Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Иҷлосияи ХVI ва оғози раванди рушди давлатдорӣ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » Иҷлосияи ХVI ва оғози раванди рушди давлатдорӣ
Информация к новости
  • Просмотров: 1024
  • Автор: admin
  • Дата: 12-11-2022, 15:49
12-11-2022, 15:49

Иҷлосияи ХVI ва оғози раванди рушди давлатдорӣ

Бахш: Маълумот

Чунин хосияти рӯйдоди таърихиро дар раванди ташаккули давлатдории навини тоҷик дар аввали солҳои 90-уми қарни гузашта мушоҳида намудан мумкин аст. Зарфияти ин марҳила аз он иборат аст, ки ташаккул ва шинохти манфиатҳо дар шароити номуайянии сиёсию ғоявӣ ҷараён мегирифт. Набудани ғояи ягонаи муттаҳидкунандаи миллат, афзоиши ҷудоиандозӣ дар заминаи мансубияти маҳал ва эътиқоди динӣ, номуваффақӣ дар шинохти арзишҳои мардумсолорӣ ва мутлақгардонии фаҳмиши демократия ҳамчун озодии бемаҳдуд заминаҳои иҷтимоию сиёсии бархӯрдҳои ақидавиро дар ҷомеа муҳайё намуда буданд. Ҳамзамон бо ин, фаъолияти нокифояи дастгоҳи идоракунии давлатӣ, мавқеи ҷиддиро ишғол накардани роҳбарият ва элитаи сиёсии давр ба фоидаи неруҳои манфиатхоҳ буд. Дар натиҷа бо авҷ гирифтани зиддиятҳо танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мушкил гардида, аз доираи идораи дастгоҳи давлатӣ берун баромад. 

 

Вазъияти сиёсиро неруҳои аз диди сиёсӣ ҳанӯз нокомили сиёсӣ таҳти роҳбарӣ ва машварати “фармоишгарони” берунӣ идора ва назорат мекарданд. Яке аз масъалаҳои мураккабе, ки дар ин давра ҷой дошт, номувофиқатии сатҳи шуур ва фарҳанги сиёсии ҷомеа бо мақсад ва ҳадафҳои таҳмилшаванда буд. Дар доираи муносибатҳои сиёсии дар ҷомеа шаклгирифтаи ҳамон давра мафҳумҳои “созиш”, “таҳаммулпазирии сиёсӣ”, “гузашт”, “эҳтироми нуктаи назари ғайр”, “гӯш карда тавонистани рақиби сиёсӣ” аслан қабул набуданд. 

 

Ташкили эътирозҳои бамавқеъ ва бемавқеъ, изҳори норозигӣ бо лаҳни тунди сиёсӣ ва истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, фишороварӣ, дурӯғафканӣ, назарфиребии сиёсӣ, талаби истеъфои Ҳукумат ва парлумон, даъвати рӯйирост ба ғасби ҳокимият ва ғайраҳо шакли маъмулии рафтори сиёсии иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Нуктаи кулминатсионии ҳамаи ин амалҳо бо роҳи фишор гирифтани аризаи истеъфои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 1992 буд, ки амалан маънои ғасби ғайриқонунии ҳокимиятро дошт. Ба инобат гирифтан зарур аст, ки дар марҳилаи байни солҳои 1991-1992 ин аллакай, истеъфои Президенти дуюм дар Тоҷикистон буд. Истеъфои якчанд Ҳукумат ва ду Президент нишонаи ноқобилии ҳокимият дар масъалаи ҳалли мушкилоти бавуҷудомада маҳсуб меёфт. 

 

Таҳлили вазъи сиёсӣ нишон медиҳад, ки ҷанбаи деструктивии равандҳо то рафт шиддат гирифта, ҷомеаро дар вазъияти ногувори итоат ба беқонунӣ дар симои ҳокимияти орӣ аз қонунмандӣ (легитимӣ) (Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ) қарор дода буд. Ин боиси эътироф накардани ҳокимият дар бархе аз минтақаҳо, бахусус минтақаи ҷануби мамлакат гашта, сабаби сар задани даргириҳои шадид ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардид. Ҳолати мазкур хатари ҷиддиро сари давлатдории навин пеш овард. Дар чунин вазъияти мураккабу ҳалкунандаи таърихӣ баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим гардид, ки маҷрои равандҳои сиёсиро дар кишвар тағйир дод.

