоло бошад, инсон аз замин ба кайҳон парвоз кардаву дигар сайёраҳоро омӯхта истодааст.

Инсоният барои ба чунин шароити зиндагие, ки айни ҳол дар даст дорем, ҳазорон солҳо талош кардаву даҳҳо ҳазор монеагиҳои гуногунро (ҳодисаҳои табиӣ ва ҷангу хунрезиҳо) паси сар карда, пасон, ба он расидааст.

Дар ин замина, бояд гуфт, ки мақсади ниҳоии чунин талошҳову пешравиҳо танҳо барои осонтар, хубтар, зудтар ва беҳтар гардидани шарту шароити зиндагимон мебошад.

Вале, мутаасифона, техникаву техналогияи имрӯзаро бархе инсонҳо на ба фоидаи ҷамъият, балки бар зарари он истифода менамоянд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 3937
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:34
29-03-2023, 06:34

Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир

Категория: Хабар

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид. 

Информация к новости
  • Просмотров: 4047
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:26
29-03-2023, 06:26

ТЕРРОРИЗМ ВА ГУРӮҲОИ ИФРОТӢ

Категория: Хабар

     Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро фарогири менамояд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати тозаистиқлол, ки 31-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.

Тоҷикистони маҳбуби мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки мушкилии зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ Ба ин хотир кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Информация к новости
  • Просмотров: 4190
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:13
29-03-2023, 06:13

ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР

Категория: Маълумот

ВОКУНИШ: Терроризму экстремизм ин номҳоеанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷҳ овардааст ва ҳамчун вабои аср ба омили хушунату ваҳшат таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра гаштааст. Амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад.

Информация к новости
  • Просмотров: 3945
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 04:12
29-03-2023, 04:12

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА МУҲИМИЯТИ ОН

Категория: Маълумот

Дар шароити кунунӣ тамоми кишварҳои қишри сайëра дар миёни муборизаҳои иттилоотӣ қарор дошта маҳз таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфта, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он алоқамандии зич пайдо кардааст. Албата Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир, ки дорои истиқлолияти сиёсии хеш аст, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз аз лаҳзаи бо суръат рушд намудани техникаву технология ва шабакаҳои ҷаҳонии интернет кишварҳои ҷаҳон миёни бархурдҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд, ки ба фазои сулҳу осоиштаи онҳо таҳдидовар мебошад. Яқинан бояд гуфт, ки бо пайдо шудани интернет имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷангҳои лафзию иттилоотӣ бештар гардида, бархурду низоъҳои сиёсиву давлатиро байни кишварҳои осоишта ба бор овардааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар шароити мутақобилан ба кишвари сулҳу осоишта ва соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд табдил ёфта, дорои арзишҳои миллию давлатӣ, ва ваҳдатсолориву сарнавиштсоз мебошад. Ҳукумати кишвар дар роҳандозӣ бо сиёсати сарнавиштсози "Дарҳои боз" равобиту ҳамкориҳои густурдаи худро бо кишварҳои ҳамдӯст ва ҳампаймони худ мустаҳкам намуда, пояи Истиқлолият ва сулҳу суботи худро устувор намудааст. Ба ҳамин мақсад дар шароити ҷаҳонишавии геопалитикӣ, бархурди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ кишвари Тоҷикистон дар миёни ҷангҳои иттилоотӣ қарор дошта, таъмин ва устувор намудани амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Албата ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз фазои амнияти иттилоотӣ мо дар миёни муборизаҳои шадиди мухолифон ва хоинони миллат қарор дорад. Имрӯз бадкорон ва хиёнаткорони давлату миллат бо истифода аз шабакаҳои ҷаҳонии интернет ба фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ва манфиатҳои миллию давлатии мо таҳдиду хатар эҷод намуда истодаанд. Дар шароити кунунӣ таҳдидҳои суръатноки мухолифини ҳукумат, ки бо истифода аз пуштибониҳои хоҷагони хориҷияшон муборизаҳои домандор ва иғвоангезонаи худро барои ноором намудани фазои сулҳу суботи кишвари мо роҳандозӣ менамоянд таъмин ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ барои кишвари мо муҳим ва саривақтӣ аст. Мо бояд дар баробари муборизаҳои мақсадноки онҳо истодагарӣ намуда пеш аз ҳама манфиатҳои миллии кишвари худро ҳифз намоем. Вазифаи мову шумо пеш аз ҳама холи намондани фазои иттилоотӣ мебошад. Мо бояд ба ҳар як сухану гуфтори бадкорону хиёнаткорони ватан ҷавоби муносиб ва бо факту далел дошта бошем. Ҳоло замони хомӯшиву бетарафӣ нест, балки бо як ғурур ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва манфиатҳои миллию давлатӣ дар як саргаҳ қарор дошта бошем. 

 М.Аминзода

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^