Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 09.10.2023 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 1294
  • Автор: admin
  • Дата: 9-10-2023, 19:56
9-10-2023, 19:56

МУХОЛИФОН Ё ШАҒОЛОНИ ВАТАНФУРӮШ?

Категория: Хабар

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир новобаста аз таъсири манфии дар ҳолати ғайриинтизор пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо суръат рушд карда истодааст. Ҳамаи ин аз талошҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдату якдилии халқу миллати тоҷик мебошад.***

 

Ин аст, ки дар баробари некназарон боз ҳастанд нафароне, ки пешравиҳоро ба назар нагирифта, ба ҷои хизмат ба давлату миллат, ба таҳқиру туҳмат, вайронкорӣ, ҷудоиандозӣ, расидан ба иззати нафси роҳбарони сиёсиву чеҳраҳои обруманди давлат ва дигар амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1270
  • Автор: admin
  • Дата: 9-10-2023, 10:53
9-10-2023, 10:53

Мавлуди Пешвои муаззами миллат оғози эҳёи дигарбораи забону фарҳанг ва давлату давлатдории миллати тоҷик аст!

Категория: Маълумот

Имрӯз 5 октябр барои миллати тоҷик рӯзи ид ва шодиву фараҳ аст. Имрӯз Рӯзи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар айни замон зодрӯзи абармарди олами сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Дар ҳақиқат Худованд барои миллати тоҷик дар рӯи замин ду манбаи наҷотро сабаб кард. Яке забони ин миллат аст, ки дар тӯли асрҳо ба қавли устод Бозор Собир “Сарҳади тоҷик забони тоҷик” буд ва дигар Эмомалӣ Раҳмонро, ки хизматҳои таърихиашон барои ҳамаи мо аён аст. 

Бубинед, замоне, ки миллати тоҷик соҳиби давлати мустақил гардид, сарҳади сиёсӣ пайдо кард ва ба ормонҳои ҳазорсолаи худ дар шакли маҳдуд ҳам бошад, наздик шуд, мавҷи нобасомониҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифт. Ин дафъа бадхоҳони хориҷиву дохилӣ бо истифода аз ҷаҳолату нодонии зумрае мутаассибон мехостанд на танҳо Тоиҷикстонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нобуд созанд, балки бо ҳамин як зарба охирин пушту паноҳи миллат – забони миллати тоҷикро ҳам нест кунанд. Наздик буд бадхоҳон ба ин ҳадафи шуми худ бирасанд ва миллати як замон тамаддунофари тоҷик абадан ба як қабилаи кучманчиву овора  табдил ёбад...

Ба бахти миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба майдони сиёсат омад ва халқро сарҷамъу давлатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ба забону миллат умри дубора бахшид, унсурҳои фарҳанги пуштипогаштаро аз зери чангхонаҳои таърих берун бароварда ҷилои нав дод, бузургони гузаштаи фарҳангу ирфони миллати тоҷикро қадршиносӣ намуд. Хуллас, миллати тоҷиро аз роҳи бедор сохтани ғаризаи худшиносии миллӣ нахуст ба худи миллат ва сониян ба ҷаҳониён дигарбора шиносонд. Аз ин дида хизмати бузург як роҳбари давлат барои халқу кишвараш карда наметавонанд. Борҳо дидаем, дар лаҳзаҳои вазнин, ки ҳама ноумед мегаштанд, ҳатто кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баъзан ба ҳалли чунин як мушкилот бовар намекарданд, душманон табли шодӣ мезаданд... Пешвои миллат ба назди халқи худ мебаромад ва танҳо як дидорашон ба мардум нерӯи созанда мебахшид ва чанд дақиқаи суҳбаташон ончунон ба мардуми саросари кишвар руҳия меафзуд, ки корҳои дар назари аввал тамоман иҷроношуданӣ ва масъалаҳои ҳалношуданӣ дар сатҳи баланд ҳалли худро меёфтанд. Аз ҳама қудрати бузургтарин дар дунё ин эътимоди халқ ба роҳбари худ аст. Халқи тоҷик ба Пешвои зафарманди худ бовар кард ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ тавонистем тамоми мушкилоту фоҷеаҳо ва монеаҳои дар роҳамон бударо сарбаландона пушти сар намоем.

