Ҳамдиёрони азиз!
Соли равон мардуми шарафманди кишварамон 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ - муқаддастарин дастовардҳои таърихи навини худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.
Дар фароҳам овардани сулҳу суботи ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш зина ба зина барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба дӯшаш гузошта буданд, камари ҳиммат бастанд.
Ҳафтодуҳашт сол аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.
Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар барад, бароямон шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Рӯзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромӯшнопазирӣ гузошта, онро барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои аҳли кишвар азизу гиромӣ арзёбӣ карда, дар яке аз суханрониҳояш иброз доштанд:
«Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст».