Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео)
Информация к новости
  • Просмотров: 8481
  • Автор: admin
  • Дата: 21-09-2018, 08:22
21-09-2018, 08:22

Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео)

Бахш: ---

10 сентябри моҳи равон дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оғоз гардид,ки дар он Абдураҳим Каримов, мутахаллис бо  “Мулло Абдураҳим”, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳузур дошт. Дар зер мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон”-ро бо ӯ мутолиа намоед

 — Шумо дирӯз аз сафари Варшава баргаштед.Бигӯед,ки ҳадаф азин сафар чӣ буд?

-Мо бо мақсади ширкат варзидан ба ҷаласаҳои САҲА вобаста ба масъалаҳои ҳимояи  ҳуқуқи инсон ба ин шаҳр сафар доштем.Ин ҷаласаҳо аз 10 то 21 сентябр бояд баргузор гарданд.Чун масоили вобаста ба Тоҷикистон дар давоми 5 -6 рӯз ба охир расид, мо ба Ватан бозгаштем.

-Дар кори ҷаласаҳои САҲА киҳо иштирок доштанд?

-Дар ин ҷо аз 57 кишвари дунё ширкат варзиданд. Аз ҷумла, аз

Русия,Туркманистон,Ӯзбекистон, Олмон вадигар кишварҳо. Ин ҷаласаи маъмулии ҳарсолаи САҲА буд.

-Дар ҷаласа кадом  масъалаҳо баррасӣ гардиданд?

Асосан масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон. Масъалаи Тоҷикистон низ дар ҳамин доира буд.

-Чаро дар он намояндагони ҳизби террористии дар Тоҷикистон мамнуи ҲНИТ иштирок намуданд?

-Кӣ иштирок мекунад ё намекунад,  марбут ба ҷониби Тоҷикистон набуд. Масалан, ҳангоми иштироки тарафи Русия мухолифони он ҳам ширкат доштанд. Намояндагии расмии моро муовини вазири корҳои хориҷӣ Зоҳидӣ сарварӣ мекарданд. Аз ҷониби ҳизби террористии наҳзат ҳам суханронӣ карданд.

-Чӣ гуна ҲНИТ ҳизби террористӣ аст,ки худи шумо яке аз саркардагон ва созмондиҳандагонион будед?

-Бале,  мо ҳам узви ин ҳизб будем, то замоне ки нафаҳмидем,ки ин ҳизб террористӣ аст. Ман ҳамчун муовини собиқи ин ҳизб далелҳои зиёд дорам, ки террористӣ будани ин ҳизбро собит мекунанд. Як мисоли одӣ меорам: дар Афғонистон як қумондон доштем бо номи Зокир. Мо ӯро барои омӯзишу машқ ба Эрон фиристодем. Вақте ки ӯ бозгашт, ба Абдуллои Нурӣ гуфт, ки моро дар он ҷо  ба мазҳаби дувоздаҳимомаи шиъа гардонидан хостанд, оқибати чунин корхуб нест. Бо фармони Абдуллои Нурӣ Зокирро дар Фархор(Фархори Афғонистон)куштанд. Вақте ки дар байни муҷоҳидон ва гурезаҳо ин гап паҳн шуд, онҳо норозигӣ карданд. Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, ки Зокир аз ҷиҳод норозигӣ кард ва ба муқобили он баромад,  ин  дар ҳаққи ӯ ин ҳоло кам аст…  Ин ҷо гап зиёд аст… Як амали террористиро баъд ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳам гӯям.Генерал Ҳабиб Сангин, ки муовини вазири корҳои дохилӣ буд, ба назди Нурӣ омада гуфт, ки мо бо ҳукумат сулҳ кардем, дасти Роҳбари давлатро фишурдем, аммо баъзе муҷоҳидон кори худроидома дода истодаанд.Лагерҳо месозанд, тайёрӣ мебинанд.  Ин гап ба Нурӣ нафорид ва  ӯ гуфт , ки хайр мо сулҳ кардем, аммо ҳарбиён бояд кори худро идома диҳанд.Баъд аз ду моҳ Ҳабиб Сангинро дар роҳи байни хонааш ва ҷои кораш куштанд. Онҳо, ҳамчунин чор нафар кормандони СММ –ро дар Ғарм барои эҷоди нифоқ куштанд.

-Ҳизби наҳзат ба кадом мақсад террорро ба роҳ андохт?

