Дар масъалаи таъмини амнияти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба таври мушаххас таъкид намуданд: “Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.”
Инчунин, ба назари инҷониб омили дигар ва ё асосие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намудааст, ки ба масъалаи волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ диққати махсус зоҳир намоянд чизи дигар аст. Ба ҳама маълум аст, ки як мароиба беқонунӣ ва бенизомии солҳо 90-ум дар кишвар чи ҳодисаҳоро бавуҷуд овард. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, қафомонии иқтисодиёт, марги ҳазорҳо мардон, ятим гардидани садҳо кудакон, афзоиши гурезаҳо умуман, садҳо даҳшате, ки дар заминаи бенизомии давлат ба сари мардум омада буд, то имрӯз оқибатҳои манфии он эҳсос карда мешавад. Ин нукта дар Паёми роҳбари давлат ба таври зайл таъкид гардид: “Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем.”
Маҳз чунин ҷиҳат роҳбари давлатро водор намудааст, ки ба масъалаи волоияти қонуну таъмини амнияти миллӣ диққат дода, барои шаҳрвандони худ зиндагии шоистаро фароҳам оваранд. Албатта, на ҳар сарвари сиёсӣ қобилияти чунин созандагиро дорад. Фақат сарварони хирадсолор ва оқил метавонанд, манфиатҳои миллиро дар саромади фаъолияти худ қарор диҳанд. Бале, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи сарвароне мебошад, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон тамоми талошу кӯшиши худро намуда истодааст.
Албатта, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар ба мо имкон медиҳад, ки рушди устувори кишварро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намоем. Аз зуҳури ҳар гуна ҷиноят ва кирдорҳои ношоиста дар кишвар пешгирӣ гардида, фазои созгори фаъолият ҳамчунин таъмин карда мешавад. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки аз рӯи назарпурсии Созмонҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар сархати амнтарин кишварҳо ҷаҳон қарор гирифт. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 31 солагии Истиқлолияти давлатии худ қарор доранд. Ва дар ин замина ба корҳои ободониву бунёкорӣ дар фазои орому босубот машғуланд. Гуфтан мумкин аст, ки дар оянда ҳам истиқлоли сиёсӣ, суботу ваҳдат ва фазои озодии кишвар ҳифз гардида, рушди устувори Тоҷикистон таъмин карда мешавад, ки ин бузургтарин арзиши давлатдории мо аст.
Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илми сиёсӣ