Терроризм ва эсктремизм, яке зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомезро ба амниятиумумиҷаҳонӣкасб намудаистодааст. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ боиси ташвишҳо дар ҷомеаи имрӯза гардидааст.***
Агар натиҷаи ин амалҳо аз як тараф қурбониҳои зиёди инсонӣ ва ҳамчунин ба оммаи васеи одамон фишори сахти маънавию рӯҳӣ расонидан бошад, аз тарафи дигар несту нобуд сохтани арзишҳои моддию маънавӣ аз дасти гурӯҳҳои терористию экстремистӣ аз омилҳои манфии ин падида мебошад, ки барои бартараф кардани ин зарарҳо сарчашмаи моддию маънавӣ ва солҳои зиёд лозим аст. Вақте, ки сухан дар бораи терроризм ва экстремизм меравад, мо бояд пеш аз ҳама дар бораи худи мафҳуми экстремизмро маълумоти кофӣ дошта бошем. Экстремизм (ифротгароӣ) - ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ кишварҳои дунё таъсир мегузорад. Ба таври дигар гӯем агар аз меъёр баромадани экстремизм (ифротгароӣ) - ба терроризм ки маънояш қатлу куштор аст,оварда мерасонад.