-Мақсади онҳо як чиз буд: ба воситаи яроқ ба даст овардани қудрат. Аммо барои хоҷаҳои хориҷии ҲНИ ин асосан ба даст овардани қудрат нест. Онҳо мехоҳанд дар Тоҷикистон даҳшату ваҳшатро ҷорӣ кунанд ва бо ҳамин роҳ мақсадҳои худро амалӣ намоянд, яъне, барои онҳо муҳим ана ҳамин аст.

-Ҳамаи индар замони роҳбарии  Абдуллоҳи Нурӣ буд. Аммо баъдтар ба сари кор роҳбарони нав омаданд ва онҳо узви парлумон шуданд ва аз ин корҳо даст кашиданд.

-Шумо давраи роҳбарии Кабириро дар назар доред. Дар замони Кабирӣ ҷаҳон тағйир ёфт. Ҳарчанд зоҳиран наҳзатиҳо худро дар симои дигар нишон  доданд, аммо мақсадашон мисли дар замони Нурӣ боз ҳамон пештара буд. Яъне, давлати исломӣ сохтан…Барои ин мисолҳои зиёд ҳастанд.Абдуллои комсомолободӣ командир буд дар вақти Нурӣ, қумондон Ҷунайд командир буд,  Мирзо Ҷага командир буд, Ҳоҷӣ Ҳалим командир буд ва муовини вазири дифоъ шуд, ки Кабирӣ  бо онҳо алоқадошт. Кабирӣ мегӯяд, ки агар мо бо роҳи интихоботи алтернативӣ ҷой гирифта наметавонем, бояд бо истифода аз яроқ давлатро гирем.Вақте ки дар интихоботи  навбатии парлумонӣ Ҳизби наҳзат овоз нагирифт, онҳо аз “резерви” худ истифода буданд.  Дар дараи Камароб 25 сарбозро куштанд ва Ҳоҷӣ Ҳалим 4 сентябри соли 2015 бо маслиҳати хоҷагони худ, охундҳои эронӣбалво хезонд.

-Магар ӯ узви ҲНИТ буд?

-Замоне ки мо дар Афғонистон қарор доштем, пулро Нурӣ ва Ҳимматзода  ба Маскав, ба Ҳоҷӣ Ҳалим, Зайд Саид ва Кабирӣ мефиристод. Онҳо бизнес мекарданд ва сарқуташонро ба Афғонистон, ба муҷоҳидон мефиристоданд. Охир пул бе баркаш, қанор-қанор меомад.

-Дар замонеки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Кабирӣ ягон иртиботе ба он надошт. Ӯ як фарди одӣ буд…мутамаддин буд.

-Дуруст, ӯ ягон иртибот ба ҳизб надошт ва мазҳабӣ ҳам набуд. Вай ҳатто ягон диди ҳизбӣҳам надошт. Мо ӯро намешинохтем. Мешунидем, ки онҳо ба ҳизб ёрии молӣ мерасонданд. Вақте ки ба Тоҷикистон баргаштем,баъд  ӯро дидем. Зайд Саид ва Ҳоҷӣ Ҳалим барои муовини аввали Нурӣ таъин шудани Кабирӣ хизмати калон кардаанд. Баъдан аз ҳисоби тақсимот як вазоратро ба Ҳимматзода дода буданд, аммо ӯ  онро ба ивази маблағи калон ба Зайд Саид дод. Бояд гуфт,ки барои сари қудрат омадани Кабирӣ хизмати ду кас-Ҳоҷӣ Ҳалим ва Зайд Саид калон аст.Ҳоло одамон мегӯянд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳизб кор надошт, аммо ваю Кабирӣ ҷони ҳизб буданд. Онҳо намешуданд, ин ҳизб мурда буд. Онҳо аз ҳисоби маблағи ҳизб тиҷорат мекарданд.

Дар мавриди мутамаддин гуфтани шумо. Чӣ гуна  як шахсе, ки далелаш зансеталоқ аст, ба пӯсту устухону мағзи Созмони Ҳамкории Аврупо ҷой шудааст. Аз ин аблаҳии зиёд шуда метавонад, ки бо зансеталоқ тереристӣ будани ё набудани як ҳизбро муайян кунӣ. Зансеталоқи ӯ шапалоқ ба рӯи мардуми мутамаддини Аврупост. Қасам ба номи зан хӯрдан ва занро дар миёни баҳс гузоштан туф кардан ба рӯи модарон аст.

-Чӣ гуна Кабирӣ,ки одами ҳизбӣ набуд, роҳбари ҳизб шуд?

