19 ноябри соли 1992 дар вазъи ниҳоят мушкили ҷамъиятӣ – сиёсии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардида буданд. Ин интихоб ба дӯши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи сангин, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан демократиро гузошт. Дар баробари ин, ба Сарвари давлат зарур буд, ки ҳар як фирориро ба Ватан баргардонда, миллати парокандаи тоҷикро ба ҳам оварда, барои онҳо шароити моддӣ, маънавӣ ва амниятии зистро муҳайё созанд. Зеро, бадхоҳони миллати тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо истифода аз роҳандозии бозиҳои сиёсӣ тавонистанд, аввал, миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан, давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.
Куштори мардуми бегуноҳ, террори тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дуздӣ ва ғоратгарӣ ривоҷ гирифта, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ беному нишон, манзилҳои мардум сӯзондаву валангор шуданд. Иқтисодиёти мамлакат зарари беқиёс дида, иншооти ҳаётан муҳиму аҳамияти стратегидошта харобу вайрон гардиданд. Зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон гуреза ва садҳо нафар мутахассисони баландихтисос тарки кишвар карданд.
Сарвари давлат рисолати таърихии худро аз ҳифзи тамомияти арзӣ, ба созиш овардани тарафҳо, ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, таъмини ягонагии халқи мамлакат ва пойдору устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ оғоз намуданд.
Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳум ҷонибдори бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро изҳор доштанд, ки минбаъд ин ҳадаф дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфт.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи Конститутсия таҳти роҳбарии Сарвари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ оғоз бахшид. Дар асоси ин санад, ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ шуда, сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми судӣ аз нав ташкил шуданд. Аз ҷумла, парламенти касбии дупалатагӣ таъсис ёфта, он ба шохаи мустақил ва ҷузъи муҳими ҳокимияти давлатӣ табдил дода шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бошад, бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ, яъне дар ҷойи холӣ таъсис ва айни ҳол ба сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона намудаанд. Ҳамагон дар хотир доранд, ки дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, он оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард.
Дар таърихи давлатдории мамолики пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаҳои барои диёрашон мураккабу ҳассос, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи халқу давлати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми кишварашон нақши абадӣ гузоштаанд.
Далели раднопазир аст, ки тағйироти куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дар Тоҷикистон бавуҷудомада дар 30 соли охир маҳз натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Танҳо дар давоми се соли охир ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Нақши Президенти мамлакат дар ташаккул ва рушди мақомоти прокуратура низ, бисёр бузург аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, ҷойгоҳ ва салоҳиятҳои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайяну дақиқ карда шудааст.
29 январи соли 1994 бори аввал баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастгирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ гардид. Дар давраҳои баъдина сохтори мақомоти прокуратура мунтазам такмил ёфта, он бо шумораи зарурии кормандон, биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар шароитҳои корӣ пурра таъмин гашт.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши миёнаи кормандон беш аз 100 маротиба зиёд гардида, бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори Прокуратураи генералӣ раёсату шуъбаҳо ва 20 прокуратураи нав таъсис дода шуда, биноҳои маъмурии 60 прокуратураи шаҳру ноҳияҳо навсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии Президенти мамлакат 100 хонаи истиқоматӣ ба кормандони мақомот барои истифодаи хизматӣ дода шуд.
Аз ҷониби Пешвои миллат заҳмати содиқонаи кормандони мақомот ҳамеша қадрдонӣ гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ 216 корманди мақомот бо мукофотҳои давлатӣ ва 74 нафар бо рутбаҳои генералӣ ва мушовирони давлатии адлияи дараҷаҳои гуногун сарфароз гаштанд.
Таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Прокуратураи генералӣ имрӯзҳо фаъолияти босамари худро идома дода, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат ҳиссаи сазовори худро гузошта истодаанд. Онҳо дар оянда низ сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатро дар амал татбиқ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, пешрафт ва рушду нумӯи боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон саҳми худро хоҳанд гузошт.
Бовар дорем, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин фарзанди барӯманди миллат роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковники адлия