Давлатдорӣ кори саҳлу содае нест, ки ҳар касе хоҳишманд шавад ва ё ҳаваси вазифа кунад, аз уҳдаи роҳбарӣ баромада метавонад. Тавре устод Фирдавсӣ гуфтаанд:

Агар шоҳӣ осонтар аз бандагист,

Бад-он рою дониш бибояд гирист.

Дар ҳақиқат вақте Тоҷикистон дар гирдоби оташи сӯзони ҷанг ғарқ буд, ҳеҷ кас намехост масъулияти роҳбариро ба ӯҳда гирад. Ҳама аз ҷони худ метарсиданд. Ба мансабҳои баланди давлатӣ даъват мекарданд, касе қабул намекард. Зеро он шабу рӯз фидокориву ҷоннисориро талаб менамуд ва чунин ватандӯстони ҷонфидо кам буданд. Аммо вақте давлат пурқувват шуд ва ободиву осудагиро диданд, эҳтироми баланди роҳбарро аз ҷониби халқ эҳсос карданд, якбора ҳама “миллатдӯст”, “ватандӯст”, “сиёсатмадори ислоҳотталаб” ва ғайра шуданд, ки ҳамаи ин дар заминаҳои мансабталошӣ рӯи кор омад ва омада истодааст. Гурӯҳи мансабталоши ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон аҳди гузаштаро фаромуш карда, билохира даст ба табаддулоти мусаллаҳона зад. Чунин бадхоҳонро ба тамоми маъно Худо зад. Онҳо на танҳо хору залил гаштанд, балки имрӯз дар мулки бегона, дар кишварҳои Аврупо ба лухтакҳои дасти якчанд созмони аврупоии иғвоангез ва кураторони хадамоти ҷосусии ҳамон давлатҳо табдил гардидаанд. 

Бубинед, ба чи ҳолати пасте дучор шуданд ин манқуртон, ки онҳоро чанд аблаҳи дигаре ба он водоштаанд, то ҳадафи олии зиндагии ҳайвонии онҳо ҳама шуда чанд тухм ҳаво додан ба сӯи корвони мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Дигар мағзашон хушк шудааст фикр кунанд, ки чунин муносибат баръакс шаъни худи онҳоро мекоҳонад.  Ин амали нангини онҳо, ки тавассути хадамоти ҷосусии хориҷӣ ба нақша гирифта шуда буд, ба мақсад нарасид. Аз сӯи дигар, бо мурури замон эҳсос мешавад, ки дигар хоҷагони хориҷиашон ҳам ба онҳо дуруст кӯмак накарда истодаанд ва ин ғуломакон ноилоҷ аз мардум тариқи ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  “барои мубориза”-и хаёлиашон, ки дар асл амалҳои террористианд пул ҷамъ карда истодаанд ва аз тухмпартоии ҷоҳилонаашон ба худ “ном” касб кардан хостанд. Ҳарчанд кӯшиш карданд тавассути расонаҳое, ки аз ҷониби ҳамон хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешавад, худро қаҳрамон нишон диҳанд, вале ҳама ба онҳо нафрат хонд. Ҳатто падару модар ва хешону наздиконашон... 

Санаи 5 октябр сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб – фаъолон, собиқадорон, модарон, ҷавонон, хуллас намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа  ба хотири эҳтирому эътиқоди баланде, ки ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд ва забони модариро гиромӣ медоранд, ба рағми ҳама он хоинони миллат дар даст парчаму аксҳо ва шиору овезаҳо гирди ҳам омада, тариқи роҳпаймоии осоишта меҳру муҳаббат ва самимияту садоқати худро бори дигар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд. 

Мо ба рағми ҳама бадхону нотавонбинон бо шукргузорӣ аз чунин озодиву ободӣ ва саодатмандӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанем:

Тоҷикистон ба пеш!

Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва мардуми соҳибзабону бафарҳанги кишвар ташти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!      

      Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб.

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^