Яке аз омилҳои муҳиме, ки боиси хавфу хатарҳои мудҳиши ҷомеаи муосир гардидааст, ин ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои динию террористӣ ба ҳисоб меравад. Бо рушди илму техника дар ҷомеа ташкилотҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ба ҳар роҳу восита барои ба даст овардани манфиатҳои худ мехоҳанд, ки бузургтарин ҳадаф ва нақшаҳои терористиашонро дар ҷомеа амалӣ созанд.
Вобаста ба ин мушкилот ҳоло мо шоҳиди даҳҳо амалҳои терористӣ аз ҷониби гурӯҳу ташкилотҳо мешавем, ки бо истифода аз динни мубини Ислом амалӣ гаштаанд.
Боиси қайд аст, ки мушкилии асосӣ имрӯз дар ҷомеа, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад ва мутаасифона, ин масъала дар тамоми кишварҳои сайёра ба чашм мерасад.
Доир ба масъалаи мазкур коршиносони умури сиёсӣ ба он назаранд, ки асосан қисме аз ҷавонон фаҳмиши аниқу дақиқ дар бораи гурӯҳҳои террористӣ надошта, ҳама маълумоти динние, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунанд, намедонанд, ки худи паҳнкунандагони ин иттилоъ дар кадом дину равия қарор доранд.
Таъкид ба он дошт, ки барои пешгирии ин мушкилот бояд пеш аз ҳама ба ҷавонон маълумоти дурусту дақиқ дод ва мақсади ин гурӯҳҳои террористиро ба онҳо фаҳмонд. Ба ин васила онҳо ҳама ҳодисаҳои дар ҷаҳон ба амал омадаро дарк намуда, огаҳ мешаванд, ки зери фишори кадом гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд.
Воқеан ҳам яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ин аз бепарвоӣ ва нодуруст истифода намудани шабакаҳои ичтимоӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот ҳазар кардани ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тарзи дуруст истифода намудани онро хуб дарк намоянд.