Дар набардҳои сангин зиёда аз 250 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душмани ғаддор мубориза бурда, Ватани ҷоноҷони худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд.
Аз байни онҳо 63 нафар тоҷикписарон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорон нафари дигар бо ордену медалҳо сарфароз гаштанд.
Боиси ифтихори тамоми мардуми сарбаланди Балҷувон аст, ки аз миёни онҳо 3 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз ноҳияи Балҷувон аст. Аз ҷумла Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев аз зумраи ин шахсиятҳои таърихӣ мебошанд.
Қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки қаҳрамонони миллати худро азизу арҷманд дорем ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррӯзаи ҷавонон ва дар ин замина ба манфиати Ватани маҳбубамон намуна қарор диҳем.
Барои падарони қаҳрамон фароҳам оварда шудани шароитҳои мусоиди табобату истироҳат дар мавзеъҳои хушманзара, аёдати ҳамешагии онҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатию ҷомеаҳои меҳнатӣ ифодагари самимият, меҳру муҳаббат ва арҷгузории ҳар як сокини миннатпазири ноҳия ба диловарию шуҷоат ва мардонагии онҳо дар майдонҳои набарду арсаи меҳнат маҳсуб мегарданд.
Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта сарвати бебаҳои мо мебошанд. Аз имконияти мусоид истифода намуда, эҳтирому арҷгузории кулли мардуми ноҳияро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизмати ақибгоҳ арза медорам ва бо фарорасии ҷашни 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом ва давлати бегазанди пирӣ таманно менамоям.
Иди Ғалаба муборак!