Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСРЕМИСТӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСРЕМИСТӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 972
  • Автор: admin
  • Дата: 27-10-2022, 19:56
27-10-2022, 19:56

НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСРЕМИСТӢ

Бахш: Маълумот

Сабабҳои аввалияи ҳамаи проблемаҳои муҳими тарбияи зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористии ҷавононро дар системаи асосҳои контсептуалии муқовимат ба идеологияи терроризм бояд ҷустуҷӯ намуд.

Бешубҳа, пешгирии зуҳуроти экстремизм – ин проблемаи байниинтизомӣ ва байниидоравӣ маҳсуб меёбад. Неруи мураттаб ва муназзами давлат ва ҳамаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи идеология ва таҷрибаи экстремизм ва терроризм бояд ба таври устувор сафарбар карда шавад. Ҳадафи асосии пешбурди корҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии идеологияи экстремистӣ ва террористӣ дар байни ҷавонон ин ворид намудани тағйирот дар ҷаҳонбинии онҳо ба шумор меравад. Тафаккури солим эҳтимолияти истифода аз воситаҳои ниҳоӣ (радикалӣ) ҷиҳати ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, миллӣ, ҳудудӣ ва дигар проблемаву зиддиятҳоро аз байн мебарад.

Ташаккули идеологияе, ки метавонад мавқеи ғояҳои ба ҷамъият хатарноки экстремизм ва терроризмро аз байн бубарад – ин вазифаҳои маҷмӯӣ ба шумор мераванд, ки иҷрои онҳоро дар мавриди муттаҳид гардонидани неруи якҷояи давлат ва ҷомеа, ҳамчунин амалҳои мунтазами дар заминаи методикаи асри ХХ илман асоснокшуда таъмин кардан мумкин аст.

Ҷавонон он қисмати насли ояндаанд, ки марҳилаи ташаккули масъулияти иҷтимоиро аз сар мегузаронанд. Ба ибораи дигар, марҳилаи ташаккулёбии муносибати бошуурона ба рафтори худро давраи ҷавонӣ меноманд. Ҷавононро бояд тарбия намуд, яъне, таъсиррасониро ба самтҳои мақсадноки ташаккули салоҳиятноки иҷтимоии онҳо равона кардан зарур аст. Дар робита ба ин, айни замон ташаккули донишҳои ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарин боқӣ мемонад.

Таълимгоҳҳои асосии ҷамъияти шаҳрвандӣ дар доираи пешгирӣ ва огоҳонидани ҷавонон аз зуҳуроти эҳтимолии экстремизм ва терроризм дар навбати аввал муассисаҳои гуногуни таълимӣ-тарбиявии хусусияти динӣ ва дунявидошта маҳсуб меёбанд. Дар ҳамаи кишварҳои мутараққӣ, ки аз сиёсати анъанавии илмӣ-техникӣ ба навовариҳо мегузаранд, диққати асосӣ ба илмомӯзӣ ва маърифатнокӣ равона карда мешавад. Дар ин маврид ҳавасмандгардониҳоро на фақат барои раванди ташкили дониши нав, балки бо мақсади ба даст овардани фоидаи на он қадар зиёди иқтисодӣ истифода мебаранд.

Экстремизми ҷавонӣ – ин зуҳуротест, ки самараи мубориза ба он дар навбати аввал аз тадбирҳои силсилавии бошуурона оид ба пешгирии зуҳуроти психологӣ-педагогӣ ва иҷтимоӣ-психологӣ вобаста аст, ки ба ташаккули шуури зиддиэстремистии ҷавонон равона карда шудааст. Дар навбати худ, шуури зиддиэкстремистӣ – ин ҳамзамон нишондиҳанда ва натиҷаи солимии рӯҳии шахсият ба шумор меравад. Ҷавонон аз рӯйи хусусиятҳои синну сол ба қабул ва интиқоли ғояҳои экстремистӣ хеле нозукбин мебошанд. Ноустувории ҷаҳонбинӣ, камолоти нокифояи иҷтимоӣ-психологӣ, ҷаҳду талоши худбинию худднамоӣ, майлу рағбат ба амалҳои таваккалии беасос ва зуҳуроти шаклҳои мухталифи эътирози иҷтимоӣ ҷавононро дар муносибат ба гурӯҳҳои эктремистӣ нисбатан пойбанд мекунанд.

