Халқи фарҳангдӯсту сулҳпарвари мо аз азал тарафдори сулҳу дӯстӣ буд ва боре ҳам ба сӯи миллати дигар бо чашми ғараз нигоҳ накардааст ва нахоҳад кард. Ворух зодбуми таърихӣ, тамаддунсоз ва манзили аҷдодии тоҷикон буда, ҳаёту рӯзгораш ҳамчу оина инъикоскунандаи қиёснопазир аст.
Ба миён омадани баҳсҳо ва нофаҳмиҳо ҳар даъфа марбут ба Ворух ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунад ва намехоҳад, онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намоянд. Қирғизҳо бидуни санад даъвои заминҳои Ворухро доранд ва ҳар даъфа бо баҳонае қонуншиканӣ карда, нооромиҳоро дар сарҳад асос мегузоранд.
Муноқиша ва нофаҳмиҳое, ки ҷониби Қирғизистон ба миён меорад, боиси норозигӣ, нороҳатӣ ва нооромиҳои мунтазами ҷомеа шуда истодаанд. Вале ин кишвари ба мо ҳамсоя ҳар даъфа даст ба ҷиноят ва хиёнат зада, оинҳои ҳамсоядориро помол мекунад.
Ин ҳолат ҳамаи моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошем. Иттиҳоду сарҷамъии мо бояд ҳамчунон мустаҳкам боқӣ монад. Мардуми кишварро зарур аст, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи ҳар порча хоки Ватани азизамон бошанд. Хусусан мо, ҷавононро мебояд, ки мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид менамояд, мубориза барем.
ОДИЛОВА З.Р.,
сармутахассиси шуъбаи
таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президент