Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ҚУДРАТИ АРТИШИ МИЛЛӢ – НЕРӮИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ҚУДРАТИ АРТИШИ МИЛЛӢ – НЕРӮИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Информация к новости
  • Просмотров: 2107
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 11:52
10-03-2023, 11:52

ҚУДРАТИ АРТИШИ МИЛЛӢ – НЕРӮИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Бахш: Маълумот

Дар ин айёми пурдаҳшат бо баргузор гаштани Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди наҷотбахши миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бесарусомониҳо тадриҷан хотима дода шуд.

18 декабри соли 1992, ҳамзамон бо қабули фармони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо қарори дигари Шӯрои Олӣ нахустин бригадаи таъйиноти махсуси сарҳадӣ дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз осори садама дар аркони давлатдории мо аз байн нарафта буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи бисёр печида таъсис ёфт. Вале новобаста ба шароити ҳассос ҷомеаи кишвари тозаистиқлоли мо ба оғоз ва дурнамои ин амр хушбин буданд. Хушбинӣ аз он буд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идораи давлат, ки дар ҳоли суқут қарор дошт, танзим ва шуълаи умед ба фардои дурахшони Ватан ба дилҳо роҳ ёфта буд. Ҳоло бо гузашти 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори мудофиавии кишвари мо аз куҷо ба куҷо расид. Лиҳозо, воқеияти ҳол ва амри собит ин аст, ки ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти худро аз сифр оғоз кард, дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоное табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овардааст.

Албатта, ҷомеаи кишвари мо дар заминаи таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти замони Истиқлоли давлатӣ ин ҳақиқатро медонад, ки дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз он, ки вазъият бисёр ҳассосу печида буд,  барои бунёди Артиши миллӣ дар мамлакат ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, бо иродаи Сарвари давлат барномаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ рӯи даст гирифта шуд. Дар ин замина, 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Дар ҳамин ҳол, бо гузашти бештар аз ду моҳ 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 29-солагии таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд: «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд. Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд». 

Воқеан, бунёд ва ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ дар он замон кори осон набуд. Зеро, чунонки ишора кардем давлати соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи гузариш ба низоми нави давлатдорӣ қарор дошту мутаассифона, бар асари дасисаҳои тақдирсӯзи гурӯҳҳои манфиатдор ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар минтақаҳои алоҳида аланга мезад. Ба иқболи мо, новобаста аз вазъияти ниҳоят душвори он солҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтару беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуданд. Ҳамин азми қавию амалгароӣ ва ҷилои тавонмандиҳои Сарвари давлат буд, ки дар баробари дигар аркони давлатдорӣ Артиши миллӣ низ, ҳамчун рукни муҳими кишвари соҳибистиқлол сол ба сол неруманд мегардид.

Табиист, ки дар рушду такомули ҳар сохторе давраҳои муайян паси сар мешаванд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Марҳилаи аввал, ки, аллакай, сипарӣ шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. Даври асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад, ки айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ – Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал фаъолият доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳанӯз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад.

Ҳоло агар ба таҳаввулоти ҳарбӣ-техникии ҷаҳони муосир назар андозем, зимни бархӯрдҳои низомӣ ба неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бартарӣ дода мешавад. Вобаста ба тавонмандиҳои артиши мо дар ин самт, роҳбарияти Вазорати мудофиа мегӯянд, ки дар доираи дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии тадбирҳои амалӣ ҷиҳати тақвияти иқтидор дар ин бахш мунтазам ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардем. Чунончи, айни замон ҳавопаймову чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мушакҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ бо омодагии баланди ҷангӣ аз замин фазои ҷумҳуриро назорат ва аз фазо сарҳадоти заминии кишвар ва марзҳои ҷанубии ИДМ-ро муҳофизат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ яке аз аввалин неруҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфт ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллист. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 бунёд гардида, ҳар ду навъи қӯшун то соли 2005 дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона амал мекард. Аммо дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, худи ҳамон сол Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид ва ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд.