Бо гузашти 30 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи мазкур ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуомада, метавон хулоса намуд, ки он дар асл рӯйдоди таърихиест, ки дар баробари дигар ҷанбаҳои муҳими худ, баҳри ташаккули дарки арзишии таърих мусоидат намуд. 

 

Шинохти рӯйдоди зикргардида ҳамчун “Иҷлосияи таърихӣ” ва “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Иҷлосияи наҷатбахш” ва ғайраҳо худ гувоҳи он аст, ки аҳамият ва моҳияту арзишмандии онро кулли ҷомеа эътироф намудааст. Дар ин замина дар шуури ҷамъиятӣ шакли махсуси муносибат ба ин Иҷлосия ташаккул ёфтааст.

Дарки арзишии таърих баҳри боло бурдани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеа низ муҳим буда, баҳри таҳкими ҳувияту ягонагӣ мусоидат менамояд. Шинохти қимати талошҳои насли даврони ҷанг, кӯшишҳои онҳо баҳри ҳалли масъалаи бис-ёр мураккаби сиёсии замон ва қадр намудани ин ҳама маҳз дар заминаи эътирофи арзишмандии онҳо сурат мегирад. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки зери таъсири ҳамин омил дар ҷомеаи Тоҷикистон маҷмуи комили арзишҳои сиёсие ба вуҷуд омадааст, ки заминаи онҳо дар Иҷлосияи ХVI гузошта шуда буд. Даъват ба ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиши гуноҳи якдигар, созиш, гузашт, таҳаммулпазирӣ ва ободкорӣ, ки аз ҷониби сарвари тозаинтихоб пайваста садо медод, меъёрҳои ҳатмии ташаккули фарҳанги нави сулҳ дар ҷомеа гашт.

Аз паҳлуи дигар дилхоҳ рӯйдоди таърихиро бо хосияти махсуси маконию вазъиятӣ тавсиф менамоянд. Дар Иҷлосияи ХVI ҳолатҳои зерини фарқкунанда ҷой доштанд: 

 

- якум, макони анъанавии баргузории Иҷлосияҳо тағйир ёфта, он на дар пойтахт, балки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Сабаби ин ҳолат вазъи мураккаби сиёсӣ дар пойтахт буда, амнияти баргузории Иҷлосия ва вакилони мардумиро касе таъмин карда наметавонист. Аз ин рӯ, Иҷлосия на дар ҷойи муайяншудаи анъанавии худ, балки дар минтақа, берун аз пойтахт баргузор гардид; 

 

- дуюм, омили вазъиятӣ. Хусусияти вазъи сиёсӣ чунин буд, ки парлумон ягона шохаи ҳокимияти давлатии қонунмандии худро нигоҳдошта буд. Чуноне, ки Л.Е.Гринин кайд мекунад: “Дар илмҳои муосири ҷамъиятӣ мафҳуми махсусе ташаккул ёфтааст, ки ифодаи маъно ва моҳияти мафҳуми “омили вазъият” мебошад.

Он аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

а) хусусиятҳои муҳите, ки шахсият дар он фаъолият мекунад (сохтори ҷамъиятӣ, анъанаҳо ва вазифаҳо);

б) вазъияте, ки ҷомеа дар он қарор дорад (вазъи устувор ё ноустувор, рушд ё буҳрон);

в) хусусияти ҷомеаҳои атроф;

г) хусусияти марҳилаи таърихӣ;

д) оё ҳодисаҳо дар маркази низоми сиёсии ҷаҳон мегузаранд ва ё дар қисмати музофотӣ (дар ҳолати аввали таъсири шахсиятҳо ва ҷомеаҳои атроф зиёд шуда, дар ҳолати дуюм кам мешавад);

е) мусоид будани вазъ барои амал намудан;

ё) хусусияти худи шахсият ва талаботи вақт ва лаҳза ба чунин сифатҳо;

ж) мавҷудияти ходимони рақиб”

.

