дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон
Ҳуқуқдонҳо иброз менамоянд, ки волоияти қонун муҳимтарин ва асоситарин принсипи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз, афзалият додан ба волоияти қонун ва эҳтироми он ба ҷомеаҳо имкон медиҳад, ки давлати демокративу қонунмеҳварро бунёд намоянд. Бояд қайд намуд, ки Дар Тоҷикистон чун дигар давлатҳои демократӣ принсипи волоияти қонун дар авлавияти дилхоҳ муносибатҳо қарор дорад. Тамоми шаҳрвандон дар назди қонун баробар буда, аз имконоту захираҳои давлат якхела истифода менамоянд ва ҳамзамон мувофиқи кирдори худ дар назди қонун ҷаобгарии баробар доранд. Бале, чунин ҷиҳати масъала ба мардуми кишвар имконият додааст, ки дар руҳияи адолатмеҳвариву ватандӯстдорӣ зиндагӣ намоянд. Ба фарқ аз тамоми арзишҳову принсипҳои давлатдорӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ ҳам нозук ва ҳам мушкил ва ҳам аҳамиятноктар арзёбӣ мегардад, зеро тамоми арзишҳову афзалиятҳои давлатдорӣ танҳо дар ҳамон сурате имконпазир мегардад, ки амнияти миллӣ таъмин буда, фазои созгор дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Ин ҳақиқатест, таҷрибаи давлатдории дилхоҳ кишвар онро собит намудааст. Масалан, таҷрибаи таърихии Тоҷикистон худ ифодагари ҳамин гуфта аст.
Аз таърихи кишвар маълум аст, ки соли 1991 баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо бадхоҳии гуруҳҳои манфиатдор оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва бенизомӣ дар мамлкат фарогир гардид. Чун ҳолат тамоми арзишҳоро аз байн бурда, бенизомиву беадолатиро бавуҷуд оварда буд. Яъне, дар онҳолат амнияти миллӣ таъмин набуд ва ҳеҷ қонуну мақомоте имкони амал карданро тақрибан надошт. Фақат пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон ба вуҷуд омад, ки афзалиятҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, дар ҷомеа татбиқ гарданд. Агар ба таври мушаххас гӯем, таъмини амнияти миллӣ ҳолатест, ки дилхоҳ талаботу манфиат дар заминаи он ҳимоя карда мешавад.