-Воситаи асосии роҳбари  ҳизб шудани Кабирӣ ин пул аст. Роҳбарони ҳизб ӯро ба хоҷагони эронии худ муаррифӣ карданд ва Хоманаиро розӣ карданд,ки ӯ муовини аввал таъин шавад,кори Нуриро давом диҳад.Эрониҳо дар ниҳояти кор розӣ мешаванду ӯ дар назди Хоманоӣ аҳду паймон мекунад ва минбаъд ӯ раис шуд.

-Чаро ба назди Хоманаӣ мебаранд?

-Агар ин корро намекарданд, ӯраис намешуд. Зеро Ҳизби наҳзат дар амал аз ақидаи шиъаҳои дувоздаҳимомаи охундӣ  ҳимоя мекунад.

-Пас чаро кишварҳои арабӣ,ки суннимазҳабанд аз ин ҳизб ҳимоя мекунанд?

-Ҳозир ҳам ҳимоя мекунанд.Масалан, Ризоӣ ба кишварҳо арабӣ меравад ва кумак мехоҳад. Он ҷо мегӯянд,ки шумо бо эрониҳо иртибот доред. Инҳо мегӯянд, ки мо як иртиботи зоҳирӣ дорему халос Вақтеки ба Эрон меоянд, эрониҳо мегӯянд,ки чаро одамони шумо дар кишварҳои арабу дигар ҷойҳо мегарданд. Наҳзатиҳо мегӯянд,ки мо аслан ҷонибдори шумоем ва бо арабҳо танҳо иртиботи зоҳирӣ дорем.

-Ҳоло дар Аврупо кишварҳои минтақа ба муқобили терроризм муборизаи беамон мебаранд. Агар ҲНИ ҳизби террористӣ бошад, пас чаро ин кишварҳо аз ӯ ҳимоя мекунанд?

-Созмонҳои аврупоӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятию давлатӣ ҳоло ин масъаларо омӯхта истодаанд. Онҳо мегӯянд, ки агар далелҳои пешниҳоднамуда тасдиқ гарданд, наҳзатиҳоро аз кишварҳояшон берун мекунанд.Лекин хоҷагони хориҷиашон аз онҳо пуштибонӣ мекунанд.

-Кишварҳои аврупоӣ Эронро он қадар хуш надоранд, зеро ин киварро ҳамчун  яке аз пуштибонҳои терроризм мешиносанд. Агар ин кишварҳо донанд,ки ҲНИ бо онҳо иртибот дорад, онроҳимоя намекунанд. Шояд, воқеан ҳам, ҲНИ бо Эрон алоқамандие надорад?

-Иртиботи ҲНИ сад фоиз исбот шудагӣ аст. Дар замони Кабирӣ Сатторов Айёмиддин дар Маскав будааст. Аз Эрон телефонӣ  Шонаими Язғуломӣ бо ӯ иртибот мегирад ва мегӯяд,ки шумо бояд бо супориши Кабирӣ ба Эрон биёед. Ӯ ба он ҷо меравад ва дар лагери махсуси идеологӣ таълим мегирад. Мақсади ин таълимот он будааст,ки андешаҳои онҳоро мардуми зиёӣ қабул надоранд ва онҳоро бояд нест кард. Танҳо ҳамонҳоеро бояд истифода бурд, ки ба ақидаҳои эшон розӣ бошанд. Ин суханонро Айёмиддин ҳангоми ҳамин сафар ба ман гуфт, ки дар ин ҷои шубҳа нест. ҲНИ вобастаи Эрон аст ва дар ин бора маълумоти зиёди дигаре ҳам ҳастанд,ки наметавонем ин ҷо ҳамаашро гӯем.

-Дар ВАО аксу видеое пайдо шуд,ки Кабирӣ бо Айёмиддин Сатторов суҳбат дорад. Шумо ҳам он ҷо будед ва ин сӯҳбат дар кадом мавзӯъ буд?

-Ӯ мегуфт,кимо адолат дорем. Мо як ҳизби демократӣ ҳастем. Дар замони Нурӣ мана устод Абдураҳим аз ҳизб рафт , ҳизб кам нашуд. Ҳоло шумо ҳам аз ҳизб рафтед, ки зараре надорад. Ин аз шумо вобаста аст. Айёмидин ба ӯ мегуфт,ки чаро мардумро дар ин ҷо ҷамъ мекунед, ҷавоб диҳед ба ватанашон раванду аз паси зиндагиашон шаванд.Баъд ман ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфтам,ки ҳизби шумо террористӣ аст ва чанд далелро ба ӯ пеш овардам. Ӯ бошад, боз ҳамон афсонаҳои худро такрор мекард. Ана мебинед, онҳо номи ҳизбашонро ҳам дигар мекунанд, вале ин ҳизб ҳамон ҳизб аст,ки дарзамони Нурию Ҳимматзода буд.

