Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ТАЪСИРИ ФОҶИАБОРИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ТАЪСИРИ ФОҶИАБОРИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 2483
  • Автор: admin
  • Дата: 29-03-2023, 06:36
29-03-2023, 06:36

ТАЪСИРИ ФОҶИАБОРИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Бахш: Хабар

Вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт хостам каме назару андешаҳои худро дар матлабам пешкаши хонандаи азиз гардонам.

Яке аз омилҳое, ки  таҳдиду хатарзо ба амнияту суботи дилхоҳ давлату миллат ба ҳисоб меравад, ин истифодаи нодурусти интернет - шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи нав мебошад. Яъне дар баробари дар бисёр ҷабҳаҳо манфиатбор будани техникаи нав ва интернет зимни истифодабарӣ, инчунин, ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ гардидааст.

Чандин сол аст, ки масъалаи вусъат ёфтани амалҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун вабои аср ва доғи рӯз боқи мондааст. Аз ин аксарият давлатҳои дунё азият мебаранд. Падидаҳои экстремистиву террористидошта дар шаклу қолабҳои гуногуни харобиовар зуҳур карда, таъдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.

Агар ба баъзе таҳлилҳои оморӣ ва манбаҳои интеренетӣ назар афканем, мушоҳида менамоем, ки дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз панҷсад ташкилотҳои террористиву экстремистӣ арзи вуҷуд доранд. Дар баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, имрӯзҳо ҳазорҳон гурӯҳҳои алоҳидаи иртиҷоӣ созмон дода шудааст ва шуда истодааст, ки ин гурӯҳҳо бо пахш кардани иттилооти дуруғу бофташуда, махсусан, ба ташаккули ахлоқии қишри ҷавони ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.

Маводу маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯй гузошта мешаванд, гоҳ вақт шахс ба мазмун ва муҳтавои мавод пурра шинос нашуда, барои бештар паҳн кардани он тасмим мегирад. Ё баъзан вақт маълумот ва наворҳои носаҳеҳу носанҷидашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мегарданд, ки дар натиҷа сирри оилавӣ, хизматӣ ва давлатӣ фош шудаву бо мурури замон ва тағйир ёфтани вазъ метавонад ин амалкард мушкилсоз гардад.

Дар мисол метавон гуфт, ки якчанд афроди хоину асолатбохта – Муҳаммадиқболи Садриддин, Ашуров Ҳусейн, Зайд Бобоев, Муҳиддин Кабирӣ ва ғайраҳову ким кадом гумномҳо, ки ҳамагӣ ангуршуморанд, дар интернет шабакаҳо ва саҳифаҳои алоҳида таъсис дода, ба таври шабонарӯзӣ бо пахши наворҳои иғвобарангезӣ худро ба қавле ғамхору дилсӯзи давлату миллат гирифта, гӯё мардумро роҳи дурустро нишон медода бошанд, машғуланд. Дар ин ҷо савол ва шубҳа ба миён меояд, ки нафарони дар болозикр ва монанди онҳо аз куҷо меёбанду мехӯранду мепӯшанд то шабонарӯзӣ дар назди дастгоҳҳои наворбардорӣ нишаставу вазъи сиёсиву иҷтимоии давлатро бо нигоҳи тангу торики худ ба риштаи таҳлил мекашанд ва онҳоро пайваста дар шабакаҳои интернетӣ паҳн месозанд!?. Албатта, ки тағоҳои вазнин – хоҷагонашон дастгирӣ мекунанд, вагарна аз куҷо ин ҳама шароитҳоро ба худ муҳайё месозанд.

Бубинед, ки онҳо ва монанди онҳо даҳо усулу механизмҳоро истифода намуда, хоҳишу таввало мекунанд то зери наворҳои онҳо тугмачаи “ба ман маъқул аст”-ро пахш ва ё маводҳояшонро ба дигар нафарон мубодила (поделится) созанд то онҳо ба таври васеъ паҳн гарданд. Дар ин маврид мақсад маълум аст, майнаи дигарон, хусусан, ҷавононро як навъе гиҷ кардану ба ин васила онҳоро ба шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб намудан.