Дар байни ҳама гуна омилҳои ба пайдоиш ва паҳншавии экстремизм дар байни ҷавонон мусоидаткунанда метавон чунин аломатҳои асосии ҷавонони имрӯзаро маънидод кард, ба мисли: мавҷуд набудани рушди мунтазами мафкуравӣ, ноустувории ғоявӣ; наздик будан ба ҷинояткориҳо ва дигар зуҳуроти манфии зиддиҷамъиятию зиддидавлатӣ; мубтало гаштан ба технологияи манипулятсионии ташаккули ақидаҳо ва якрангии хулқу атвор; майлу рағбати устувор ба амалҳо ва мулоҳизарониҳои ҳардамхаёлӣ ва гармхунӣ.

Чорабиниҳои пайдарпай ва профилактикӣ дар доираи зиддиэкстремизм ва зиддитерроризм - гарави муваффақиятҳоянд. Бешубҳа, гузаронидани чораҳои пешгирии ин зуҳуроти хавфнок дар байни ҷавонон назар ба аз байн бурдани оқибатҳои терроризм ва экстремизм аз ҳар ҷониб манфиатнок аст. Аз ин рӯй, дар бораи дар муассисаҳои олии таълимӣ фароҳам овардани фазои муносиби зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ сухан рондан зарур аст, ки дар онҳо намудҳои гуногуни фаъолият - машғулиятҳои беруназдарсӣ, фардӣ-эҷодӣ, коллективӣ-эҷодӣ, иҷтимоӣ-педагогӣ, амалӣ, илмӣ-тадқиқотӣ татбиқ мегарданд. Дар ин маврид чунин намудҳои фаъоли ба ҳавасмандгардонӣ ва башавқоварии амали зеҳнӣ-эҷодӣ, худтакмилдиҳии ахлоқӣ, кайфияти рӯҳӣ дар доираи муносибатҳои байни шахсиятҳо дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Дар робита ба ин, бо неруи якҷояи педагогӣ фароҳам овардани фазои маърифатнокӣ маҷмӯи ҷанбаҳои дохилию берунӣ, мунтазамӣ ва оморӣ, арзишнок-пурмазмунӣ, ташкилӣ-идоракунии фаъолияти тарбиявӣ-маърифтанокиро ташкил медиҳад. Аммо дар қаринаи мазкур талаботи баланд бардоштани салоҳияти ҳайати таълимии донишкадаҳо дар доираи муқовимат ба ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ дар мадди аввал меистад. Мавқеи асосиро дар таъсиррасонии ғоявӣ ба ҷавонон шабакаҳои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол мекунанд, ки имкониятҳои мавҷудаи онҳо ба ҳайси воситаҳои робита барои ҳамоҳангсозии фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, василаҳои ҷалбкунӣ ва худфиребии аъзои нави сохторҳои радикалӣ истифода бурда мешаванд. Аз ин рӯй, воқеияти нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муносибатҳои навинро ба ҳамкориҳои мутақобилаи ҷавонон барои коҳиш додани таъсири манфии сарчашмаҳое низ тақозо менамоянд, ки онҳо ғояҳои зӯроварӣ ва оштинопазирии нажодиро тарғибу ташвиқ мекунанд. Дар қаринаи пешгирии амалҳои экстремистию террористӣ дар байни ҷавонон проблемаи мониторинги донишҳои иҷтимоии ин гурӯҳҳои камолот дар бораи экстремизм ва терроризм нақши ҳалкунанда мебозад. Аммо раванди ташаккули донишҳои иҷтимоӣ на фақат муҳити берунии иҷтимоӣ, балки ҳамчунин шароитҳои дохилии психологиро ифода мекунад. Дар робита ба ин, зарурати ошкор намудани омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ки ба қабул ва рад кардани экстремизм аз ҷониби ҷавонон мусоидат мекунанд, яқин буда, ин тадбир барои васеъ гардонидани доираи эҳтимолияти пешгӯйӣ ва пешгирии фаъолшавии тафаккуру рафтори экстремистӣ дар байни ҷавонон имкон фароҳам меорад. Асоси мафкураи зиддиэкстремистии ҷавононро бояд тасаввурот дар бораи экстремизм ҳамчун зуҳуроти зӯроварӣ, хатарнок, манфӣ ва манфури ҳам ба шахсиятҳои алоҳида ва ҳам дар маҷмӯъ ба ҷамъият таҳдидкунанда, ҳамчун воситаи эътирофнашудаи расидан ба мақсадҳо ташкил диҳад. Дар шароити имрӯза сиёсати давлат фаъолона ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ба ҳаракатҳои ҷавонон дар самтҳои мухталиф равона карда шудааст. Вале ин тадбир басанда нест. Ба маъмуриятҳои муассисаҳои олии таълимӣ зарур аст, ки на фақат ҳаракатҳои донишҷӯёнро дастгирӣ намоянд, балки ҳамзамон корҳои доманадор, бисёрҷанбаро бо донишҷӯён тавсеа диҳанд, то ки ҳар нафари онҳо - ҳам донишҷӯёни нисбатан фаъол ва ҳам на он қадар фаъол ба иттиҳодияҳои донишкадавӣ ҷалб карда шаванд.

