Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАҶМУЙИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАҶМУЙИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Информация к новости
  • Просмотров: 775
  • Автор: admin
  • Дата: 24-10-2022, 20:21
24-10-2022, 20:21

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАҶМУЙИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бахш: Маълумот

Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард.

 

31 сол аз талошу мубориза, иқдомҳои созандаву бунёдкорона сипарӣ мегардад, ки Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Инак, 31баҳор аст, ки дарахти тановари истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар авҷи нашъунамост.

 

Истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои беназирро барои шукуфоии кишвар, эҳёи тамаддуни миллӣ, рушди оқилонаву пурсамари иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён меоварад. Истиқлолият – ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар аст.

 

Таъмини рушди устувори минтақаҳо метавонад ҳалли муаммоҳои иҷтимоиро ба даст оварда, барои бартараф намудани зуҳуроти буҳронҳо, пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ва самаранокии онҳо таъсири мусбат расонад. Дар замони муосир дастгирии минтақаҳои кишвар ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

 

Бояд қайд намуд, ки баъд аз эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шумораи корхонаҳои саноатӣ рӯ ба афзоиш намуд.

 

Дар соли 2021 шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 2300 ададро ташкил намуд. Бояд қайд кард, ки дар соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 адад корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, ки ин шумора дар соли 2021 ба 641 адад расонида шуда, дар ин давра беш аз 566 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойҳои кории доимӣ таъсис ёфтаанд.

 

Дар самти иқтисодиёт дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома ёфта, маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилоят дар соли 2021 беш аз 23,5 миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба 20 соли пеш 35 маротиба зиёд мебошад. (нисбати соли 2001-ум 21,4 миллиард  сомонӣ зиёд гардидааст). Ин пешравӣ имкон дод, ки шаҳрвандони вилоят бо ҷойҳои бештари корӣ таъмин гарданд.

 

Ҳамчунин, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ даромади буҷети маҳаллӣ 212 маротиба ва қисми хароҷоти буҷет 242 маротиба афзоиш ёфта, дар қиёс нисбати соли 2000-ум нишондоди музди миёнаи солонаи меҳнат 61,5 баробар зиёд гардид.

 

Дар самти савдо ва хизматрасониҳо низ нишондиҳандаҳо назаррас буда, соли гузашта ҳаҷми гардиши мол дар вилоят зиёда аз 6,9 млрд. сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1 млрд сомониро ташкил дода, дар давраи истиқлолияти давлатӣ мутаносибан гардиши мол беш аз 3 маротиба ва хизматрасонии пулакӣ 15,7 маротиба зиёд гардидааст.

 

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 1,1 млрд. доллари амрикоӣ равона карда шудааст.

 

Давоми 31 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят беш аз 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1,3 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, дар вилояти Хатлон шумораи субъектҳои ҳуқуқию инфиродӣ тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатӣ 107,2 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2006 - 86,0 ҳазор адад ё ин ки 4,1 баробар зиёд шудааст.

 

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зиёд андешида, дар ин давра 3 маротиба дар солҳои 2009-2011, 2011-2013 ва 2018-2021 ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ мораторий эълон карда шудааст.

 

Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 3,3 млрд. сомонӣ наздик ба 17 млрд сомонӣ расонида шуда, ҳисоби миёнаи афзоиш ҳамасола  8,5 фоизро ташкил менамояд.

 

Ҷолиби қайд аст, ки дар маҷмуи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ, ҳиссаи вилояти Хатлон 50,5 фоизро ташкил дода, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ғалладонагиҳо 63,1 %, пахта 67,7 %, сабзавот 59,3%, аз ҷумла пиёз 63,9 % полизиҳо 77,8 % ва истеҳсоли моҳӣ 71,4 фоизро ташкил медиҳад.

 

Дар даврони Истиқлолият бо бунёд ва ба истифода додани ду иншооти бузурги аср, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда - Сангоб» ва таҷдиду азнавсозии НБО-и «Норак», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» тавлиди неруи барқ зина ба зина зиёд гардида, дар рушду нумуи соҳаҳои иҷтимоию иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намуда, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд.

 

Боиси қайд аст, ки рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди давлат маҳсуб ёфта, тараққии дигар соҳаҳо низ марбут ба он дониста мешавад.

 

Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

 

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон нисбат ба соли 1991 зиёда аз ду баробар таъмин гардида, дар ин давра саноатчиёни вилоят ба маблағи 8,8 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, дар ин давра 2,5 баробар ва теъдоди корхонаҳои нав 8,5 баробар афзуда, дар давраи сипаришуда тавлиди якчанд намуди маҳсулоти нави саноатӣ ба роҳ монда шуд.

 

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон давоми солҳои 1991-2021 як қатор корҳои бузургу назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла бунёди роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб, Неругоҳи барқи обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, нақбҳои Озодӣ ва Хатлон, роҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи Кӯлоб-Ш.Шоҳин-Дарвоз, Душанбе-Бохтар, пулҳои аз болои дарёи Панҷ, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайраҳо дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мебошанд.

 

Дар самти роҳсозӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои автомобилгард, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди Панҷи Поён-Бохтар, Восеъ-Ховалинг, Данғара-Кангурт, Кангурт–Балҷувон-Ховалинг ва ғайраҳо азнавсозӣ ва бунёд гардида, таҷдид ва сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Кӯлоб-Муъминобод, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб рӯзҳои наздик ба итмом мерасад.

 

Дар зарфи 30 соли Истиқлолият, дар соҳаи маорифи вилоят дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, дар ин муддат теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 999 адади соли 1991 ба 1358 адад, шумораи хонандагон аз 394,6 ҳазор ба 779,6 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 1991-ум 359 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 385 ҳазор нафар хонанда зиёд мебошад.

 

Бо истифода аз дастгирию ғамхорииҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тайи солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят 18 муассисаи интернатӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар онҳо беш аз 3 ҳазор нафар тарбиягирандагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта шудаанд.

 

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^