Кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор ба иҷрои вазифаҳои давлатии ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз рӯйи ғараз бо мақсади ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани маблағҳои пулӣ, неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ содир мешавад. Мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки шахсони мансабдорро ба содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ ҳавасманд ва моил мекунанд. Бояд донист, ки ин кирдор низ ҷиноят буда, барои чунин шахсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия чунин муқаррар шудааст: қонуният; адолат; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; баробарии ҳама дар назди қонун; шаффофият ва ошкорбаёнӣ; ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд; ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳамагон шоҳидем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ аз ин зуҳурот, изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паём (26.01.2021) ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.
Як нуктаро бояд гуфт, ки муқовимати беамон бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда баҳри ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ фазои мусоид баҳри пешрафти диёрамон фароҳам меорад. Дар ин замина, дар мамлакат корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ сохта мешаванд ва ҷавонон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, баҳри осудагӣ ва некуаҳволии халқ хизмат мекунанд.
Воқеан, муқовимат ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмуъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад.
Бинобар ин, ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ миёни ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки дар тафаккури ҷомеа мафкураи зиддикоррупсионӣ пайдо шавад. Зеро, боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва пайомадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад.
Бознашр аз рузномаи Ҷумҳурият