-Шояд дигар шуда бошанд?

Не, онҳо дигар намешаванд ва ақидаҳояшон низ ҳамин тавр боқӣ мемонад. Ана бинед дар Афғонистон “Толибон”, ин ДИИШ, ДИИШ –Ансоруллоҳ, Ансоруллоҳ -ин Ҳизби наҳзат ва ҳамин тавр меистад.Охундҳои Эрон набояд ба “Толибон” ёрдам кунанд, вале карда истодаанд.

-Ба фикри Шумо, нишасти Варшава чӣ дод?

-Мо хостем барои САҲА, мардуми Аврупо симои ҲНИ –и террористиро фош кунем. Як рӯз не, як рӯз онҳо мардуми Аврупоро ҳам гирифтори нооромӣ мекунанд. Бояд мардуми Аврупо хуб донанд, ки ҲНИ як манбаи бузурги нооромист.

-Дар Варшава мардум шоҳиди як ҳодиса шуданд. Як нафар наҳзатӣ мехост бо  шиори худ бо домулло Айёмидин акс гирад. Ин чи маънӣ дорад?

-Чунин тавтааҳо аз оғози нишаст бисёр буданд. Боренаҳзатиҳо Айёмиддин Сатторовроба тарафи мошин бурда, ба дасташ шиоре медиҳанд ва мехоҳанд сурат гиранд. Аммо корманди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ин коғазро аз дасти ӯ гирифта, ғиҷим карда мепартоянд. Ман бо он бача,ки аз сари роҳам баромад,  вохӯрдам.Ин бачаи ҷавон аз Норак будааст. Он бечора ҳам супориши Кабириро иҷро кардан мехост.

-Шумо дар он ҷо ҳамсафони собиқи худро вохӯрдед?

-Бале, Маҳмадсаид Ризоиро дидам,Шоҳнаимро дидам,Шамсиддинро дидам. Қаландар мегуфтанд, раиси ҲНИ  аз минтақаи Қӯрғонтеппа, бемор будааст, надидам, Эшони Саторро дидам.

-Ҳамон эшони Сатторе, ки шогирди шумо буд?

-Бале. Гуфтам, ки то кай думи Кабириро мегирӣ, баргард ба Ватан.Модарат вафот кард, наомадӣ. Ин чӣ зиндагии сагона аст. Гуфт, ки омада наметавонам, баргардам якумра ҳабс мекунанд. Ман гуфтам, ки агартуро якумра диҳанд, ба ҷоят ман рафта мешинам. Аммо онҳо ваъдаи бозгаштро надода танҳо мегуфтанд,ки фикр мекунанд…Дудила ҳастанд. Дурӯғи Кабирӣ ҳам ба дилашон задааст. Ба ҳама мегӯяд, ки шаҳрвандии Аврупо гирифта медиҳам. Аммо ба гапаш ягон саг ҳам бовар намекунад. Онҳоро аз Олмон депорт карданд. Як ҳамкасби шумо ҳам ҳаст. Дӯстов. Дар Варшава мисли гадо мегардад.

-Дар ин нишаст дар маҷмӯъ чанд нафар мухолифони ҳукумат иштирок доштанд?

-Ҳамагӣ 15-18 нафар. Аксари онҳо аз номи ташкилотҳои гуногун худро муаррифӣ мекарданд. Вале онҳо ташкилот гуфта воҳима мекунанд, дар асл шахсони алоҳида. Онҳоро хоҷагони ҲНИ ба хотири дастгирии ин ҳизб ташкил кардаанд,ки бинед, шумо танҳо нестед.

-Оё ин ширкати шумо ягон таъсире ба тафаккури аврупоиҳо расонд? Яъне онҳо ақидаи худро дар мавриди ҲНИ тағйир доданд?

-Албатта, таъсир расонд ва ман фикр мекунам, ки натиҷаи онро баъд аз хотимаи ҷаласаҳо мефаҳмем. Мо моҳияти террористии ҲНИ-ро нишондодем.  Бояд зикр кунам , ки ҳузури Кабирӣ ва  ҳизби наҳзате,ки ӯ ба он роҳабрӣ мекунад, мисли бомба аст. Бомбае,ки таркиши он боиси рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ дар Осиё ва Аврупо хоҳад шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=Gt37GyQOmEU  

Мусоҳиб: А. АҲМАДЗОДА

 

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^