Вобаста ба таъсири омили вазъият ба баргузории Иҷлосияи мазкур ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки парлумон аз ҷониби халқ интихоб шуда буд ва дар доираи ваколати худ бояд фаъолият мекард. 

 

Ҳолатҳои зикргардида имкон медиҳанд, ки Иҷлосияи ХVI аз диди фалсафаи таърих ҳамчун рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ ва асоснок намоем, зеро омилҳои дар боло зикргардида ҳама дар маҷмуъ ҷой доштанд. Вазъи ноороми ҷомеа, буҳрони сиёсию иқтисодии идомадошта, вазъи ҷомеаҳои атроф, аз он ҷумла Афғонистони ноором, кишварҳои пасошуравии Осиёи Марказӣ, ки ҳар кадом дар пайи ҳалли масъалаҳои дохилии худ буданд, моҳияти масъала, ки аслан хусусияти меҳварӣ дошта, ба даст овардани ҳокимиятро пешбинӣ мекард, инъикоси хусусияти вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. 

 

Дар таҳқиқот ва таҳлилҳои сиёсӣ баргузории Иҷлосияи ХVI-ро ҳамчун нуктаи бифуркатсионӣ дар раванди ҳодисоти солҳои 90-ум медонанд, ки хусусияти ҳалкунанда дошта, баҳри ба маҷрои созанда ҷараён гирифтани равандҳои минбаъда мусоидат намуд. Ҳамин аст, ки яке аз хосиятҳои рӯйдодҳои таърихӣ ин таъмини рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа мебошад. 

 

Яке аз иқдомҳои муҳими сиёсии дар Иҷлосия татбиқшуда ин барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ буд, ки заминаи минбаъдаи воқеии рушди иҷтимоию сиёсиро дар ҷомеа таъмин намуд. Ба фаъолият шуруъ намудани Ҳукумати нав маънои шуруи раванди ҷадиди давлатсозиро дошт. Раванди нав бо амалӣ гаштани тағйироти калидӣ дар кишвар оғоз гардид. Роҳбарияти нави Ҳукумат ва давлати тозаистиқлол бо барномаи ҷадиди фаъолият, ки дорои хусусияти прагматикӣ буд, ба фаъолият шуруъ намуд. Ин Иҷлосия оғози марҳилаи ба сари қудрат омадани неруи тозаи сиёсӣ гардид, ки воқеиятро хеле хуб дарк мекарданд ва вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул мекарданд. 

 

Дар ин Иҷлосия муҳтарам Эмомали Раҳмон ба сари қудрат омад. Дар оғози марҳилаи нав Тоҷикистон ҳамчун давлат дорои иқтидори заифи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ буд. 

 

Ҷанбаи дигари муҳиме, ки аҳамияти таърихии Иҷлосияро бамаротиб афзун менамояд, ин ба сари қудрат омадани сарвар ва элитаи нави сиёсӣ буд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия чеҳраи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, дар минбаъда ин шахсияти таърихӣ тавонист наҷотбахши миллату давлат гардад. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки воқеан ҳам шахсиятҳо барои пешрафту ҳифзи давлату миллатҳо нақши бориз доранд. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги сиёсии ҷомеа ниҳоди Пешвоӣ ҳамчун арзиши нав қабул шуда, мавқеи устуворро соҳиб аст.

Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеиро баҳри ташаккули сохторҳои комилан нави сиёсӣ, ки баҳри таъмини идоракунии самаранок хеле муҳим буданд, муҳайё намуд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ин Иҷлосия ҳалли ниҳоии худро ёфт – муайян намудани шакли идоракунии давлатӣ дар заминаи эҳтироми принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ягонагӣ, дунявият ва иҷтимоӣ буд. Дар натиҷа ҳама баҳсҳо дар ин масъала бартараф шуданд. Бо риояи ҳамин принсипҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ минбаъд шакл гирифтанд. Ҳамзамон бо ин, дар шароити халои идеологии дар ҷомеа мавҷуда буда, принсипҳои мазкур ба сифати ғояҳои ҳидояткунанда ва таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа баромад намуда, ҷиҳати муайян намудани масири минбаъдаи рушди кишвар замина фароҳам овард. 

 

Дар баробари ин, амали мазкур ба бартарафсозии мухолифати ақидавии дар ҷомеа ҷойдошта низ замина гузошт. Дин бояд аз мавқеи эътиқодии худ баромад карда, ба корҳои давлат дахолат намекард. Ин нукта дар Конститутсияи кишвар, ки соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, инъикоси қонунии худро ёфт. 

 

Ҷанбаи дигари муҳиме, ки таҳқиқи он зарур аст, ин қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи ХVI мебошад. Дар он “дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки муҳимияти онҳоро таърих собит намуд. Қабули қарору қонунҳои зикргардида замина баҳри ташаккули вазъи мувофиқи ҳуқуқию сиёсӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ гардид. 

 

Ҷанбаи дигари муҳиме, ки аҳамияти таърихии Иҷлосияро дучанд мегардонад, пайдоиши заминаи мусоид баҳри ба ҳам омадани қувваҳои мухолиф, эълони иродаи Хукумат ва сарвари сиёсӣ дар масъалаи омодагӣ ба гуфтушунид ва ҳалли сулҳомези масъалаи мураккаби сиёсӣ буд. Изҳороти таърихии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман кори худамро аз сулҳ оғоз мекунам” барномаи амале баромад мекард, ки ҷомеа онро ба хушнудӣ пазируфта буд. 

 

Изҳори ақида ва ирода дар бораи сулҳ дар замоне ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз ташаккули ғояи муттаҳидкунанда ва таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа дарак медод. Он хосияти руҳбаландкунанда дошта, масири минбаъдаи рушди давлатдориро равшан мекард.

Дар робита ба ин қайд намудан зарур аст, ки сарвари тозаинтихоб тавонист бо пешниҳоди изҳороти зикргардида руҳияи шикаста ва аз ҷанг хасташудаи ҷомеаро баланд бардорад. Ин амал барои бо муваффақият татбиқ шудани мақсадҳои дигар заминаи мусоиди равониро муҳайё намуд, зеро неруи ҳар ҷомеа ва миллат дар руҳияи шикастнопазир доштани он мебошад. Маҳз руҳияи қавӣ дар минбаъда омили муҳими музаффариятҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон гашт, ки дар ин кор саҳми Пешвои миллат беандоза калон аст. 

 

Муҳимтарин пайомади ин амал таҳкими эътимод дар ҷомеа буд. Дар натиҷа зиёда аз 1 млн нафаре, ки гуреза шуда, аз қаламрави малакат берун рафта буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Ногуфта намонад, ки баргардондани гурезагон яке аз масъалаҳои калидӣ дар назди ҷомеа ва сарвари сиёсӣ буд. 

 

Ҳамин тариқ, дар асоси таҳлили гузарондашуда метавон хулоса намуд, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеан ҳам, рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, баҳри ташаккули шинохти арзишмандии таърих, рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, боло бурдани сатҳи ҳувияту худшиносӣ, руҳияи қавии ҷомеа, таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ташаккули ниҳодҳои идоракунии давлатӣ заминаи бевосита гузоштааст. 

 

Ҳамзамон бо ин, ин руйдоди таърихӣ боиси ба сари қудрат омадани шахсияти таърихӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гашт, ҳамчун наҷотбахши миллату давлат эътироф гаштааст. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то миллати тоҷик аз имтиҳони сахти таърих бо сарбаландӣ гузашта, маҷрои минбаъдаи давлатдории миллии худро муайян намояд. 

 

Хидирзода Махфират УМАР,

доктори илмҳои фалсафа,

профессор,узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^