Бояд дар хотир дошта бошем, ки барои наҳзат амнияту саломатии ҳеҷ як нафар муҳим нест. ТТЭ ҲНИ дар оянда низ аз ин амалҳои худ даст кашиданӣ нест. Эҳтимол дорад, боз одамони дигарро бо роҳи фиребу найранг ба доми худ гирифтор намуда, қурбонии мақсадҳои худ намояд.
Албатта, дар чунин ҳолат ҳам шахси фиребхурда зарари ҷиддӣ мебинад. Ҷиояташ ошкор мегардад ва барои хиёнат ба ватану миллат ба гушаи зиндон меравад, зеро сазои ҳар ҷинояту хиёнат ба миллат зиндони якумра аст.
Ҳар як фардро зарур аст, ки аз доми найранги ТТЭ ҲНИ боэҳтиёт бошад. Чун аъзоёни ин ташкилот бо истифода аз воситаҳои гуногун талош менамоянд, одамони содаро ба доми худ кашанд. Бо ваъдаи маблағҳои бисёр, бо ваъдаи биҳишт ва бо дигар ваъдаҳои пур аз фитна наҳзатиён одамони муайянро ба доми худ кашидан мехоҳанд.
Дар ҳоле, ки ҳар фард метавонад, бидуни гирифтор гардидан ба доми наҳзатиён маблағи заруриро тавассути меҳнати ҳалол ба даст орад.
Имрӯз бояд ҳар як шаҳрванд огоҳ бошад, ки душман дар камин аст. Мо бояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба дуруғҳои наҳзатиён бовар накунем. Сарнавишти садҳо қурбониёни дирӯзу имрӯзи доми наҳзат бояд барои ҳар як фард дарси ибрат бошад.
Сайф Девонсолор, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