Чунончи зикр шуд, дар баробари неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳамчунин, ду навъи дигар – Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал ҳайати Артиши миллиро пурра месозанд, ки мутаносибан солҳои 1997 ва 2003 арзӣ ҳастӣ карданд. Қӯшунҳои хушкигард, ҳамчун раёсат масъулияти идора намудани дивизияҳо, полку бригадаҳо ва ротаву баталионҳои алоҳидаи низомиро бар уҳда дорад. Ҳоло ҳайати шахсии ҷузъу томҳои пиёданизом, савораи тирандоз, баталиону полкҳо ва бригадаҳои танкиву артиллерӣ ба ҳайати раёсати Қӯшунҳои хушкигард шомил буда, ба ҳайати Қӯшунҳои зудамал Бригардаи ҳамлавари десантӣ-зарбавӣ, Баталиони сулҳҷӯёна, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои низомии таъиноти махсус ва як қатор ҷузъу томҳои фаврӣ, шомил мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро доро буда, дар доираи ҳамкориҳои ҳарбии дуҷонибаву бисёрҷониба ва дар ҳамоҳангӣ бо неруҳои созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста машқҳои муштараки низомиро доир менамоянд. Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал аз ҷумлаи неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, ҳайати шахсии он аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. 

Ғайр аз се навъи қӯшунҳои Артиши миллӣ ва ҷузъу томи тобеи онҳо, ҳамзамон, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. 

Дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба таҳкиму тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳо зоҳир мешаванд. Аз ҷумла, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Масалан, пешниҳоди 50 дарсадии маблағ барои истифодаи об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ташкили ярмаркаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ба табобат ва таъмини доруи ройгон фаро гирифтани хизматчиёни ҳарбӣ, узви оилаи онҳо, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтани биноҳои истиқоматӣ, тақдими хонаҳои истиқоматӣ, ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ аз ҷумлаи имтиёзҳои ҷорӣ мебошанд. 

Илова ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати таҳкими иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ва беҳтар кардани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 чунин дастур доданд: “Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Дар доираи ғамхориҳои бардавом бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар то имрӯз танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 600 хизматчии ҳарбӣ ва оилаи онҳо бо манзили зист таъмин шудаанд.

Дар баробари имтиёзҳои зикргардида, ҳамзамон, баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки мунтазам амалӣ мешавад. Чунончи, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, таҳти №526 шуруъ аз 1 марти соли ҷорӣ маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Ба ин тартиб, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти набзи сиёсии ҷаҳони имрӯз, ки ҷомеаро дучори шаклҳои нави муқовимати низомӣ намуда, ҳар лаҳза хатарҳои ношӣ аз терроризму экстремизм метавонанд, амнияти кишварҳоро халалдор созанд, ҷиҳати тақвияти неруи мудофиавӣ, фароҳам овардани шароити муосири низомӣ, будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини фаъолияти пурсамари воҳидҳои ҳарбӣ пайваста ислоҳоти соҳаро ба роҳ мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамагуна барномаҳои низомии кишвари мо хусусияти дифоӣ дошта, ба ҳифзи истиқлол ва таъмини тамомияти арзӣ, суботу амният равона шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон ҳамасола барои мусаллаҳшавӣ тақрибан 79 миллион доллар масраф мекунанд. Дар рейтинги навшудаи байналмилалии қудрати ҳарбӣ, Тоҷикистон аз қатори 138-и имконпазир мақоми 99-умро ишғол кардааст. Дар артиши Тоҷикистон нӯҳ ҳазор нафар ҳузур доранд. Ин 0,1% аз шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 2020 барои мудофиа ва силоҳ 79 миллион доллар ҷудо кардааст. Аз миёни таҷҳизоти техникии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз ҳама беш техникаи зиреҳпӯш - 400 адад, мавҷуд аст. Сипас дар ин феҳраст танкҳо қарор доранд, ки шумораи умумии онҳо 253 адад аст. Гузашта аз ин, дар низоми захиравии кишвар 125 маҷмааи мушакӣ, 80 тӯп ва 20 чархбол қарор доранд.

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^