Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 02.07.2023 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2253
  • Автор: admin
  • Дата: 2-07-2023, 21:45
2-07-2023, 21:45

САБАБҲО ВА ОМИЛҲОИ МАЙЛ БА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Категория: Хабар

Яке аз навъҳои ифротгароӣ – ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи асосӣ,  муайян намудани сарҳадоти ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити имрӯза, муҳаққиқони мухталиф, унсурҳо ва хусусиятҳои алоҳидаи ифротгароии диниро муайян намудаанд. Маҳз дар асоси чунин унсурҳо, доираи амал намудани ифротгароии динӣ, мазмуну мундариҷа ва хусусиятҳои хосси он ошкор карда мешаванд.

Мувофиқи таҳлилҳо ба ифротгароӣ ҷиҳатҳои зерини хусусиятҳои динӣ мебахшанд:

- шуури динии ҷамъиятӣ, агар ба он аломатҳои тоталитаризатсия ва гиперболизатсияи арзишҳои муайяни мухолифати ғояҳои динӣ бар зарари ғояҳои дигари динӣ ва дунявӣ хос бошад. Дар чунин ҳолат оид ба «нигилизм» (инкори маслаку мафкура, ҳулқу одоб ва сохти маъмули ҷамъият) ва «фанатизм» (таассубот) сухан меравад;

- идеологияи динӣ, ки худсарона «ҳақиқати мутлақ»-ро эълон менамояд, аҳамият ва мавқеи назароти дигарро рад менамояд ё нисбати онҳо беэътиноӣ зоҳир мекунад. Қайд намудан зарур аст, ки дар чунин ҳолат арзиш ва анъанаҳои «мусбии» худ, аз арзиш ва анъанаҳои «манфӣ» ҷудо карда мешаванд;

- фаъолияти динӣ, ки ба татбиқ намудани унсурҳои асосии дар идеология баёншуда равона карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин ҳолат методҳои мухталифи ҷисмонӣ ва зӯроварии психологӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд;

- фаъолияти созмонҳои динӣ, ки аз тибқи муқаррароти асноди ҳуқуқӣ, «созмонҳои ифротгароӣ» шуморида мешаванд.

Дар шароити имрӯза, масъалаи муайян намудани сабабҳо ва омилҳои ифротгароии динӣ, ба яке аз масъалаҳои муҳим мубаддал гардидааст, ки муаллифони зиёд ба он рӯй овардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар таҳқиқотҳо маҷмӯи муайяни омилҳо ва сабабҳои ифротгароии динӣ пешниҳод карда шудаанд. Сабабҳои ифротгароии динӣ дар ҷомеаро ба таври умумӣ, метавон чунин арзёбӣ намуд: буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, шаклдигаркунии сохторҳои давлатӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ, ҷабру зулми миллӣ, такаббур ва ҳавобаландии сарварони ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ, ки кӯшиш менамоянд ба амалӣ намудани вазифҳои пешниҳодшуда суръат бахшанд, фаъолияти мубаллиғони хориҷӣ, ки ба барангезиши мухолифатҳои мазҳабӣ равона гардидааст.

Дар доираи сабабҳои иқтисодӣ, метавон нобаробарии молумулкиро махсусан қайд намуд, ки ба қонеъ набудани қишрҳои бенаво ва бенасиб мусоидат менамояд. Дар чунин ҳолат, ин қишрҳои аҳолӣ, ба сиёсат ворид гардида, роҳу воситаҳои ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ҳолати тариқи осоишта ва қонунӣ ҳал нагардидани масъала, чунин қишрҳо ба методу воситаҳои иртиҷоӣ рӯй меоранд, ки ба инкишофи навъҳои гуногуни ифротгароӣ, аз он ҷумла, ифротгароии динӣ мусоидат менамояд.

Қайд намудан зарур аст, ки ифротгароии динӣ масъалаи нозук ва мураккаб ба ҳисоб меравад. Истифодаи методҳои маҷбурнамоӣ ва зӯроварӣ, ҳатто дар доираи қонунҳои амалкунанда, боиси рушд кардани он мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар мубориза бо ифротгароии динӣ, ба сабабҳои сиёсиву ҳуқуқии он диққати махсус равона карда шавад. Солҳои охир рушди ифротгароии динӣ нишон медиҳад, ки сабабҳои оилавӣ низ дар инкишофи он мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба омилҳои оилавии рушди ифротгароӣ, метавон ҷиҳатҳои зеринро ворид намуд: мувофиқ наомадани қисме аз арзишҳои оилавӣ, миллӣ ва умумиинсонӣ бо маҷбуран ба роҳ мондани унсурҳои патриархалӣ; вобастагии молумулкӣ аз аъзоёни калонсоли оила; кӯшиши назорати пурра ва ҳаматарафа аз ҷониби волидайн; ноустувории алоқаҳои оилавӣ, ки ҷавононро маҷбур месозанд, ки доимо дар ҷустуҷӯи заминаи боэътимоди ҳаётӣ бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти ҳолатҳо, гузариши объективии дини расмӣ ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи давлатӣ бо мақсади истисмори фоиданоки талаботҳои динии аҳолӣ боиси рушд намудани ифротгароии динӣ мегардад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, дар ҳолати дастгирии сиёсати давлатӣ аз тарафи дини расмӣ бештар мушоҳида карда мешавад.

Дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ, метавон нотавонии объективии сардори оиларо нисбати таъмини баробари сарварии расмӣ ва маънавӣ дар тамоми ҳолатҳо ҳамчун омили муҳим баррасӣ намуд.

Ҳамин тариқ, ифротгароии динӣ дар заминаи сабабҳо ва омилҳои мухталиф пайдо мешавад. Дар мубориза бо ифротгароии динӣ ба инобат гирифтани ин сабабҳо ва омилҳо дорои аҳамияти бузург аст.

Тегхо

Анбори хабархо

Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
^