Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 4667
  • Автор: admin
  • Дата: 22-11-2022, 14:39
22-11-2022, 14:39

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бахш: Хабар

**Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 расман соҳиби рамзи давлатдории мустақил ва соҳибистиқлолӣ – Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат ин санаи муборак 24-уми ноябр "Рӯзи Парчам"-и давлатӣ эълон шудааст ва мардуми мо ҳамасола ин рӯзи муборакро дар саросари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.**

 

**Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами миллӣ чунин иброз намудаанд: "Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад".**

 

**Парчами миллии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшонӣ карда, дарозии он 60 метр ва бараш бошад, 30 метрро ташкил медиҳад ва айни замон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин парчам ба ҳисоб меравад.**

 

**Парчами тоҷикон  бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шудааст. Пӯшида нест, ки рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки он маънои амиқ дорад. Агар ранги сурх - рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад, ранги сафед - рамзи покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат - пахта аст. Ранги сабз - рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин, рамзи шукуфоии кишвар буда, инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр  будани Ҷумҳурии  Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.**

 

**Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти мардум бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш, парчами давлати худро интихоб ва қабул намуд, ки он тоҷиконро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мардуми сарбаланди тоҷик пояҳои давлати соҳибистиқлолро таҳким бахшида, барои ба як диёри ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбуб саъю талош карда истодаанд.**

 

**Парчами давлати соҳибихтиёри мо хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд. Махсусан ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дурдастарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.**

 

**Боиси ифтихор аст, ки парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти милливу давлатӣ миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Он ба сифати  рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои устувори соҳибистиқлолӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ  мекунад.**

 

**Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегардад.**

 

Лоиқзода Ҷонона Ғафор

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^