Роҷеъ ба ин масъала, мехостам ҳамчун мисол зикр намоям, ки дар баъзе давлатҳо даҳсолаҳо мешавад дар дохилашон ҷангу ҷидол рафта истодааст (Либия, Сурия, Ироқ ва ғайраҳо) ва ҳеҷ наметавонанд ба худ оянд. Аз як тараф дар баробари дигар омилҳо, инчунин, маҳз таъсири истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ низ буд, ки дар бархе давлатҳо вазъи сиёсиашон тезу тунд гардид. Зеро бо пайдо шудани мушкилии хурде дар як гӯшаи ин ё он кишвар як чанд афроде эътироз мекарданду боз якчанд бадбинӣ дигар ин ҳолатро ба навор гирифта, ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Чунин эътирозҳоро ончунон намоишкорона нишон медоданд, ки гӯё тамоми мардум ба по хеставу дигар ҳеҷ илоҷаш нест, ки мушкилотҳои ҷойдоштаро ба таври мусолиҳаомез ҳал намуд. Ва дар натиҷа чи шуд? Гиряи пураламӣ модарону занони бефарзанду бешавҳар ва кӯдакони бепадару бесаробонмонда, мардуми сарсону саргандони дар орзуи як соат осудагӣ, ободиҳои ба худ ҷомаи харобазорро бар карда, боду ҳавои ғуборолӯду тира ва бӯйи нафастангкунандаи аз таъсири тиру туфанг ба миён омада.

Пас, бо бардошт аз гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки дар баъзан ҳолатҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони даъват ба нифоқу амалҳои носазо, ба як василаи хатарноки гумроҳ сохтан ва ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҷалб кардани ин ё он нафар мегардад.

Аз ин нуқтаи назар месазад шабакаҳои иҷтимоиро дурусту мақсаднок истифода намоем ва муҳимтар маводу наворҳоеро тарғибу ташвиқ созем, ки бо ин роҳ метовонад дар баланд гардидани ҳисси худшиносии миллии ҳамаи қишрҳои ҷомеа таъсири созандаи худро расонад.

Масалан, чанде аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ наворҳои ҳунарҳои ғайриоддии писарбачаи рӯинтану қавибозу зодаи деҳаи Болошаҳри ҷамоати деҳоти Гулистони н. Рӯдакӣ Умаров Эмомҳусайн, ки қобилияти задани 11000 ҳазор бозуфишориро (отжимания) дораду бетанаффус зиёда аз 8000 бозуфишорӣ мекунад ва ин боис бар он шуд то ӯ шомили “Китоби рекордҳои Гиннес” гардад, паҳн шудааст. Илова бар ин, тавре огаҳӣ пайдо кардем, ин шерписари тоҷик қобилияти масофаи зиёда аз 14500 км-ро бо давидан тай намуданро низ дорад. Ин наворҳоро худам тамошо кардаму ҷаҳони ифтихор фарогирам шуд. Шукронаи беҳади Яздони пок кардам, ки миёни наврасону ҷавонони мо нафароне пайдо шуда истодаанд, ки ҳатто ҷойгоҳи худро дар “Китоби рекордҳои Гиннес” ёфта истодаанд.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки пахши наворҳои ҳамин як навраси қобилиятноки тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабабгори он хоҳад шуд, ки садҳо, ҳатто ҳазорон наврасону ҷавонон муштоқи варзиш шаванду номбардори миллати хеш гарданд.

Дар интиҳо зикр медорам, ки вазъияти ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ водор месозад то мо бояд роҳу усулҳоеро истифода намоем, ки ҷомеа аз таъсири фоҷиабор ва оқибатҳои манфии истифодаи нодурусту ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф бошад ва дар ин майдон танҳо ақидаҳои солим ва таҳлилу баррасиҳои созандаро мунташир намоем.

Саймуминзода Фирӯз

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (2)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^