Роҳбарон, ҳайати профессорон-омӯзгорони муассисаҳои олии таълимӣ бояд масъалаҳоро оид ба тақвияти корҳои таълимию тарбиявӣ дар соҳаи маърифатнокӣ, ҳамчун қисмати асосии сиёсати зиддитеррористӣ ба миён гузоранд, ки онҳо ба ташаккули тафаккури зиддитеррористии донишҷӯён, мутобиқати комили иҷтимоӣ-фарҳангии онҳо, таҳияи системаи яклухти арзишҳои ҷомеаи имрӯза равона карда шудаанд. Дар заминаи чунин корҳои тарбиявӣ оид ба масъалаҳои ҳолати рӯҳии ҷавонон ҷанбаи калидӣ тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, ҳамчунин донишҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Маҳз ватандӯстӣ метавонад ба таҳкими шаҳрвандӣ, тақвияти давлатдорӣ ва муттаҳидии ҷамъият кумак расонад.

Дар зери мафҳуми “мафкураи сиёсӣ-фарҳангӣ” қобилияти инсон ба дарку фаҳмиши зуҳуроти ҷаҳони бисёрфарҳанга фаҳмида мешавад, ки дар ин маврид инсон худро ҳамчун субъекти фарҳанг тавассути ягонагии тасаввурот ва дониш дар бораи фарҳангҳои ба худ хоси мухталиф эътироф мекунад. Дар иртибот сатҳи талабот ба муҳити иҷтимоӣ-фарҳангии муассисаҳои олии таълимӣ меафзояд, ки он бояд масъалаҳои дар донишҷӯён тарбия намудани муносибатҳои дилсӯзона ба гуногуниҳои фарҳангиро баррасӣ намуда, ҳамчунин афзалияти корҳои иҷтимоӣ-фарҳангиро муайян месозад.

Тарбияи зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористии насли наврас имкон медиҳад, ки заминаҳои муҳити солимии иҷтимоӣ, фаъолияти ҳар як наврасро, ки ба принсипҳои инсондӯстӣ, эҳтироми қонун ва шахсият, муайянкуниҳои одобу ахлоқ асос ёфтаанд, бунёд гузоранд ва ташаккул диҳанд. Терроризм – ин хатари глобалӣ буда, онро давлату ҷомеа танҳо тариқи дастҷамъона метавонанд рафъ намоянд, яъне, сохторҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба онҳо мактабҳои олӣ низ шомиланд, вақте ба ин мақсадҳо муваффақ мешаванд, ки дастаҷамъона, бо неруи якҷоя барои равшан кардани ақлу рӯҳи насли наврас мубориза баранд.

 

Миршароб НОСИРОВ, сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^