Кишварҳои аврупоӣ, ки ҳамчун тарғибгарони демократия ном бурда мешаванд, дастрасӣ ба шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои иттилоотиву фарҳангии Русияро дар қаламравӣ худ маҳдуд карданд. Масалан, Латвия дар як соли охир фаъолияти зиёда аз 40 шабакаи телевизионии Россияро аз ҷумла “Россия 24”, “Россия РТР”-ро дар қаламраваш манъ кардааст. Ё худ дар Амрико саҳифаи интерентии собиқ Президент Доналд Трампро маҳдуд карда буданд. Вобаста ба ин нуктаҳо андеша мебояд!
Русия дар солҳои охир бо мақсади ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва пешгири хатарҳо қонуни махсус доир ба “агентҳои хориҷӣ”-ро қабул намуд. Ҳамзамон, дар Русия фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва ғайра манъ ва онҳо шабакаҳои экстремистӣ эълон гардиданд.
Мақсад аз овардани ин далелҳо аз он иборат аст, ки вақте фаъолияти як расона ё як шахс ба амнияти миллии давлат хатар эҷод менамояд, давлат ҳуқуқ дорад, ки хатари онро пешгирӣ ва бартараф созад.
Яъне маҳдуд ва манъ намудани фаъолияти ин ё он расона ба маҳдуд кардани озодии баён ё матбуот рабт надорад. Албатта вақте, ки як расона ё як журналист хилофи арзишҳои давлатдории як кишвари мустақил амал мекунад, давлат ҳуқуқ дорад, ки ба хотири ҳифзи суботу амнияти фаъолияти онро манъ намояд.
Ғараз ва ҳадафҳои нопоки ташкилоти экстремистиву террористии дар хориҷи кишвар қарордошта ба ҳамаи мо маълум аст. Онҳо ҳадаф доранд, ки кишвари ороми моро бесубот сохта, амнияти миллиро халалдор намоянд. Шахсоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд, ба ғаразҳои нопоки онҳо ҳамроҳ мегарданд, ки бояд фаъолияти онҳо пешгирӣ карда шавад.
Бинобар ин, ҳар як рӯзноманигор ё расонаро лозим аст, ки меъёрҳои касбӣ, қонунҳои кишварро риоя намояд. Бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ тамос барқарор накунад. Ҳангоми фаъолияти касбӣ манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дар аввал қарор диҳад.
Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